Ҳазрати Хадиҷа(с) дар буъдҳои гуногуни инсонӣ, шахсияти воло ва арзишманде дошт. Ӯ аз чунон шахсияти мумтозе бархурдор буд, ки Пайғамбар(с) ӯро ба ҳамсари пазируфт ва бо таваҷҷуҳ ба вижагиҳои арзишманди ӯ буд, ки пас аз реҳлати ӯ ҳамвора ёдашро дар хотира дошт. Бархе аз вижагиҳои ҳазрати Хадиҷа(с) иборат аст аз:
Муқовимат ва пойдорӣ
Рафторҳои фурӯтанона ва мудаббиронаиҳазрати Хадиҷа(с) дар баробариПайғамбар(с) ва азамати маънавии ӯ, мавриди сарзаниши бархе аз занониҚурайш қарор мегирифт, ки бо мафоҳиме чун ростгӯӣ, амонатдорӣ ва хушрафтори бегона буданд ва фалсафаи издивоҷи зани сарватманд бо мардитиҳидастро дарк намекарданд. Азинру, онон ба Хадиҷа(с) таъна мезаданд ва ӯро меозорданд ва бо ӯ рафторҳои номуносиб доштанд.
Ҷавоби Хадиҷа(с) ба ин ҳама носипосӣ ва нодонӣ, танҳо муқовимат ва пойдори дар канори ҳузури оромбахши ҳамсараш буд. Ӯ дар ҷавобба сарзанишкунандагон мегуфт: «Оё касе монанди Муҳаммад(с) дар некӯӣ, некрафторӣ, хислатҳои писандида ва фазилат ва шарофат, дар тамоми сарзамини араб сӯроғ доред»?
Инфоқ ва эҳсон
Яке аз вижагиҳои ҳазрати Хадиҷа(с) ин буд, ки бар асари тадбир ва талош ва кӯшиш дар тиҷорат ва умури иқтисодӣ, аз сарватмандони асри худ буд. Бо ин ҳама, ӯ ҳаргиз аз ёрии фақирон рӯй барнамегардонд ва хонааш ҳамвора паноҳгоҳи ниёзмандон буд. Ӯ дар роҳи таҳаққуқи ормонҳои ислом, ҳама сарвати худро инфоқ кард ва ин амали ӯ барои пешбурди ислом, бисёр судманд ва муҳим буд; то онҷо, ки Пайғамбар(с) фармуд: «مانَفَعَنيمالٌقَطُّمِثلُنَفَعَنيمالُخَديجَةَ؛Ҳеҷ сарвате ҳаргиз маро суд набахшид, ки сарвати Хадиҷа ба ман суд бахшид».
Содазистӣ
Ҳазрати Хадиҷа(с) пеш аз издивоҷ бо Пайғамбар(с) хонаи бошукӯҳ ва муҷаллал дошт. Ӯ пас аз издивоҷ, тамоми ин ҷалол ва шукӯҳро ба пои ҳамсараш рехт ва он хона, ки пеш аз тулуи ислом паноҳгоҳи мустамандон буд, пас аз ислом пойгоҳи муъминон шуд. Пайғамбар(с) ва Хадиҷа(с) бо рафтори худ дар дӯри аз таҷаммулгароӣ ва бо амал ба содазистӣ, улгуи пайравон ва мусулмонон шуданд.