Зиндагии Анбиё ва Авлияи Худованд барои инсонҳо ибратҳои зиёде дорад, чунон ки Худои мутаъол дар Қуръони Карим аз онҳо нақлҳо дорад ва қисаси онҳоро роҳгушо ва роҳнамо барои наслҳои баъдашон мешуморад.

Ҳазрати Нуҳ (а) яке аз он Анбиёе аст, ки садҳо сол зиндагӣ ва даъвату ҷиҳод дар роҳи Худоро дошта аст ва усвае шуда аст барои талошгарони роҳи ҳақиқат то бо илҳом аз ингуна мардони худоӣ аз гузашти замон хаста ва монда нашаванд ва дар роҳи Ҳақ ва ҳақиқат талошу муҷоҳидатро идома диҳанд.

Нависанда бардоште дорад аз саргузашти ҳазрати Нуҳ (а), ки тақдим мегардад.
Муҳаммади Раҳимӣ


 Бисмилоҳир раҳмонир раҳим

Ҳазрати Нуҳ(а)
Нуҳ фарзанди Ломик фарзанди Матушалх фарзанди Ахнуъ(Идрис) аст. Ва насаби у ба Шис фарзанди Одам(а) мерасад. Торихнависон бар ин боваранд ки Ҳазрати Нуҳ(а) аваллин расулест ки Худои субҳон  уро ба суи аҳли замин фиристод, ва ба у фармон дод то қавмашро огоҳ кунад ва ононро аз азоби Худо барҳазар намояд. Чунонки дар қуръони мачид омадааст: мо Нуҳро ба суи қавмаш фиристодем(ва гуфтем) огоҳ кун қавми худро қабл аз он ки ишонро азоби дарднок биёяд" .
Ва дар ояти дигаре омадааст:"ва мо то расуле нафиристем ҳаргиз касеро азоб накунем" . Дар бархе аз ривоятҳо омадааст ки Нуҳ(а)нахустин ҳушдордиҳанда ва расул буд вале аз ояти:"  ва чун қавми Нуҳ расулонро такзиб карданд онҳоро ғарқ кадрем",чунин бармеояд, ки қабл аз Нуҳ(а)  низ фиристодагоне вучуд доштаанд. Эмом Муҳаммади Боқир(а) дар ҳадисе ки соҳиби китоби икмолуддин ва итмомун неъма ривоят кардааст мефармояд:"мобайни Одам ва Нуҳ(а) даҳ сол буд ки ҳамаи онон паёмбар буданд" .
Номи Нуҳ(а) дар чиҳилу се маврид дар қуръони карим зикр шудааст ва достони комили у дар  бисёре аз сураҳои қуръон омадааст ки аз чумлаи ин сураҳо,аъроф,ҳуд,муъминун,шуаро, ва      қамар ҳастанд. Ва ҳамчунин сураи хоссе ба номи у вучуд дорад. Ва тамоми ин сура ишора дорад ба беъсат,рисолат ва равиши даъвати у ва гуфтугуҳое ки бо қавмаш доштааст.

Парастиши бутҳо
Парастиши бутҳо дар байни қавми Нуҳ(а) роич буд. Ва онон дар  гумроҳи ва куфр ба сар мебурданд. Пас Худованд Нуҳ(а)ро ба суи қавмаш фиристод, то ононро ба суи Худо даъват кунад. У чунин кард ва дар миёни онон "нуҳсаду панчоҳ сол даранг кард"  валекан ин муддати тулони натичабахш набуд. Танҳо иддае каме аз онон ба рисолати у эмон оварданд, ва аксарияти   қавм бар парастиши бутҳо боқи монданд; бутҳое ки машҳуртарини онҳо, вадд, сувоъ,яғус,яъуқ ва ясро, будаанд. Нуҳ(а) тамоми талоши худро ба кор баст то қавми худро ба роҳи рост бозгардонад. Аммо пандҳои вай  танҳо бар куфру саркашии онон афзуд. Саркашии онон то ба ин ҳадд расид ки падар ба фарзанди худ тавсия мекард то ҳангоме ки зиндааст аз Нуҳ(а)(а)  пайрави накунад.

Далоили ругардонии қавми Нуҳ(а)
Нуҳ(а) қавмашро барҳазар кард  ки агар ба Худои якто имон наёваранд азобе бар онон фуруд хоҳад омад. Нуҳ(а)ба сабаби бим аз инки агар қавмаш ба Худо мушрик шаванд дар  ҳалокат меуфтанд, роҳҳои саодат ва некбахтиро барои онон баён кард. Аммо қавм ба чои инки ба пандҳои у гуш диҳанд ва аз у итоат кунанд то Худованд ононро шомили омурзиш ва имдоди худ гардонад, дучори ғуруру гумроҳи гаштанд. Онон нубуввати уро инкор намуданд ва вайро озор доданд, ва ба у туҳмати дуруғ бастанд, зеро уро инсоне аз қавми худ медиданд ки монанди онҳо мехурд ва меошомид. Қавми Нуҳ(а) сипас уро гумроҳ шумурданд ва низ гуфтанд ки танҳо фурумоягони қавм-яъне фуқаро ва масокин ва мустазъафон- ба у мулҳақ шуданд. Қуръони карим дар ин бора ишорае мекунад ва мефармояд:"пас он ида аз қавмаш ки  кофир шуданд гуфтанд мо туро чуз инсоне монанди худ намебинем ва касонеро ки аз ту пайрави карданд чуз гуруҳе аз арозили содалавҳ намебинем; ва барои шумо фазилате нест ба худ намебинем балки шуморо дуруғгу тасаввур мекунем" .
Қуръони мачид ҳамчунин дар ояти дигаре мефармояд:"ашрофи қавмаш ба у  гуфтанд:мо туро дар гумроҳии ошкоре мебинем; гуфт эй қавми ман! Ҳечгуна гумроҳие дар ман нест; вале ман фиристодае аз чониби парвардигорамро ба шумо иблоғ мекунам ва хайрхоҳи шумо ҳастам; ва аз Худованд чизҳое медонам ки шумо намедонед. Оё тааччуб кардаед ки дастури огоҳкунандаи парвардигоратон ба василаи марде аз шумо ба шумо бирасад, то(аз авоқиби аъмоли хилоф) биматон диҳад(ва дар партави ин дастур) ва парҳезкори пеша кунед, шояд машмули раҳмати илоҳи гардед?!" . бо вучуди инки ашроф ва кофирон муқобили даъвати у истоданд, аммо Нуҳ(а)(а) дар муқобил ба даъвати ва фарохони худ идома дод. Ишон дар ҳоле ки бо васоили мухталиф ва аз тариқи гуфтугу саъй мекард ононро қонеъ кунад, интизори подоши амалашро ба сурати мол ё мақом надошт ва танҳо хостаи у подош ва чазои илоҳи буд. Ашроф ва куфор байни худ  ва байни фуқаро ва туҳидастоне ки аз Нуҳ табаийят мекарданд  тафовутҳои моли ва ичтимои медиданд ва аз қабули даъваташ имтиноъ менамуданд.
Онон шартҳое барои Нуҳ(а) таъйин кардан;ки мебояст шартҳоро ба ичро дар биёварад, то онон имон биёваранд аз чумла инки фуқаро  ва мустамандонро аз худ дур кунад ва онҳоро аз даъват хорич созад. Вале Нуҳ(а) хости ононро напазируфт; зеро фуқаро ба у ва даъваташ имон оварда  бар ин бовар буданд ки бозгашти ҳуқуқи аздастрафтаашон ки ба василаи табақаи  ситамгар чаповул шуда буд, ба дасти Нуҳ(а) ва бо даъвати у муҳаққақ мешавад. Нуҳ(а) хостаи ашрофро напазируфт; зеро ба ончи ки анчом медод огоҳ буд ва басиратманд. Ва ашрофу куффор ба ҳеч вачҳ наметавонистанд уро дар сурате ки ба онон руй оварад аз чазо ва иқоби ухрави начот диҳанд. Равише ки Нуҳ(а)баргузид тавонист тамоюз ва тафовути табақоти(ичтимои)ро аз байн бибарад, ва танҳо улгуи мавриди қабул дар тафовут гузоштан ва бартаричуиро тақвои илоҳи ва наздикии ба Худованд қарор дод: қуръони мачид каломи худи Нуҳ(а)ро чунин зикр мекунад:"эй қавми ман! Ба ман хабар диҳед агар ман далели рушане аз парвардигорам дошта бошам, ва аз назди худаш раҳмате ба ман дода ва бар шумо махфи монда бошад, оё мо метавонем шуморо ба пазириши ин далели рушаш мачбур созем, бо инки шумо кароҳат доред?! Эй қавми ман ба хотири ин даъват ачру подоше аз шумо наметалабам; ачри ман танҳо бар Худост. Ва ман онҳоро  ки имон овардаанд, ба хотири шумо аз худ тард намекунам. Чароки онҳо парвардигорашонро мулоқот хоҳанд кард(агар онҳоро аз худ биронам дар додгоҳи қиёмат хасми ман хоҳанд буд);вале шуморо қавми чоҳил мебинам. Эй қавми ман чи касе маро дар баробари(мучозоти) Худо ёри медиҳад агар ононро тард кунам? Оё андеша намекунед?!"  
Нуҳ(а) дар оёти  зер худро ба қавмаш ҳушдордиҳанда ва бимдиҳанда муаррифи мекунад:"эй қавми ман, ман барои шумо бимдиҳандаи ошкоре ҳастам"   вай ононро ба парастиши Худованд даъват менамояд:"ки Худоро парастиш кунед ва аз мухолифати у бипарҳезед ва маро итоат намоед" .батавре ки мутиъ ва фармонбурдори ҳамаи фаромини илоҳи бошанд. Нуҳ(а) ононро ба тақвои илоҳи ва по  ниҳодан дар масири ростин ва муқайяд шудан ба тоати Худованди мутаол даъват намуд;чароки у фиристода ва раҳбарест ки наҳй ва фармони у ононро ба роҳи ҳидоят ва истиқомат даъват менамояд. Ҳамчунон ки Худованд гуноҳони ононро ки бо гуноҳи куфр шуруъ шуда ва бо ошубгари ва чиноят дар рафтори амалии мунҳариф идома ёфтааст мебахшад, ва ононро муҳлат медиҳад ва азобро танҳо дар вақти маълум нозил менамояд. Ин масъала дар       қуръони карим чунин омадааст:"ва агар чунин кунед Худованд гуноҳонатонро меомурзад ва то замони муайяне шуморо умр медиҳад; зеро агар медонистед, ҳангоме ки ачали илоҳи фаро расад, таъхирие нахоҳад дошт"

Нуҳ ва пайгирии даъват
А)-равиши идроки:
Нуҳ даъвати қавмашро бо вучуди сахтиҳое ки фароруяш буд идома дод. У ниҳод ва табиати даъвати худро барои қавми хеш баён намуд. Аммо онон бар напазируфтани даъват бидуни дар назар гирифтани авоқиб ва пешомадҳои ҳосили аз ин мухолифат исрор намуданд; ва аз у дархост карданд то агар дар даъвати хеш ростгуст азобе бар онон фуруд оварад. Нуҳ бо имони мутлақи худ ин масъаларо танҳо ба Худованди мутаол вогузор намуд. Чун у ҳар ончиро ки ирода кунад анчом медиҳад, ва агар хостаи у чунин бошад ҳечкасро тавони манъи он нест. Ва агар машияти илоҳи бар ин бошад ки гумроҳ бимонанд онгоҳ пандҳои Нуҳ низ суде нахоҳад бахшид.
"гуфтанд эй Нуҳ бо мо  мучодила карди ва зиёд ҳам мучодила карди! Акнун агар рост мегуи, ончиро(аз азоби илоҳи) ба мо ваъда медиҳи биёвар!" гуфт:агар Худо онро бар сари шумо оварад; ва шумо  қудрати фирор(аз онро) нахоҳед дошт!(аммо чи суд ки) ҳаргоҳ Худо бихоҳад шуморо(ба хотири гуноҳонатон) гумроҳ созад, ва ман бихоҳам шуморо андарз диҳам, андарзи ман суде ба ҳолатон нахоҳад дошт. У парвардигори шумост ва ба суи бозгардонда мешавед" . Нуҳ ҳеч фурсатеро-чи дар  руз бошад ва чи дар шаб- аз даст намедод. Нуҳ гуфт: парвардигоро! Ман қавми худро шабу руз(ба суи ту) даъват кардам"  вале даъват ва насиҳати у чуз бар фирори онон наяфзуда эъроз ва мухолифати онон ба чое расид ки(ангуштонашонро дар гушҳояшон фуру мебурданд ва либосҳояшонро бар бадани худ мепечиданд" ва бар он нофармони исрор варзиданд" .
Нуҳ(а) даъватро вобаста ва муқайяд ба як равиш накард. То чое ки тамоми роҳҳоеро ки муътақид буд уро ба натича мерасонад ба кор баст. У пинҳон ва ошкоро даъват намуд қуръон сухани уро чунин бозгу мекунад:"сипас ман ононро бо садои баланд ба итоати фармони ту даъват кардам сипас ошкоро ва ниҳон(ҳақиқати тавҳид ва имонро) барои онон баёд доштам"  вай дар ин роҳ шеваҳои ташриъиро барои муҳаққақ сохтани имони онон ба кор гирифт. У ба онон ёдовар шуд ки ин Худованд аст ки рузи ва амволро ба суи .... мефиристад то аз он баҳраманд шаванд. Ва барои онон биҳиштҳо ва рудҳо муайян мекунад, ва ин масъаларо бо омурзиш аз суи Худои бахшанда ва меҳрубон дар иртибот қарор медиҳад:"ба онон гуфтам аз парвардигори хеш омурзиш биталабед ки бисёр омурзандааст, то боронҳои пурбаракати осмонро пай дар пай барои шумо фиристад ва шуморо бо амволу фарзандони фаровон кумак кунад ва боғҳои сарсабзу наҳрҳои чори дар ихтиёратон қарор диҳад" .
Нуҳ(а) мушоҳида кард ки гуфтугу ва насоиҳаш  фоидаву самаре надорад.бавижа пас аз инки осори мусбати истиғфор ва масоилеро ки бар он мутараттиб мешавад аз чумла саодати дунёро барои онон баён карда буд. У сипас таваччуҳи ононро ба суи қудрати илоҳи маътуф сохт; шояд ки ба азамати илоҳи ва қудраташ имон биёваранд! У ба азамат ва қудрати Худованд ишора кард; ки ононро ба суртаҳои мухталиф(нутфа,сипас    хуни баста, сипас порае гушт) офарид, сипас онҳоро пайван дод:"шуморо чи мешавад ки барои Худованд азамат қоил нестед, дар ҳоле ки шуморо дар мароҳили мухталиф офарид" .
Нуҳ(а) ба ин гунаҳо иктифо накард. Балки дар даъваташ ба васоили ҳисси низ руй овард, у ба офариниши сайёрот ва осмонҳои ҳафтгона ки Худованд "моҳро дар миёни онҳо мояи рушанои ва хуршедро чароғи фурузони қарор додааст ишора кард" .
У сипас ба баёни офариниши инсон ва роҳи ба вучуд омадани ғизои у аз замине ки баъд аз марг баргаштан ба суи он ичтинобнопазир аст пардохт ва низ инро ёдовар шуд ки пас аз ин, онҳоро барои ҳисобраси дар рузи қиёмат аз  замин хорич мекунанд:" ва Худованд шуморо ҳамчун гиёҳе аз замин руёнд, пас шуморо ба ҳамин замин боз мегардонад, ва бори дигар шуморо хорич месозад" .

Б)-бархурд:
Даъвати Нуҳ бо вучуди пойбанди ба равишҳои мантиқи чи дар тавзеҳ ва чи дар баёни далоил роҳ ба чое набурд, қавми у аз он равишҳо озурдахотир шуданд ва уро такзиб намуда, ва уро девона қаламдод намуданд.онон ба ин васила кушиданд монеи миёни у ва рисолаташ эчод кунанд ва дар сурате ки Нуҳ  пофишори менамуд онон бо истифода аз таҳдид ва иръобу озор уро манъ мекарданд "гуфтанд эй Нуҳ агар (аз ҳарфҳоят) даст барнадори сангборон хоҳи шуд"  вале Нуҳ ҳаргиз ба ин таҳдидҳо аҳамият надод балки бо имони росих ва эътимод бар Худо ба онон  посух дод. "пас бар Худо таваккал кардам" зеро онон қодир ба озор расондан ба у набуданд: "шумо фикри худ ва қудрати маъбудҳоятонро чамъ кунед;пас ҳеч чиз дар коратон пушида намонад; сипас ба ҳаёти ман поён диҳед, ва (лаҳзае)муҳлатам диҳед!(аммо тавонои надоред). Ва агар (аз қабули даъватам) руй бигардонед(кори нодурусте кардаед; чи инки)ман аз шумо музде намехоҳам; музди ман, танҳо бар Худост; ва ман маъмурам ки аз муслимин(таслим шудагон дар баробари фармоин Худо) бошам" .
Бо вучуди рух намудани  ҳаводису пешомадҳо қавми Нуҳ ба Худованд имон наёварданд. У роҳҳо ва равишҳои ба кор баста шударо дар муқобили иноди қавми худ очиз ва  ҳеч роҳеро дар  ислоҳи онон судбахш надид. Пас шикояти қавми худро ба Худованди мутаол намуд "гуфт: парвардигоро! Қавми ман маро такзиб карданд, акнун миёни ман ва онон чудои бияфкан, ва маро ва муъминонеро ки бо мо ҳастанд раҳои бахш" .
Бадин тартиб дарҳои мубориза ба сурати  комил гушуда шуд, ва гуруҳҳои имону куфрро фаро гирифт. Ва Нуҳ дар мароҳили поёни қавмашро ба ҳалокат нафрин кард. Балки афзун  бар ин фарзандони касонеро ки даъваташро напазируфта буданд низ нафрин намуд "ва Нуҳ арз кад, парвардигоро ҳеч як аз кофиронро бар руи замин боқи магузор. Чароки агар боқи гузори бандагонатро гумроҳ кунанд, ва чуз фочири куфронпешае ба бор наёваранд" .

Василаҳои начот ва истичобати дуо
Худованд дуои Нуҳ(а) мустачоб кард. Ва барои у ва муъминоне ки ҳамроҳаш буданд василаи начотро фароҳам  кард. Вақте гуфторо бо кофирон ба поён расонд ва тасмими  худро гирифт, Худованд ба у    амр кард ки аз такзиб ва озори кофирон нороҳат нашавад, зеро ки онон сарнавишти ичтинобнопазришонро ки ғарқ шудан аст хоҳанд  чашид. Сипас ба у амр кард ки як киштиро бо камоли диққат бисозад. Ва баъд аз инки сохтани кишти ба поён расид бо касоне ки бар куфр исрор варзиданд, ҳатто агар аз наздиктарини афроди у бошад сухан нагуяд:"мо ба Нуҳ ваҳй кардем ки киштиро зери назари мо ва мутобиқи ваҳйи мо бисозад" . Нуҳ(а) шуруъ ба сохтани  кишти кард. Ва қавмаш ба хотири нодони аз оқибати кор шуруъ ба тамасхур карданд. Дар ҳоле ки намедонистанд  ба зуди худашон дар маърази тамасхур қарор хоҳанд гирифт.

Туфон, ва ғарқ шудани қавми  Нуҳ
Вақте Нуҳ(а) сохтани киштиро ба поён расонд, нишонаҳои шуруъи азоб зоҳир шуд. Об аз даруни замин чушид. Ва Худованд ба у амр кард ки аз чаҳорпоёни замин як завч(нару мода)ро бо худ ҳамл кунад. То ин ҳайвонот баъдҳо ҳайвоноти дигарро ба вучуд оваранд. Ҳамчунин ба у амр кард ки ҳамаи хонавода ва наздиконаш ва андак муъминонеро ки бо у буданд, ба истиснои онон ки куфр варзиданд бо худ ҳамл кунад:" ва ҳангоме ки фармони мо(барои ғарқи онон) фаро расад ва об аз танур бичушад( ки нишонаи фаро расидани туфон аст) аз ҳар як аз анвоъи ҳайвонот як чуфт дар кишти савор кун ва ҳамчунин хонаводаатро, магар онон ки қаблан ваъдаи ҳалокашон дода шуда(ҳамсару фарзанди кофират) ;ва дигар  дар бораи ситамгарон бо ман сухан магу ки онон ҳамаги ҳалок хоҳанд шуд" .
Ҳангоме ки сохтани кишти бо инояти Худованд ва аз тариқи ваҳй ба поён расид, касоне ки имон оварданд савор шудан; ва ин кор ба поён нарасид магар бо ёди Худо; чароки кишти воситае беш набуд; зеро роҳбаранда ва нерудиҳандаи ҳақиқи Худованд аст; ки дар он ҳангом ки ононро аз ҳалокат начот дод;ва ононро ба мағфирати васеи Худо ва раҳмати у ба бандагони муъмин мутаваччеҳ сохт: у гуфт "ба номи Худо бар он савор шавед ва ҳангои ҳаракат ва таваққуфи кишти ёди у кунед ки парвардигорам омурзандаву меҳрубон аст"   кишти баъд аз инки иртифои об ба иртифо ва баландии куҳҳо гашт ба роҳ уфтод:"ва он кишти онҳоро аз миёни амвоче ҳамчун куҳҳо ҳаракат медод" .
Нуҳ(а) сипас аз онки а имон овардани онон маъюс гашт, ва эҳсос намуд ки у дигар ,мағлуб, шудааст даст ба ниёиш пардохту гуфт:" Худовандо ман мағлуб гаштаам пас маро пируз кун" . Нуҳ(а) пирузиро бар қавмаш мехост; зеро бо ин пирузи пирузии тавҳид бар бутпарасти муҳаққақ хоҳад шуд.

Ҳаячони отифии падар
Нуҳ(а) дар миёни туфон писарашро ки исрор бар куфр мекард ба ёд овард. Аз ин ру отифаи падарона дар Нуҳ барангехта шуд. У писарашро садо кард то ба ҳамроҳи хонаводааш савори кишти шавад. Аммо писар посухе ба дархости падар надод;  ва гумон кард чизе ки иттифоқ уфтода оризаи табиист ки ба суръат аз байн хоҳад рафт;
валекин пешбинии фарзанд иштибоҳ буд. У кушиш кард ки бо васила қарор додани куҳ худро начот диҳад. "имруз чуз ба лутфи у  ҳеч роҳи начоте нест" . Шиддати об  ва иртифои мавч монеъ аз он шуд ки писари Нуҳ ба орзу ва хостаи худ бирасад" ва у дар зумраи ғарқшудагон қарор гирифт" . Нуҳ(а) бар фарзандаш эҳсоси дилсузи кард. Аз Худованд хост ки писарашро аз ҳалокат начот диҳад. Вале Худованд дуои уро мустачоб накард, ва барои Нуҳ табйин кард ки писари у бар гуноҳу маъсият исрор дошт ва аз чумлаи касоне набуда ки қарор буд начот пайдо кунанд. "Нуҳ ба парвардигораш арз кард:парвардигоро писарам а хонадони ман аст; ва ваъдаи ту ҳаққ аст;ва ту аз ҳама ҳукмкунандагон бартари"  
ва лекин Худои субҳон барои Нуҳ(а) масъаларо чунин бозгу намуд ки фарзандат аз азоб начот намеёбад зеро вай амали ношоистеро анчом додааст "фармуд:эй Нуҳ у аз хонадони ту нест, уро амали ғайри солеҳест; пас ончиро аз он огоҳ нести аз ман махоҳ; ман ба ту андарз медиҳам то аз чоҳилон набоши" . Нуҳ инчунин посух дод :"парвардигоро мар ба ту паноҳ мебарам ки аз ту  чизе бихоҳам  ки аз он огоҳи надорам, ва агар маро набахши ва бар ман раҳм накуни аз зиёнкорон  хоҳам буд" . Аз инру Нуҳ дар робита бо пайванд бо хешону наздикон ба мо ин дарсро меомузад ки ҳарчанд силаи раҳму пайванди хонаводаги муҳкам бошад агар машрут ба имони ба Худо ва гом гузоштан дар роҳи дуруст ва паймудани он набошад беарзиш аст.


Поёни туфон
Ҳангоме ки кофирон бар асари туфон ҳалок  шуданд, ва Нуҳ(а) аз вучуди қавмаш начот ёфт, Худованд ба замин амр кард ки обро фуру бибарад, ва ба осмон фармон дод ки аз резиши борон даст бикашад. Бинобар ин об аз руи замин фурукаш кард, ва кишти бар болои куҳе ба номи *чуди* паҳлу гирифт.дар ин ҳангом бо забони қудрати илоҳи ба кофирони ҳалокшуда нидо дода шуд ки золимин аз раҳмату омурзиши Худованд ба дур ҳастанд. Худованд ба Нуҳ дастур дод то аз кишти  ба замин фуруд ояд.
Кишти дар сарзамини мувсел бо лутфу инояти Худо ба замин нишаст. Ва Худованд ба Нуҳ ва касоне ки ба у имон оварда ва ба ҳамроҳи фарзандонашон бо вай дар кишти буданд ваъда дод ки наслҳои онон идома хоҳад ёфт ва умматҳои боимони мутааддиде аз онон  ба вучуд хоҳанд омад, ва умматҳои дигаре низ ки ба зиндагии дуняви ва баракоти он машғул хоҳанд шуд низ дар ин дунё зиндаги хоҳанд кард;вале онон пас аз муддате аз роҳи ҳаққ гумроҳ хоҳад шуд ва шайтон барои гумроҳии онон кушиш хоҳад кард, ки ин боиси вуқуи азоби Худованд  бар онон дар дунёву охират мунчар хоҳад шуд. "гуфта шуд : эй Нуҳ! Бо саломат ва баракоте аз ноҳияи мо бар ту ва бар тамоми умматҳое ки бо туанд фуруд ой, ва умматҳое низ ҳастанд ки мо ононро аз неъматҳо баҳраманд хоҳем сохт, сипас азоби дардноке аз суи мо ба онҳо мерасад"

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст