Падари ӯ: Хувайлид ибни Абдулғаро ибни Қусай ибни Калоб аст.
Модари ӯ: Фотима духтариЗоида ибни Асам аст.
Таваллуд: Соли 68 пеш аз ҳиҷрат.
Фарзандон: Қосим, Абдулло, Зайнаб, умми Кулсум, Фотима ва Руқая мебошанд.
Лақаб: Тоҳира
Вафот: Дар моҳи Рамазони соли даҳуми беъсат аст.
Пайғамбар(с) ӯро дар Ҳаҷун дафн кард ва худ ӯро дар қабр гузошт ва соли вафоти ӯ “омул аҳзон” (соли андӯҳҳо) номида шудааст ва Хадиҷа ба ҳангоми вафот 65 сол дошт.
Ҳазрати Хадиҷа(с) яке аз чаҳор зани комили дунё, аввалин ва беҳтарин ҳамсари Расули Худо(с) ва модари ҳазрати Фотима(с) аст.
Ҷараёни хостгорӣ ва издивоҷи Расули Худо(с) бо Хадиҷа хонданӣ ва муфассал аст. Хадиҷа ба Расули Худо(с) гуфт: «Ман барои шумо занеро дар назар гирифтаам.»
Расули Худо(c) фармуд: «Ӯ кист?»
Ҳазрати Хадиҷа(с) арз кард: «Ӯ канизи шумо Хадиҷа аст.»
Ҳазрати Хадиҷа(с), ки яке аз сарватмандони араб ба шумор меомад ва навиштаанд ҳаштод ҳазор шутур ва пулҳои фаровоне дар дасти афроди мухталиф барои тиҷорат дошт, вақте мехост бо РасулиХудо(с) издивоҷ кунад, гуфт: «Ба Худо қасам эй Муҳаммад, агар моли ту кам аст, моли ман зиёд аст. Касе, ки худашро дар ихтиёри ту мегузорад, чигуна молашро дар ихтиёрат нагузорад?! Ман бо тамоми амвол ва канизонам дар ихтиёри туам.»
Охирин сухани ҳазрати Хадиҷа(с), ба ҳангоме, ки бар бистари марг хуфта буд, аз дард ва ранҷҳое, ки дар роҳи Пайғамбар(с) дида буд камарҷтар набуд. Лаҳзае, ки шабаҳи марг бар чеҳраи ӯ соя афканда буд ба Пайғамбар(с) чунин мегӯяд:
«Эй РасулиХудо(с)... ... Ман дар ҳаққи ту кӯтоҳи кардам ва ончи шоистаи ту буд, анҷом надодам. Аз ман дар гузар ва агар акнун, дил дар талаби чизе дошта бошам, хушнудии туст.»
Калимот бар лабони покаш мечархид ва охирин нафасҳояшро бо хушуъ ва имон бар меовард... Худо Хадиҷаро раҳмат кунад.
Ибни Аббос гуфтааст: РасулиХудо(с) бар рӯи замин чаҳор хат кашид ва гуфт оё медонед ин чист?
Гуфтанд: Худо ва Расулаш донотаранд.
Пас РасулиХудо(с) гуфт: Беҳтарин занони аҳли биҳишт чаҳор тан ҳастанд: Хадиҷа духтари Хувайлид, Фотима духтари Муҳаммад(с), Марям духтари Имрон ва Осия духтари Музоҳим зани Фиръавн.
Фазилатҳои ҳазрати Хадиҷа(с) фаровон аст ва ӯ аз миёни занон касе аст, ки ба марҳилаи камол расидааст. Ӯ хирадманд ва бо ҷалол ва мутадайин ва покдоман ва бузургвор ва аз аҳли биҳишт буд. Пайғамбар(с) ӯро ситоиш мекард ва бар дигар занони худ ва бар дигар занони муъмин бартари медод ва ӯро бисёр бузург медошт.