Қариби 600 сол аз зуҳури Масеҳ мегузашт ва таълимоти ӯ омехта бо хурофаҳо ва бидъатҳо ва ҳақфаромушиҳо шуда буд.

- Ҷаҳон дар оташи нодонӣ ва зуру зар месухт.

- Духтаракони маъсуму бегуноҳ пас аз таваллуд ба ҷойи оғуши гарми модарон ба гур супорида шуда ва зинда ба гур мешуданд.

- Зан ҳамчун як коло хариду фуруш мешуд, ба ирс мерасид ва ҳаққи ҳеҷгуна интихоб барои як зан раво набуд.

- Ҷангу куштор кори бештари мардуми Ҳиҷоз буд ва кинаву безорӣ қабилаҳоро ба коми марг мекашонд.

- Ҳеҷ эронии аз оилаи бузург ва қудратманду молдор ҳаққи хондану навиштан надошт. (бо таваҷҷӯҳ ба Эрони қадим ва паҳно ва ҳудду марзи замонаи қадими ин кишвар, ёди ин масъала асафнок аст.)

- Подшоҳон худро сояи Худо медонистанд аммо бештар аз дӯзахи шайтон ин бандагони Худо буданд, ки дар оташи зулму ситам онҳо месухтанд.

- Каъба, ки маркази тавҳиду ягонагӣ аст, бутхонае шуда буд, ки 360 шайтон дар он истода буданд ва аз маркази тавҳид мардумро ба бутпарастӣ даъват мекарданд.

- Ҳама дар фикри гирифтор сохтани ва по пеши пойи якдигар андохтан буданд.

- Гӯё дар рӯи замин ҳеҷкас ба фикри осмон набуд!

Ҳазрати Муҳаммад (с) марди амонатдор, пок, ростгӯ, дурусткор, меҳрубон, ҷавонмард ва ба тамом маъно инсон буд. Бар хилофи дигар инсонҳо, ки ба замин духта шуда буданд ва фақат дар фикри мақому қудрату ҷойгоҳи беҳтару болотар буданд.

Оҳиста ва бо диққат ба сӯи Ҷабалуннур қадам мезад, гӯё як нерӯ ва қудрате болотар аз қудрати инсонӣ ӯро аз дили Макка ба сӯи Ҷабалуннур равона месохт ва бар пешонии ин шаҳр менишонд.

Ӯ дар сояи ин кашиши ширин ва ҷонона фосилаи хона то Ҷабалуннур ва аз доманаи ин куҳ то Ғори Ҳиро, ки бар болои он қарор доштро бо қадамҳои муҳкам мепаймуд ва бар пешонии Макка ва дар болотарин ҷойи замин ва қарибтарин фосила бо Худо оромиши қалби меёфт. Ҳеҷкас натавонист бифаҳмад, ки ӯ дар ин ҳиҷратҳои рӯзона ва аз ин қарор гирифтан ба баландии Ҷабалуннур чи баҳраи бузурге насибаш мешуд!

وَ هُوَ بِالْأُفُقِ الْأَعْلى، ثُمَّ دَنا فَتَدَلَّى، فَكانَ قابَ قَوْسَيْنِ أَوْ أَدْنى‏، فَأَوْحى‏ إِلى‏ عَبْدِهِ ما أَوْحى‏، مَا کَذَبَ الفُؤادُ مَا رَأی، أَفَتُمَارُونَهُ عَلَی مَا یَری، وَ لَقَد رَءَاهُ نَزلَةً أُخرَی، عِنْدَ سِدْرَةِ الْمُنْتَهى‏، عِنْدَها جَنَّةُ الْمَأْوی، إذ یَغشَی السِّدرَةَ مَا یَغشَی، مَا زَاغَ البَصَرُ وَ مَا طَغَی، لَقَدْ رَأى‏ مِنْ آياتِ رَبِّهِ الْكُبْرى

"Дар ҳоле, ки дар уфуқи аъло қарор дошт. Сипас наздиктар ва наздиктар шуд, То он ки фосилаи ӯ (бо Паёмбар) ба андозаи фосилаи ду камон ё камтар буд. Дар ин ҷо Худованд он чиро ваҳй карданӣ буд, ба бандааш ваҳй намуд. Қалби (поки ӯ) дар он чӣ дид, ҳаргиз дурўғ нагуфт. Оё бо ӯ дар бораи он чӣ (бо чашми худ) дидааст, муҷодила мекунед?! Ва бори дигар низ ӯро мушоҳида кард, Назди «Сидрат-ул-мунтаҳо», Дар он ҳангом, ки чизе (нури хиракунандае) Сидрат-ул-мунтаҳоро пушонида буд, Чашми ӯ ҳаргиз мунҳариф нашуд ва туғён нанамуд, (он чи дид ҳақиқат буд), ки «Ҷаннат-ул-маъво» дар онҷост. Дар он ҳангом, ки чизе (нури хиракунандае) Сидрат-ул-мунтаҳоро пушонида буд".[1]

Ин ҳолат вақте ҳамроҳ бо андеша дар Ғори Ҳиро бар Муҳаммад (с) мерасид, ӯро аз қолаби як инсон хориҷ сохта ва бар офариниш ғолиб месохт.

Дар рӯзи 27-уми Раҷаб баъд аз инки он ҳазрат дар ғор ба оромиши комил расид боз чашм ба осмон духт, аммо инбор Ҷабраили аминро дид, ки ба ӯ фармуд: اقْرَأْ بِاسْمِ رَبِّكَ الَّذي خَلَقَ бихон ба номи парвардигорат, ки офарид. Муҳаммад (с) фармуд: ман наметавонам бихонам! Фариштаи ваҳй ба ӯ фармуд: бихон!

ӯ эҳсос кард, ки ба осонӣ метавонад ончиро Ҷабраил ба ӯ ваҳй мекунуд бихохнад ва сипас хонд:

اقْرَأْ بِاسْمِ رَبِّكَ الَّذي خَلَقَ، خَلَقَ الْإِنْسانَ مِنْ عَلَقٍ، اقْرَأْ وَ رَبُّكَ الْأَكْرَمُ،

الَّذي عَلَّمَ بِالْقَلَمِ، عَلَّمَ الْإِنْسانَ ما لَمْ يَعْلَمْ

"Бихон ба номи Парвардигорат, ки (ҷаҳонро) офарид, (Ҳамон касе, ки) инсонро аз хуни бастае халқ кард. Бихон, ки Парвардигорат (аз ҳама) бузургвортар аст, Ҳамон касе, ки ба василаи қалм таълим намуд".[2]

Аз ин пас амини Макка, Расули Худо буд ва рисолати илоҳӣ ва вазифаи раҳоии инсон аз банди хокро дар вуҷуди худ эҳсос мекард ва осмонитарин ҳадияи Худованд ба бандагон қадам ба анҷоми амри илоҳӣ гузошт.

هُوَ الَّذي بَعَثَ فِي الْأُمِّيِّينَ رَسُولاً مِنْهُمْ يَتْلُوا عَلَيْهِمْ آياتِهِ وَ يُزَكِّيهِمْ وَ يُعَلِّمُهُمُ الْكِتابَ وَ الْحِكْمَةَ وَ إِنْ كانُوا مِنْ قَبْلُ لَفي‏ ضَلالٍ مُبينٍ

Онрӯз Хадиҷа бесаброна дар хона ба интизори Расули Худо (с). Пешопеш аз хидматкораш Майсара шанида буд, ки роҳиби насронӣ дар Шом дар бораи Расули Худо (с) гуфта буд: هذا نبي الامه

Расули Худо (с) ба хона расид ва дили Хадиҷа бо дидани ӯ зинда шуд. Ғунчаи лабҳои амини Макка шукуфта шуд, Хадиҷа! Фариштаи ваҳй бар ман нозил шуд. Хадиҷаро шодию хурсандӣ фарогирифт ва ба "Варақа Ибни Нуфел", ки аз донишмандони масеҳӣ бад ҷараёнро хабар дод. Варақа гуфт: "Ба Худо савганд ӯ ҳамон номуси акбар (Ҷабраил) аст, ки бар Мӯсо низ нозил мешуд. Бешак Муҳаммад (с) паёмбари ин уммат хоҳад буд...".[3]

Хадиҷа бар интихоби худаш офарин гуфт.ашки шавқ дар чашмонаш ҳалқа зад ва бо ҳазорон чашм ба семои малакутии Расулуллоҳ (с) нигоҳ кард. Эҳсос кард, ки Расули Худо (с) чиқадар малакутӣ шудааст, чи дилнишин механдид. Партаве аз нури рисолат семои нуронии Расули Худо (с)ро фарогирифта буд ва нигоҳи Хадиҷа батаври комил дар банди ҷамоли Расули Худо (с) шуда буд.

Ситорае бидурахшиду моҳи маҷлис шуд

Дили рамидаи моро анису мунис шуд

Нигори ман, ки ба мактаб нарафту хат нанавишт

Ба ғамза масъалаомӯзи сад мударрис шуд

Онгоҳ буд, ки бӯи хуши маънавият ва роиҳаи малакут ва базми руҳу райҳон дар ҷаҳон пароканда шуд ва инсон доми шайтонро пора кард ва инчунин шуд, ки дар ҳавои инсоният озодона парвоз кард.

Таҳияи М.Мирзо



[1] - Сураи Наҷм, ояти 7 -15.

[2] - Сураи Алақ, ояти 1-4.

[3] - Сираи Ибни Ҳишом, ҷ 1, саҳ 238.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст