Дар яке аз ҳуҷраҳои беморхона се нафар бемории фалаҷ мехобиданд, яке аз онҳо, ки якумин шуда ба беморхона омада буд, дар назди тиреза мехобид, дуввумин дар байн ва саввумин дар назди дар ҷой гирифта буданд. Беморе, ки дар байни ҳуҷра хобида, аз дигар беморон фарқ мекард, вай аз бемории худ рӯҳафтода набуд, бо суханони нарми худ дигаронро низ хушҳол мекард. Яке аз рӯзҳои сарди зимистон беморе, ки дар назди тиреза хобида буд аз олам гузашт. Ӯро аз ҳуҷра бурданд, ва беморе, ки дар байни ҳуҷра хобида, ба ҷойи ӯ гузашт, ва беморе, ки дар пеши дар буд ба байни ҳуҷра ва бо ҷойи ӯ бемори навро ҷойгир карданд. Беморе, ки дар пеши тиреза мехобид ва хеле хушҳол буд, он чизеро, ки дар берун медид ба шариконаш нақл мекард.

Вай дар бораи боғи зебо, чанорҳои калон-калони сари роҳ, паррандаҳо, одамоне, ки ба кор мерафтанд, бачагоне, ки шоду-хуррам дар боғ бозӣ мекарданд ва дар бораи водиҳои пур аз гул, ки дар кӯҳҳои рӯ ба рӯи тиреза ҷойгир ҳастанд нақл мекард, ва бо ин нақлҳои аҷиби худ ба дарди дили шарикони худ каме ҳам бошад малҳам мебахшид.

Дере нагузашта ин шахс ба одамоне, ки аз кӯча мегузаштанд ном ҳам гузошт. Ва ҳамин тавр шариконаш ҳикояҳои рафиқи худро дар бораи онҳое, ки саҳар ба кор мерафтанд, дар сари кӯча ягон чиз мефурӯхтанд ва бегоҳӣ аз кор монда ба сӯи хона бармегаштанд гӯш меандохтанду, дар пеши чашми худ қиёфаи онҳоро тасаввур мекарданд. Акнун он сукунати вазнине, ки дар ҳуҷра ҳукмрон буд, оҳиста, оҳиста нест мешуд. Ва ҷойи онро дақиқаҳои пур аз ҳикояҳои пурмазмун мегирифт. Яке аз ин рӯзҳо ба сари беморе, ки дар байни ҳуҷра мехобид фикре омад. Агар беморе, ки дар назди тиреза хобидааст ба ягон фалокат дучор шавад, ӯ ба ҷойи он бемор мехобад, ва он вақт метавонад бо чашмони худ ҳамаи он гуфтаҳои рафиқашро бинад. Ин фикр ба ӯ маъқул шуд. Дар ҷойи хобидааш ҳам фақат ҳаминро фикр мекард, ягон чораашро ёфтан мехост. Ва охир ба як қароре омад. Баъзан рафиқаш аз дарди дил азоб мекашид ва сари синаашро чангол мекард. Дар ин ҳолат ӯ дарҳол аз дорӯҳое, ки дар болои сараш буд гирифта, мехӯрд.

Як бегоҳӣ беморе, ки дар назди тиреза мехобид боз дилаш хуруҷ кард, аммо ин бор шарикаш, ки дар байни ҳуҷра мехобид, бо ранҷу машаққатаҳои зиёд зарфи дорӯҳоро аз болои сари ӯ ба замин афтонд. Ва зарф пора-пора шуд.

Рӯзи дигар ҳама диданд, ки беморе дар назди тиреза хобида, кайҳо ҷон ба Ҳақ супурдааст. Ӯро аз ҳуҷра бурданд ва ба ҷойи ӯ беморе, ки дар байни ҳуҷра буд ва орзӯи дар назди тиреза хобидан ва бо чашмони худ ҳамаро дидан мехост, гузаронданд.

Бемор ба нияти худ расида буд, акнун ӯ барои бо чашмони худ кӯчаро дидан аз оина ба берун нигоҳ кард, вале аз ҳайрат шох шуд. Чункӣ як чанд қадам пас аз оина ғайр аз девори сиёҳ дигар чизе набуд.

Tojikon.org

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст