payambar 01

Нахустин иқдоми Паёмбар(с) дар Мадина сохтани масҷид буд дар маконе, ки шутураш зонӯ зада буд. Ин масҷид баъдҳо ба номи Масҷид-ун-Набӣ маъруф шуд ва маҳалли эъломи мавҷудияти Ислом ва ҳукумати исломӣ гардид. Ҳамчунин сохтани ҳуҷраҳое дар атрофи он, ки дар тули як сол анҷом шуд. Дар муддати ин як сол қабилаи Авс ва Хазраҷ мусулмон шуда буданд. Расули Худо(с) барои фақирон ва бехонумонҳо маконе сохт. Инҳо ҳам аз Ансор буданд ва ҳам аз муҳоҷирон, ки дар онҷо зиндагӣ мекарданд. Пайғамбари Ислом(с) аз тарафи Худованд маъмур шуд то байни Муҳоҷирону Ансор ва Авсу Хазраҷ, ки душмании дерина доштанд, дустӣ ва ваҳдат барқарор кунад. Пайғамбари Акрам(с) паймоне бо яҳудиёни Мадина баст ва ба онҳо чунин фармуд:

1. Мусулмонон ва яҳудиён монанди як уммат ҳастанд ва дар маросими динии худ озод ҳастанд.

2. Вақте ки ҷанг шуд ва душман ба Мадина ҳамла кард ин ду гурӯҳ (яҳуд ва ансор) бояд ба ҳам кӯмак бикунанд.

3. Қарордоди сулҳ бо душман, бо машварати ҳарду гурӯҳ бояд анҷом шавад.

4. Чун Мадина ҳарам аст, ҳарду гурӯҳ бояд ба он эҳтиром бигузоранд ва ҳар гуна хунрезӣ дар он ҳаром аст.

5. Ҳар кас аз яҳудиён аз мо пайравӣ бикунад, нисбат ба ӯ некӣ ва ёрӣ хоҳад шуд ва бар онон ситам нахоҳад шуд.

6. Ҳангоми ихтилоф охирин довар Расули Худо(с) хоҳад буд.

7. Имзокунандагони ин паймон бо якдигар ба некӯӣ рафтор хоҳанд намуд.

Мо дар ин паймоннома мебинем, ки он ҳазрат ҳатто яҳудиён, ки ӯро ба унвони паёмбар қабул надоштанд бародар ва аз як уммат мехонад. Бо ин ки Расули Худо(с) медонист, ки яҳудиён ин паймонномаро қабул надоранд, аммо ба хотири ин ки дини мубини Ислом дини ваҳдат ва бародарӣ аст бо онҳо аз дари дӯстӣ ворид шуд. Ин ахлоқ ва рафтори Пайғамбари Ислом(с) сабаб шуд, ҳар гоҳ ҳазрат фармон медод, мусулмонон омода буданд то ҷони худро ба хотири Худо фидо кунанд. Ин паймоннома сабаб шуд то Пайғамбари Ислом(с) ҳукумати динӣ ва сиёсӣ ба раёсати худ таъсис кунад.

Тағйири қибла

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст