Нигоҳе ба таърихчаи вуруди ислом ба Чин ва сайри тарҷумаҳои чинии Қуръони Карим
То кунун 12 тарҷума аз матни комили Қуръон ба забони чини ва ду матни комил ба забони уйғури ва қазоқи дар Чин ба чоп расида аст.
Бо вуруди ислом ба Чин дар даврони хонадони Тонг яъне дар солҳои 618 то 907 бахшҳое аз Қуръони Маҷид ҳам ба ин сарзамин роҳ ёфт, вале замони дақиқи он мушаххас ва маълум нест.
Соли 651 мелоди оғози густариши дини ислом дар Чин
Бархе мегуянд, ки дар замони хилофати Усмон дар соли 651 мелоди, фиристодаеро барои мулоқот бо императори Чин ба шаҳри Чонг Он пойтахти он кишвар эъзом кард ва он фиристода шарҳу ҳоли императори исломи ва таълимоту эътиқодоти исломиро ба император ироа кард. Бисёре аз аъзои ин ҳайат пас аз анҷоми маъмурият, дар Чин боқи монданд. Аз инру мусулмонони Чин соли 651 мелодиро оғози густариши дини Ислом дар Чин талаққи мекунанд. Манобеи араби мегуянд, ки рафту омадҳои тиҷори байни Чин ва кишварҳои араби ва форс дар қарни шашум, аз тариқи ҷазиари Шриланка шуруъ шуд. Дар қарни ҳафтум, кишварҳои араби ва форс муҳимтарини бозор тоҷирони чини будаанд. Дар замони Абдулмалик 705 715 мелоди Утба бо неруҳои худ ба ноҳияи марзи Чин расида ва Кошғарро ишғол кард.
Нақши мубодилоти тиҷори дар табодули фарҳангӣ
Утба, ҳайате ба раҳбарии Ҳубайра ибни Мусмариҷро ба дарбори императории Чин эъзом ва аз императори ин кишвар тақозо кард, ки обу хоки Чинро ба хилофати исломи таслим кунад. Импиротури Чин як стакони об ва як мушт аз хоки Чинро ба ӯ ҳадя дод то нишон диҳад ки Утба ба сарзамини Чин расида аст. Аз ин ҷиҳат таърихдонони араб муътақиданд, ки оғози вуруди дини Ислом ба Чин ҳамин таърих аст. Шояд битавон гуфт, ки дини Ислом ҳудуди авоили силсилаи Тонг ба Чин ворид шуда аст.
Дар даврони силсилаи Тонг ва Сонг, теъдоди зиёде аз туҷҷори араб ба Чин омаданд, ки нақши муҳимме дар густариши мубодилоти тиҷори ва фарҳанги ифо карданд. Бисёре аз онҳо дар пойтахт ва шаҳрҳои савоҳили дарё иқомат гузида ва зиндаги мекарданд. Онҳо ки ба маконе барои иқомаи намоз ниёз доштанд, дар ҷоҳои махсус иқомат карда ва дар онҷо масҷид сохтанд. Дар замони Чингиз, баъзе аз арабҳо ва форсҳо ночор ба Муғулистон Чин ҳиҷрат карданд ва аз онҳо ба унвони асири ҷанги дар ҷангҳои фатҳ ва якпорчаги сарзамини Чин истифода карданд. Теъдоди онон ҳудуди садҳо ҳазор нафар сарбоз, санъатгар тахминзада мешавад.
Вуруди Ислом аз Осиёи Миёна ба Син киёнг
Баъдҳо онон бо занон ва духтарони буми издивоҷ карда ва баччадор шуданд ва аз ин издивоҷҳо ба тадриҷ нажод хуи (яке аз нажодҳои мусулмон) ба вуҷуд омад. Дар даврони силсилаи Вуди ва Сунги шимоли, дини Ислом аз Осиёи Миёна ба Син киёнг ворид шуд. Бо густариши Ислом дар Син киёнг на танҳо теъдоди пайравони он зиёдтар ва манотиқи маҳалли сукунати онҳо бузургтар мешуд, балки дини Ислом ба идеологи ағлаби ақвоми сокини ин минтақа табдил шуд. Дар замони силсилаи Ювон то авоили даврони силсилаи Минг бисёре аз ақвом ба дини Ислом гароиш пайдо карда ва мусулмон шудаанд. Онҳо бо нажоди Хан издивоҷ карда ва зиндаги муштараке доштанд ва аз инру дини Ислом дар Чин пайваста ва ба таври васеъ ривоҷ ёфта ва рушд мекард.
Дар Чин даҳ қавм ва нажод ба Ислом эътиқод доранд
Дар Чин даҳ қавм ва нажод ба дини Ислом эътиқод доранд, ки иборатанд аз: милиятҳои хуби, Дунг Шиёнг, Солор, Боуон, Уйғур, Қазоқ, Узбак, Қирқиз, Тотор ва Тоҷик. Ҷамъияти мусулмонони Чин он тавр ки ба шакли расми эълом мешавад, ҳудуди 18 милион нафар аст ва се қавм хуби, уйғур ва қазоқ 99 дар сад аз кулл ҷамъияти мусулмонони Чинро ташкил медиҳанд. Дини Ислом дар Чин бо равиши вижае ривоҷ ёфт ва бештар бар афзоиши ҷамъияти худ аз тариқи зоду валад такя дошт ва ба таблиғи расми ва густариши он аз тариқи тавсеаи таълимоти мазҳаби таваҷҷуҳи зиёде намекард.
Даҳаи 30 қарни 20; нахустин тарҷумаи матни комили Қуръон ба забони чини
Ба ҳамин ҷиҳат, нахустин тарҷумаи матни комили Қуръон ба забони чини дар даҳаи 30 аз қарни 20 ба поён расид. Қабл аз чоп ва тарҷумаи Қуръон дар Чин, маъмулан Қуръон аз тариқи қироат кардан ва гуш додан пахш ва мунташир мешуд. Барои тарҷумаи Қуръон ба забони чини монанди соири забонҳо ду назария вуҷуд дошт; як идда муътақид буданд, ки ин китоби муқаддас аст набояд тарҷума шавад, чун забони араби шиори дини ислом аст ва мусулмонон ҳангоми намоз бояд бо забони араби намоз ба ҷой оваранд ва мусулмонони ғайри араб бояд забони арабиро ёд бигиранд.
Аввалин тарҷумаи Қуръон дар соли 1826
Иддаи дигар мегуфтанд бояд Қуръон тарҷума шавад; зеро бисёре аз мусулмонони ғайри араб Қуръонро ба забони худ тарҷума карданд, вале аз онҷо ки онҳо ба забони Қуръон хеле ошно нестанд, тарҷумаи онҳо бо иштибоҳоти зиёде ҳамроҳ аст. Лизо бояд арабҳо маънои дақиқи Қуръонро тавзеҳ диҳанд то мусулмонони ғайри араб битавонанд матни тарҷума шудаи саҳеҳе дар даст дошат бошанд. Вале баъдҳо ва ба муруи замон тарҷуми Қуръон ба забони чини оғоз шуд. Тарҷумаи Қуръон дар Чин ибтидо аз тарҷумаи бахшҳое аз он оғош шуд ва сипас матни комили он тарҷума шуд. Аввалин чопи Қуръон ба забони араби дар Чин, бо масулият ва назорати Молиёни Явон дар соли 1862 анҷом шуд. Ин Қуръон ҳамакнун дар вилояти Юн нан Чин нигаҳдори мешавад. Дар даврони авохири силсилаи Минг ва авоили силсилаи Чинг, кори тарҷумаи Қуръон ба забони чини оғоз шуд. Вале дар он замон ҳеҷ касе матни комили онро тарҷума накард.
Дар миёнаи қарни 19 китобе таҳти унвони тавзеҳоте барои кудакон тарҷумаи Моҷи бин ва китоби дигаре ба номи Тафсири мустақими Қуръон тавассути Мофучу мунташир шуд. Сипас бо вуруди матни тарҷумашудаи Қуръон ба забонҳои европои ва пешрафти ҷунбиши ҷадиди фарҳанги дар Чин, тарҷумаи матни комили Қуръон дар ин кишвар оғоз шуд.
То кунун 12 тарҷума аз матни комили Қуръон ба забони чини ва ду матни комил ба забони уйғури ва қазоқи дар Чин ба чоп расида аст.
Идома дорад...