Моргире море аз моргири дигар дуздиду ба хонаи худ бурд. Аз қазо он мор хашмгин шуду тан ба таслим надод. Афсуни моргири дузд дар ӯ асар накард ва моргирро газиду кушт. Соҳиби аслии мор аз ҳодиса огоҳ шуду гуфт: Худо нигоҳ дорад.

Ман дар ҷустуҷӯи ӯ будам , ки морамро пас бигирам ва дуъо мекардам.

Ғофил, ки чӣ бар сари ӯ хоҳад омад . Агар дуъои ман пазируфта мебуд, акнун ман ба ҷои ӯ мурда будам.

Дуздаке аз моргире мор бурд

Зиаблаҳӣ онро ғанимат мешумурд

Дар дуъо мехостӣ ҷонам аз ӯ

К-аш биёбам мор,бистонам аз ӯ.

Шукри Ҳақро к-он Дуъо мардуд шуд,

Ман зиён пиндоштам, худ суд шуд.

Пас дуъоҳо к- он зиён асту ҳалок,

В- аз карам мешнавад Яздони пок.

“Маснавии Маънавӣ”

Tojikon.org


@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст