Ба номи Худо

Худоё! Бар Муҳаммад ва Оли Муҳаммад дуруд фирист!

Дарсҳое аз Қуръони Карим

Чигуна дуо кунем?

Дуо кардан вазифаи мо аст ва Худованд пазируфтани онро ба ӯҳда гирифтааст.

Мо чӣ дуо кунем? Чигуна дуо кунем? Кай дуо кунем? Ва ...

Худованди Мутаол дар Қуръони Карим бо зикри дуои бандагони баргузидааш одоб ва шароити дуо карданро ба мо ёд додааст.

Яке аз он бандагони хосси Худо ҳазрати Иброҳим(а) аст, ки дуоҳои зиёде аз эшон дар Қуръони Карим омадааст.

Биёед бо ҳам яке аз дуоҳои эшонро бо ҳам бибинем ва аз паёмҳои он истифода кунем.

Умедворем Худованд тавфиқи амал ба дастуроташро марҳамат бифармояд.

وَإِذْ يَرْفَعُ إِبْرَاهِيمُ الْقَوَاعِدَ مِنَ الْبَيْتِ وَإِسْمَاعِيلُ رَبَّنَا تَقَبَّلْ مِنَّا إِنَّكَ أَنتَ السَّمِيعُ الْعَلِيمُ

Ва (ба ёд биёр) ҳангоме ки Иброҳим пояҳои хона (-и Каъба)-ро бо Исмоил боло мебурд, (гуфтанд:) Парвардигоро! Аз мо бипазир. Дар ҳақиқат ту шунаво ва доноӣ. Бақара/127

Ишора

1. Аз оёт ва ривоёти зиёд истифода мешавад, ки хонаи Каъба, аз замони ҳазрати Одам(а) буда ва ҳазрати Иброҳим(а) онро бозсозӣ кардааст. Чун ҳангоме ки зан ва фарзандаш Исмоилро дар сарзамини Макка сокин мекунад, мегӯяд: Парвардигоро! Баъзе аз хонадонамро дар ин сарзамини хушк ва ғайри қобили зироат дар канори хонаи муҳтарами ту сокин кардам. (Иброҳим/37)

Бино бар ин дар замони ширхорагии ҳазрати Исмоил(а) низ асаре аз Каъба вуҷуд доштааст.

Дар сураи Оли Имрон/96 низ аз Каъба ба унвони аввалин хонаи мардум ёд шудааст.

Дар ояи боло ҳам аз бозсозии хонаи Каъба сухан гуфта шудааст. Ҳазрати Алӣ(к) ҳам мефармояд: Худованд тамоми мардумро аз замони ҳазрати Одам, то абад бо ҳамин Каъба ва сангҳои он имтиҳон мекунад. Наҳҷулбалоға/хутбаи 192

2. Ҳазрати Иброҳим ва Исмоил(а) дар кор кардан баробар набуданд. Дар ривоят мехонем: Иброҳим(а) барои сохтани хона санг мечид ва Исмоил(а) ба дасти падараш санг медод. Шояд ба хотири ҳамин кор миёни номи он ду бузургвор ҷудоӣ омадааст.

Паёмҳо:

1) Бониёни корҳои некро фаромӯш накунем. إِذْ Гузаштаро ёд кун.

2) Бо ёди бузургон улгу ва сармашқҳои дурустро ба ҷомеа бишиносонем. وَإِذْ يَرْفَعُ إِبْرَاهِيمُ...

3) Аз зиндагии инсон лаҳзаҳое арзиш дорад, ки барои итоат ва ибодати Худо амал шавад. Бозсозии хонаи Каъба ба дастури Худо ва барои ризои Худо буд. . وَإِذْ يَرْفَعُ إِبْرَاهِيمُ...

4) Дуо як навъ тарбият ва рушд аст. رَبَّنَا

5) Аъмоли худро бо дуо ҳамроҳ кунем ва қабул шудани онро аз Худо бихоҳем.

وَإِذْ يَرْفَعُ إِبْرَاهِيمُ الْقَوَاعِدَ مِنَ الْبَيْتِ وَإِسْمَاعِيلُ

6) Анҷом додани кор бо қабул шудани он аҳамият ва арзиш дорад. Ҳатто агар Каъба бисозем, вале Худованд қабул накунад, арзиш надорад. تَقَبَّلْ رَبَّنَا

7) Корҳои худро дар баробари азамати Худованд қобили зикр надонем. Ҳазрати Иброҳим(а) ва Исмоил(а) аз кор ва бинокории худ номе набурданд, балки фақат гуфтанд: Худоё аз мо қабул кун. تَقَبَّلْ رَبَّنَا

8) Дар роҳи Худо бинокорӣ ва коргарӣ ҳам ибодат аст, аз ин рӯ ҳазрати Иброҳим(а) ва Исмоил(а) аз Худованд қабул шудани онро хостанд. رَبَّنَا تَقَبَّلْ مِنَّا

9) Дуоҳоямонро бо ситоиши Худованд ҳамроҳ намоем. إِنَّكَ أَنتَ السَّمِيعُ الْعَلِيم

10) Аз касе бихоҳем, ки садои моро мешунавад. السَّمِيعُ

11) Дар анҷоми корҳо фақат ризоият ва қабулии Худоро дар назар бигирем, чунки аз ният ва ҳоли мо огоҳ аст. الْعَلِيم

12) Бо вуҷуди ин ки Худованд шунаво ва доност ва ҳама чизро медонад боз мо вазифа дорем дуо кунем. إِنَّكَ أَنتَ السَّمِيعُ الْعَلِيم ...رَبَّنَا

13) Ба қабулии дуо бовар дошта бошем. إِنَّكَ أَنتَ السَّمِيعُ الْعَلِيم...رَبَّنَا

14) Равиши дуо карданро аз бандагони баргузидаи Худованд ёд бигирем. (ҳамаи оя)

Умедворем Худованд ба ҳамаи мо тавфиқи амали солеҳ, дуо кардан ва қабулии онро ато бифармояд.

Парвардигоро! Аз мо бипазир. Дар ҳақиқат ту шунаво ва доноӣ. Бақара/127

 

Таҳияи Саломуддин Маъниддин

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст