Бе шаку тардид ҳар паёмбаре қабл аз ҳар чизе бояд эътимоди ҳамагонро ҷалб кунад ва ба тавре, ки дар гуфтаи ӯ эҳтиомоли хилоф ва дуруғ ва иштибоҳ надиҳанд.
Дар ғайри ин сурат мақоми раҳбарии ӯ мутазалзил хоҳад шуд.
Агар паёмбарон маъсум набошанд баҳонаҷуён ба узри ин ки онҳо иштибоҳ мекунанд ва толибҳои ҳақиқат ба хотири тазалзул нисбат ба муҳтавои даъвати онҳо, аз пазируфтани даъваташон худдори хоҳанд кард ва ё лоақал наметавонанд бо дилгарми онро пазиро шаванд.
Ин далелро, ки метавон онро далели эътимод номид, инро яке аз муҳмимтарин далелҳоии исмати анбиё донист.
Ба таъбири дигар: Чигуна мумкин аст Худованд фармон диҳад, ки аз инсони беқайду шарт иттоат шавад дар ҳоле, ки ин инсон мумкин аст хато кунад ва ё муртакиби гуноҳе гардад. Дар чунин ҳоле оё мардум аз ӯ итоат кунанд? Агар иттоат кунанд, иттоат аз хато ва гуноҳ аст ва агар накунанд мақоми раҳбарии ӯ мутазалзил гардида, ба хусус ин ки мақоми раҳбарии паёмбарон бо дигарон комилан дигар аст, зеро мардум тамоми эътиқод ва барномаи худро аз онҳо мегиранд.
Ба ҳамин далел мебинем муфассирони бузург ҳангоме, ки ба ояти
اطیعوا الله و اطیعوا الرسول و اولى الامر منکم
“Итоати кунед Худо ва итоат кунед Паёмбар (с) ва улул-амрро ”, мерасанд мегуянд дастури иттоати мутлақ далел бар ин аст, ки Паёмбар(с) маъсум аст.
Роҳи дигаре, ки метавон маъсум будани паёмбаронро дар баробари ҳаргуна гуноҳ исбот кард ин аст, ки сабабҳои гуноҳ дар вуҷуди паёмбарон маҳкум ба шикаст аст.
Тавзеҳ инки: Ҳангоме, ки мо ба худамон муроҷиа мекунем мебинем дар баробари баъзе аз гуноҳон ё корҳои зишт ва нописанд тақрибан маъсум ҳастем.
Ба мисолҳои зер таваҷҷуҳ кунед:
Оё ҳеҷ одами оқилеро пайдо мекунед, ки ба фикри хурдани оташ биафтад? Ваё хокруба ва касофотро бихурад?
Оё ҳеҷ инсони оқилеро пайдо мекунед, ки белибос шавад ва дар кучаҳо роҳ биравад?