بِسْمِ اللّهِ الرَّحْمَنِ الرَّحِيمِ

قالا رَبَّنَا ظَلَمْنَا أَنفُسَنَا وَإِن لَّمْ تَغْفِرْ لَنَا وَتَرْحَمْنَا لَنَكُونَنَّ مِنَ الْخَاسِرِينَ

Қоло Раббано заламно анфусано ва ин лам тағфир лано ва тарҳамно ланакунанна минал хосирин

(Одам ва Ҳавво) гуфтанд:

Парвардигоро! Мо ба худамон ситам кардем ва агар моро набахшӣ ва бар мо раҳм накунӣ, ҳатман аз зиёнкорон  хоҳем буд. Аъроф/23.

 

 

Бигуфтанд  бо  Кирдигор ин сухан,

Ки мо   зулм  кардем  бар хештан.

Кунун гар набахшоӣ эй Кирдигор,

Гуноҳе,  ки  кардему  он зишт кор.

Ҳамоно,  ки  аз  хосирон  гаштаем,

Ба  ранги    зиён    даст    оғӯштаем.

Нукта

Шайтон ва ҳазрати Одам(а) ҳар ду нофармонии Худо карданд, аммо Шайтон нисбат ба нофармонии худ, (ки бар Одам(а) саҷда накард) ба адл ва ҳикмати Худованд эътироз ва такаббур намуда бартарии худро баён кард ва изҳори пушаймонӣ накард. Вале ҳазрати Одам(а) ва Ҳавво(а) ба кори нодурусти худ эътироф карданд ва аз Худованд дархост карданд, ки онҳоро бибахшад.

Паёмҳо

1. Ҳар гуна хилофкорӣ, зулм ба худ аст, чунки сарпечӣ аз фармони Худо дар воқеъ сарпечӣ аз расидан ба камол ва саодати инсонӣ аст. ظَلَمْنَا أَنفُسَنَا

2. Муҳимтарин масъала барои инсони гунаҳкор, мағфирати Илоҳӣ аст, баъд  дархостҳои дигар. وَإِن لَّمْ تَغْفِرْ لَنَا وَتَرْحَمْنَا

3. Аввалин хоҳиши инсон аз Худо талаби афв ва раҳмат буд. وَإِن لَّمْ تَغْفِرْ لَنَا وَتَرْحَمْنَا

4. Иноят, раҳмат ва меҳрубонии Худо аз зарари доимӣ пешгирӣ мекунад. وَإِن لَّمْ تَغْفِرْ لَنَا وَتَرْحَمْنَا لَنَكُونَنَّ مِنَ الْخَاسِرِينَ

5. Ҳазрати Одам(а) ва Ҳавво(а) ҳар ду дар сарпечӣ шарик буданд ва ҳар ду ҳам узрхоҳӣ карданд. رَبَّنَا ظَلَمْنَا أَنفُسَنَا

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст