Имом Содиқ(а) мефармояд: Луқмони ҳаким ба писараш гуфт: Ҳаргоҳ бо гуруҳе мусофират карди дар бораи кори худ ва онон бештар бо онон машварат кун. Бисёр ба руяшон лабханд бизан. Аз тушаат ба ишон бибахш. Даъваташонро бипазир. Ба ёрии онон бишитоб. Сукути тулонӣ, намози бисёр ва саховатмандиро пешаи худ соз. Ба ҳақ гувоҳашон бош. Бо баёни рай ва
назар ҳангом машварат бо ту барояшон бикуш. Пеш аз таҳқиқ ва андшеа, назари қатъи надеҳ. Машваратро пас аз нишаст ва бархост ва хобу хурок ва намоз ва дар ҳоле, ки фикр ва ҳикмати худро ба кор гирифтаи посух деҳ, зеро касе, ки ба таври комил хайрхоҳи накунад, Худо райро аз у салб мекунад ва амонатро боз меситонад. Ҳаргоҳ диди ҳамсафарон мераванд бо ишон бирав. Ҳар гоҳ диди кор мекунанд бо онон кор кун. Ҳар гоҳ садақа ва қарзе доданд ту ҳам шарики онон шав. Аз касе, ки аз ту бузургтар аст ҳарфшунави дошта бош. Ҳаргоҳ ба ту фармоне доданд ва аз ту чизе хостанд иҷобат кун ва мухолифат накун, чаро ки на гуфтан дармондаги ва пасти аст.
Ҳаргоҳ дар роҳ саргардон шудед фуруд оед. Ҳаргоҳ дар мақсад тардид кардед тавақуф кунед ва ҳамфикри ва машварат кунед. Ҳаргоҳ як шахсро дидед дар бораи роҳ аз у напурсед ва роҳнамои нахоҳед, чаро ки як шахс дар биёбон гумроҳ кунанда аст ва шояд ҷосуси дуздон бошад ё ҳамон шайтоне бошад, ки шуморо мутаҳайир сохта аст. Аз ду шахс низ бипарҳезед, магар инки чизе ба даст оред, ки ман намедонам, зеро хирадманди вақте чизеро худ бубинед ҳақро мешиносед ва ҳозир чизеро мебинад, ки ғоиб намебинад.
Писарам! Ҳаргоҳ вақти намоз фаро расид онро ба ҳеҷ руй ба таъхир наяндоз ва онро ба ҷо овар ва осуда шав, зеро намоз дайне аст бар уҳдаи одами ва онро ба ҷамоат бихон, ҳарчанд бар нуки найза бошад. Бар руи чорпоят махоб, чун захм пушташро сареъ мегардонад ва ин кори ҳакимон нест, магар инки дар каҷова боши ва имкони истироҳат дошта бошӣ. Ҳар гоҳ наздики манзилгоҳ шуди аз маркаб пиёда шав ва пеш аз худ ғизои уро бидеҳ, чаро ки ҷони у ҷони туст. Ҳаргоҳ дар ҷое манзил мекуни лозим аст, ки сарзамини сарсабз ва хуррам ва хушранг дорои хоки нарм ва алафи бисёр бошад. Ҳаргоҳ пиёда шуди пеш аз нишастан ду ракъат намоз бигузор ва ҳангоме, ки барои қазои ҳоҷат мерави дур шав ва пеш аз ҳаракат низ ду ракъат намоз бигузор.
Сипас аз он сарзамин видоъ кун ва бар он ва аҳлаш дуруд фирист, зеро ҳар ҷое сокиноне аз фариштагон дорад. Агар тавонисти пеш аз ғизо хурдан садақае аз он бидеҳ. Модоме, ки савораи Қуръон бихон ва ҳангоми кор кардан тасбеҳ бигу ва ҳангоми бекори дуо бихон. Аз ҳаракати пайваста аз аввали шаб то поёни он бипарҳез ва садоятро дар роҳ баланд накун.