Ингуна набуда аст, ки ҳамаи занони Паёмбар(с) аз он рӯй ки ишон Паёмбар(с) ҳастанд, комилан таслими ӯ бошанд ва дар хонаи Паёмбар(с) ҳеҷ мушкиле вуҷуд надошта аст; балки Паёмбар(с) бо муҳаббат ва ахлоқи каримона ва рафтори одилона, бар носозгориҳои онҳо ва мушкилот пирӯз мешуданд.
Паёмбар(с) тибқи дастури Худованд, занонашро байни мондан ва таҳаммули зиндагии содаи Паёмбар(с) ва байни талоқ гирифтан, мухайяр (ихтиёр гузошт) ки албатта онҳо ҳамаги мондан назди вайро бо ҳар шароите, ки ӯ муносиб бидонад, қабул карданд ва низ Худованд ба Паёмбар(с) иҷоза дод, ки навбати ҳар кадом аз онҳоро хост муқаддам ё муаххар созад; аммо бо ҳамаи ин ихтиёрот, Паёмбар(с) байни занонаш, адолатро риоят мекард; маҳрияи ҳар як аз онҳоро чорсад дирҳам қарор дод ва мулоҳизоти қабилаи, ҷавони ва пири ва ... ро намекард; барои ҳар кадом, ба сурати мусови ҳазина мекард; ҳар шабро пеши яке аз онҳо ба сурати навбати ва мусови мемонд ва дар сафарҳо ва ҷангҳо бо қуръа, яке ё дуто аз занонро ҳамроҳи худ мебурд.
Паёмбар(с) нисбат ба занонаш, хештандор буд ва руҳияҳо ва алоқаҳо ва вижагиҳои онҳоро дар назар мегирифт ва бо бузургворӣ, муҳаббат ва меҳрубони аз хатоҳои онҳо мегузашт.