بِسْمِ اللَّهِ الرَّحْمَنِ الرَّحِيمِ

رَبِّ اجْعَلْ هَذَا بَلَدًا آمِنًا وَارْزُقْ أَهْلَهُ مِنَ الثَّمَرَاتِ مَنْ آمَنَ مِنْهُم بِاللّهِ وَالْيَوْمِ الآخِرِ

Раббиҷъал ҳозо баладан оминан варзуқ аҳлаҳу минас самароти ман омана минҳум биллоҳи вал явмил охир

"Парвардигоро! Ин (сарзамин)-ро шаҳри амн бигардон ва аҳли онро онон, ки ба Худо ва рӯзи охират имон овардаанд аз самараҳои (гуногун) рӯзӣ деҳ." (Бақара/126)

Бигуфто халил эй Худои ҷаҳон

Кун ин шаҳрро шаҳри амну амон

Ту рӯзии аҳлаш фузунтар намо

Чу доранд имон ба якто Худо

Ва доранд имон ба рӯзи ҷазо

Чунин буд мазмуни зикру дуо

Паёмҳо

  1. Анбиё(а) илова бар иршод ва ҳидоят, ба ниёзҳои моддии мардум монанди амният ва маишат ҳам таваҷҷӯҳ дошта ва барои он талош ва дуо мекунанд. رَبِّ اجْعَلْ هذا بَلَداً آمِناً
  2. Баҳрамандӣ аз неъматҳо замоне лазиз ва гуворост, ки дар фазои амн, ором ва беизтироб бошад. آمِناً وَ ارْزُقْ
  3. Дар дуо дигаронро фаромӯш накунем. Суннати илоҳӣ он аст, ки ба ҳамаи мардум чи мӯъмин ва чи кофир ризқ диҳад ва ин суннат ҳатто бо дуои Иброҳим(а) тағйир намекунад. وَ مَنْ كَفَرَ فَأُمَتِّعُهُ
  4. Баҳрамандӣ дар дунё нишонаи лутфи Худо ба инсон нест. وَ مَنْ كَفَرَ فَأُمَتِّعُهُ
  5. Дар кӯмакрасонӣ ба ҳамнавъ коре ба дин ва оини ӯ надошта бошед. وَ مَنْ كَفَرَ فَأُمَتِّعُهُ
  6. Комёбиҳои моддӣ ҳар миқдор бошанд нисбат ба неъматҳои охират андак аст. قَلِيلًا
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст