Мегӯянд ҳангоми тоҷгузории ҳазрати Сулаймон (ъ) ҳар даста аз ҷонварон барои сипосгузорӣ ва чашм равшанӣ ҳадияе барои ӯ меоварданд. Мӯрчаҳо ҳам хостанд барои ӯ ҳадияе биёваранд, вале намедонистанд чи чизе таҳия кунанд. Саранҷом мӯре, ки аз ҳама боҳуштар буд, гуфт: “Сулаймон (ъ) солору сурури ҳамаи мавҷудоти рӯи замин аст ва мо аз ҳамаи ҷонварон заифтарем.

Ҳар қадар, ки худамонро ба заҳмат биандозем наметавонем ҳадия таҳия кунем, ки дар назари Сулаймон (ъ) ва дигарон ҷилвае дошта бошад. Мо мӯрчаем; пас ҳадияамон ҳам бояд бо худамон таносуб дошта бошад.” Сипас идома дод: “Хӯроки лазизи мӯрон малах аст. Агар Сулаймон донову оқил бошад, як рони малахро ҳам аз мо мепазирад ва моро сарафроз мекунад.”

Мӯрчагон гуфтанд: “Саҳеҳ аст.” Сипас як рони малахи дурушт интихоб карданд ва ба ҳузури Сулаймон бурданд ва гуфтанд: “Бузургӣ ба ту зебон, ки Сулаймонӣ, вале мо мӯрчаем ва ин ҳадияи кӯчак, нишони иродати мо ба туст.”

Барги сабзест тӯҳфаи дарвеш

Чӣ кунад бенаво? Надорад беш

Сулаймон (ъ) аз сухани мӯрон хушҳол шуд ва гуфт: “Ҳақ бо шумост; Худованд ҳам ба ҳар кас ба қадри тавоноияш таклиф мекунад вагарна ҳеҷ кас наметавонад Худоро ба қадри азамати Худо бишносад ва ибодат кунад.”

Tojikon.org

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст