Дарсҳое аз Қуръони Карим

Саломуддин Муҳаммадамин

Ҷамол дар Қуръон

Калимаи “ҷамол” як бор дар Қуръони Карим дар ояи шаши сураи мубораки Наҳл дар мавриди галлаи ҳайвон омадааст.

قال الله تعالي: وَ لَكُمْ فِيها جَمالٌ حِينَ تُرِيحُونَ وَ حِينَ تَسْرَحُون‏

Ва барои шумо дар (доштани) онҳо зебоӣ ва ороиш аст, ҳангоме ки онҳоро шомгоҳон аз чаро ба истироҳатгоҳашон бармегардонед ва ҳангоме ки бомдодон ба чаро равона месозед.

(Наҳл, ояи 6. тарҷумаи Мишкинӣ)

Дар нигоҳи ибтидоӣ ба назар мерасад, ки ин китоб чаро ҷамолро дар гулҳо, меваҳо, парандагон ва ё чизҳои зебои дигар надонистааст?

Шояд ин дин ва ин китоб барои чӯпонҳо аст?

Барои посух ба ин таваҳҳум бояд дид, ки ин галла чи вижагиҳо дорад, ки зебо муаррифӣ шудааст.

Ин галла ҳаракат дорад ва ҳаракати онҳо чанд вижагӣ дорад;

1. Дастаҷамъӣ аст

2. Ҳадафдор аст

3. Ҳадафаш маъқул аст

4. Табиӣ аст. Рӯз кор, шаб истироҳат

5. Доимӣ аст. Феъли музореъ

6. Ба ҳадафашон мерасанд

7. Раҳбарии як чӯпонро пазируфтаанд

8. Гирифтори гургон намешаванд

9. Дар ҳоли ҳаракати зебо ҳастанд

10. Худкифо ҳастанд

11. Манофеи зудбоздеҳ ва дербоздеҳ доранд

12. Ҳам худашон сер мешаванд ва ҳам дигаронро сер мекунанд

13. Барои ин кор миннат намегузоранд

14. Расидан ба ҳадаф муҳимтар аз оғози ҳаракат аст

15. Ҷамъи онҳо боиси хушҳолии чупон аст, ва гургҳо аз ин вазъият нороҳат ҳастанд

16. Дур аз чашми умум ба ҳадаф мерасанд

17. Ба хотири галлаи фаъол дигарон ба чупон ниёз доранд

Пас як маҷмӯа, ҳукумат ва хонавода дар сурате ҷамол дорад ва зебост, ки ин вижагиҳоро дошта бошад.


@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст