Тафсири сураи Фурқон

بِِسْمِ اللَّهِ الرَّحْمَنِ الرَّحِيمِ

تَبارَكَ الَّذِی نَزَّلَ الْفُرْقانَ عَلَی عَبْدِهِ لِيَکُونَ لِلْعَلَمِينَ نَذِيراً

1 – Ҷовидону пурбаракат аст касе, ки Қуръонро бар бандааш нозил кард, то ҷаҳониёнро бим диҳад (ва аз азобу ҷазои илоҳӣ битарсонад).

الَّذِي لَهُ مُلْكُ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضِ وَلَمْ يَتَّخِذْ وَلَدًا وَلَمْ يَكُن لَّهُ شَرِيكٌ فِي الْمُلْكِ وَخَلَقَ كُلَّ شَيْءٍ فَقَدَّرَهُ تَقْدِيرًا

2 – Худованде, ки ҳукумату моликияти осмонҳову замин аз они ўст ва фарзанде барои худ интихоб накард ва шарике дар ҳукумату моликият надорад ва ҳама чизро офарид ва дақиқан андозагирӣ намуд.

Тафсир

Бартарин мизони шинохт

Ин сура бо ҷумлаи “таборак” оғоз мешавад, ки аз моддаи “баракат” аст ва медонем, ки баракат доштани чизе иборат аз он аст, ки дорои давом ва хайру манфиати комил бошад. Мефармояд:

تَبارَكَ الَّذِی نَزَّلَ الْفُرْقانَ عَلَی عَبْدِهِ لِيَکُونَ لِلْعَلَمِينَ نَذِيراً

“Пурбаракат ва ҷовидон аст Худованде, ки “Фурқон” – ро бар бандааш нозил кард, то ҷаониёнро бим диҳад”.

Ҷолиб аст, ки муборак будани зоти Парвардигор ба василаи нузули Фурқон, яъне Қуръоне, ки ҷудо кунандаи ҳақ аз ботил аст, муаррифӣ шудааст ва ин нишон медиҳад, ки бартарин хайру баракат он аст, ки инсон василае барои шинохт – шинохти ҳақ аз ботил – дар даст дошта бошад. Ин нукта низ қобили аҳамият аст, ки “Фурқон” гоҳ ба маънои “Қуръон” ва гоҳ ба маънои мўъҷизоте, ки равшангари ҳақ аз ботил аст ва гоҳ дар бораи Таврот ба кор рафтааст, вале дар ин ҷо бо нишонаҳое, ки дар ин оят ва оятҳои баъд аст, мурод Қуръон аст.

Дар баъзе аз ривоёт ҳангоме ки аз Имом Содиқ (а) мепурсанд, ки оё миёни “Қуръон” ва “Фурқон” фарқе аст? Мефармоянд: “Қуръон ишора ба маҷмўи ин китоби осмонӣ аст ва Фурқон ишора ба оёти муҳкамот аст.”[1]

Ин сухан бо Фурқон будани ҳамаи оятҳои Қуръон мухолифат надорад ва мурод ин аст, ки оёти муҳкамоти Қуръон мисдоқи равшантар ва намоёнтар барои Фурқон ва ҷудосозии ҳақ аз ботил ба ҳисоб меояд.

Неъмати “Фурқон ва шинохт” то андозае аҳамият дорад, ки Қуръони Маҷид онро ба унвони подоши бузурги парҳезгорон зикр кардааст:

يِا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُواْ إَن تَتَّقُواْ اللّهَ يَجْعَل لَّكُمْ فُرْقَاناً

“Эй касоне, ки имон овардаед! Агар тақво пеша кунед Худованд Фурқонро дар ихтиёри шумо мегузорад”.[2]

Оре, бо надоштани тақво шинохти ҳақ аз ботил мумкин нест. Зеро дўст доштану бад диданҳо ва гуноҳон, бар чеҳраи ҳақ парда меафканад ва фаҳму биниши одамиро кўр мекунад.

Ва ба ҳар ҳол Қуръони Маҷид бартарин Фурқон ва василаи шинохти ҳақ аз ботил дар тамоми низоми ҳаёти башар аст. Василаи шинохти ҳақ аз ботил дар роҳи зидагии фардиву иҷтимоӣ ва андозаи мустаҳкаме аст барои афкору ақоид ва қонунҳову аҳком ва одобу ахлоқ.

Ин нукта низ шоистаи аҳамият аст, ки мегўяд: “Фурқонро бар бандааш нозил кард”. Оре, мақоми убудият ва бандагии холис аст, ки шоистагии нузули Фурқон ва пазиро шудани меъёрҳои шинохти ҳақ аз ботилро ба вуҷуд меоварад.

Ва охирин нуктае, ки дар ин оят баён шудааст ин ки ҳадафи ниҳоии Фурқонро бим додани ҷаҳониён баён мекунад, бим додане, ки натиҷааш эҳсоси масъулият дар баробари таклифҳо ва вазифаҳое аст, ки бар ўҳдаи инсон қарор гирифтааст. Ва таъбири “лилъоламин” (барои оламиён) равшангари ин аст, ки оини Ислом ҷанбаи ҷаҳонӣ дорад ва махсуси минтақа ва нажоду қавми муайяне нест, балки баъзеҳо аз он, хотамияти Паёмбар (с) – ро истифода кардаанд. Зеро “оламиён” на фақат аз назари маконӣ маҳдуд нест, балки аз назари замонӣ ҳам ҳадде надорад ва ҳамаи ояндагонро низ дарбар мегирад. (Диққат кунед!).


[1] Тафсири Бурҳон, ҷилди 3 саҳифаи 155.

[2] Сураи Анфол, ояти 29.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст