بِسْمِ اللَّهِ الرَّحْمَنِ الرَّحِيمِ

وَنَادَى نُوحٌ رَّبَّهُ فَقَالَ رَبِّ إِنَّ ابُنِي مِنْ أَهْلِي وَإِنَّ وَعْدَكَ الْحَقُّ وَأَنتَ أَحْكَمُ الْحَاكِمِينَ

Ва нодо Нуҳун раббаҳу фақола раббӣ иннабнӣ мин аҳлӣ ва инна ваъдакал ҳаққу ва анта аҳкамул ҳокимин

Пас Нуҳ Парвардигорашро нидо доду гуфт: Парвардигоро! Ҳамоно писарам аз хонадони ман аст ва албатта ваъдаи ту (дар бораи наҷоти хонадонам) ҳақ аст ва ту беҳтарин доварӣ. Ҳуд(11) 45

Бигуфто ба даргоҳи Аллоҳ Нуҳ

Чу дар кори худ дид насру футуҳ

Ки фарзанди ман худ зи насли ман аст

Худ аз аҳли байту маро чун тан аст

Туро ваъдаи хашм ёбад вуҷуд

Туӣ бартарин ҳукмрон эй вадуд

Паёмҳо

1. Дар дуо ва сухан гуфтан бо Худо адабро риоят кунем. Ҳазрати Нуҳ нагуфт: Худоё тибқи ваъдае, ки додӣ, ки аҳламро наҷот медиҳӣ бояд фарзандамро наҷот медодӣ. Пас чаро наҷот надодӣ, балки гуфт: أَنْتَ أَحْكَمُ الْحاكِمِينَ Ту беҳтарин доварӣ.

2. Агар имдоди илоҳӣ набошад авлиёи Худо низ мумкин аст дар (шинохти афрод) хато кунанд.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст