Башар чӣ ниёзе ба китоби осмонӣ дорад?

Ҷавоб:

Тамоми корхонаҷоти дунё барои маҳсулоти худ дафтарчаи роҳнамо таҳия мекунад ва дар канори маҳсулот ба харидорон ироа медиҳад. Ин дафтарчаҳо харидоронро роҳнамоӣ мекунад, ки чӣ гуна аз он коло баҳраманд шаванд.

Нависандаи ин дафтарчаҳо кист? Оё ба ғайр аз тарроҳу созандаи он маҳсул каси дигаре салоҳият ва тавони навиштани онро дорад? Ҳаргиз! Мо низ созанда ва офаридгоре дорем, ки барои роҳнамоии мо дафтарчае ба номи Қуръон нозил кардааст ва ҳеҷ каси дигар ҳаққи қонунгузорӣ бар хилофи онро надорад, зеро фақат созанда ва офаридгор медонад, ки чӣ сохтааст ва танҳо ўст, ки ба тамоми ҷанбаҳо ва абъоди маҳсули худ огоҳ аст ва роҳи баҳрагирии дуруст ва офатҳо ва монеъҳои рушди онро медонад:

أَلَا يَعْلَمُ مَنْ خَلَقَ وَهُوَ اللَّطِيفُ الْخَبِيرُ

«Оё он касе, ки мавҷудотро офаридааст, аз ҳоли онҳо огоҳ нест?! Дар ҳоле ки ў (аз асрори дақиқ) бохабар ва огоҳ аст!».[1]

Касоне, ки ба ҷои қонуни Худованд ба суроғи қонунҳои башарӣ мераванд, монанди касоне ҳастанд, ки дафтарчаи роҳнамои созандаро канор гузошта ва аз дигарон наҳва ва тарзи истифода аз он маҳсулро талаб мекунанд.

yasin.org

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст