Утба ибни Рабиа яке аз бузургони Қурайш буд ва бо Расули Худо(с) хешовандӣ дошт. Рӯзе дар Каъба бо мушрикон аз таблиғ ва таъсири оёти Қуръон сухан мегуфтанд. Ӯ ба онҳо гуфт: Ман пеши Муҳаммад(с) меравам ва пешниҳодҳое ба Ӯ мекунам, шояд яке аз онҳоро бипазирад ва даст аз ин корҳои худ(даъвати бар Ислом) бикашад.
Мушрикон ӯро ба ин кор ташвиқ карда ва пеши Паёмбар(с) фиристоданд. Расули Худо(с) ҳамон вақт дар Каъба буд ва дар як тараф нишаста буд. Утба пеши он ҳазрат рафту нишаст ва шурӯъ ба сухан гуфтан кард. Утба гуфт: Эӣ Муҳаммад(с) агар мақсадат аз ин суханоне, ки мегӯӣ сарват ва ба даст овардани мол аст, мо ҳозирем ҳамаи сарвати худро ба ту бидиҳем то сарвати ту аз ҳамаи мо бештар шавад. Агар мақсадат ин аст, ки мақому шахсияте барои худат ба даст биёварӣ, мо ҳозирем туро бузург ва раиси худ қарор дода ва ҳеҷ кореро бе иҷозаи ту анҷом надиҳем.
Агар ҳеҷ як аз инҳо нест ва ё ҷинзада шудаӣ ба тавре ки наметавонӣ онро аз худат дур кунӣ, мо барои муолиҷа табибе меоварем то туро табобат кунад. Расули Худо(с) гӯш дод то ин ки суханони Утба тамом шуд. Пас фармуд: Эй Утба суханат тамом шуд? Гуфт: Бале. Ҳазрат фармуд: Акнун бишнав то ман чӣ мегӯям! Утба гуфт: Бигӯ! Расули Худо(с) шурӯъ ба хондани сураи Фуссилат кард. Утба ҳамин ки дар замин нишаста буд гӯш медод. Пайғамбари Ислом(с) он сураро хонд, то ин ки ба ояти саҷда расид, онгоҳ саҷда кард ва сипас бархоста фармуд: Ҷавоби маро шунидӣ, акнун худ донӣ! Утба аз ҷои худ бархост ва ба тарафи рафиқони худ ба роҳ афтод, рафиқони ӯ аз дур диданд ва гуфтанд: Рангу рухсораи Утба тағйир кардааст. Утба пеши онҳо омад ва гуфт: Ман сухане шунидам, ки ба Худо қасам то имрӯз нашунида будам ва ба Худо қасам, он суханон на шеър ҳаст ва на ҷодугарӣ.
Утба ба онҳо гуфт: Ақидаи ман ин аст, ки ин мардро ба ҳоли худаш бигзоред, зеро ин сухане, ки ман аз ӯ шунидам сухани бузург аст ва ба назари ман ӯ ояндаи муҳимме дар пеш дорад. Шумо ба ӯ чизи нагӯед то агар арабҳо ӯро аз байн бурданд, ки шумо ба мақсади худ расидед. Агар ӯ арабро фармонбардори худ қарор дод барои шумо ифтихор аст. Зеро ӯ фармонравои шумо аст ва сарбаландии ӯ сарбаландии шумо аст. Он вақт аст, ки шумо ба василаи ӯ ба мақому мақсади бузурге мерасед. Ҳамаи мушрикон гуфтанд: Ба Худо Муҳаммад(с) туро ҷоду кардааст. Утба дар ҷавоби онҳо гуфт: Шумо ин тавр фикр мекунед, акнун худатон медонед.