بِسْمِ اللَّهِ الرَّحْمَنِ الرَّحِيمِ

اللَّهُمَّ رَبَّنَا أَنزِلْ عَلَيْنَا مَآئِدَةً مِّنَ السَّمَاء تَكُونُ لَنَا عِيداً لِّأَوَّلِنَا وَآخِرِنَا وَآيَةً مِّنكَ

وَارْزُقْنَا وَأَنتَ خَيْرُ الرَّازِقِينَ

Аллоҳумма раббано анзил алайно моидатам минас самои такуну ъидан ли аввалино ва охирино ва оятам минка варзуқно ва анта хайруррозиқин

Худоё! Парвардигоро! Дастархоне аз осмон бар мо фурӯ фирист, ки барои насли кунунӣ ва ояндагони мо ид ва нишонае аз ту бошад ва моро рӯзӣ деҳ, ки ту беҳтарин рӯзидиҳандагонӣ. Моида 114

Пас онгоҳ Исо ду дасти дуо

Чунин боз бардошт пеши Худо

Ки Парвардигорам кунун рӯи меҳр

Ғазое ба мо деҳ зи нили сипеҳр

Ки ин рӯз бар мову ахлофи мо

Шавад нек иде ба даври қазо

Бигардад ба мо ҳуҷҷате ошкор

Ки раззоқи бартар туӣ Кирдигор

Паёмҳо

  1. Ид ва ҷашни мазҳабӣ аз назари Қуръони Карим кори дурусте аст تَكُونُ لَنا عِيداً لِأَوَّلِنا وَ آخِرِنا (таваллуди Паёмбар ва авлиёи Худо ва беъсати Расули Худо(c) камтар аз нузули моидаи осмонӣ нест).
  2. Ба Худо таваҷҷӯҳ кунем ва ба суроғи дигарон наравем. وَ أَنْتَ خَيْرُ الرَّازِقِينَ
  3. Дар дуо Худоро бо адаби комил ва бо сифати муносиб бо дархости худ садо бизанем. Аввали оя  اللَّهُمَّ رَبَّنا " " Худоё! Парвардигоро! ва охири оя хайрур розиқин аст. خَيْرُ الرَّازِقِينَ
  4. Ба дархостҳои моддӣ ҳадафи маънавӣ диҳем. (Ҳаворийюн аввалин ҳадафи худро хӯрдан ва баъд итминон доштан баён карданд, نَأْكُلَ مِنْها وَ تَطْمَئِنَّ вале ҳазрати Исо(а) аввал барҷо гузоштани нишонаи сурур барои таърих  عِيداً لِأَوَّلِنا وَ آخِرِنا ва баъд нишонаи қудрати Худованд  وَ آيَةً مِنْكَ ва сипас масъалаи ризқро матраҳ кард.  وَ ارْزُقْنا وَ أَنْتَ خَيْرُ الرَّازِقِينَБа ҳама фаҳмонд, ки масоили маънавӣ ва иҷтимоӣ бар масоили гуруҳӣ ва иқтисодӣ муқаддам аст)
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст