Донишҷуёни тоҷикистонӣ намояндаи кишварамон дар Мусобиқоти байналмилалии Қуръони карим, 2012-Теҳрон

махсуси «НУРИ ТОҶИКОН» Доктори улуми қуръонӣ, устод Сафармурод Ҳусейн ва донишҷӯи улуми ҳадис Мирзомуддин Мирзоназарзода, ду ҳофизи қуръоние ҳастанд, ки ба намояндагӣ аз Тоҷикистон дар мусобиқоти қуръонии Теҳрон 2012 ширкат хоҳанд дошт.

Бар асоси иттилоъи «НУРИ ТОҶИКОН», ин ду қории ҷавон аз тарафи ситоди баргузории мусобиқоти қуръонии Ҷ,И, Эрон барои ширкат дар 29-умин давраи мусобиқот интихоб ва расман даъват шудаанд.

Мусобиқоти байналмилалии қуръонӣ ҳамасола дар Эрон баргузор мегардад ва аз кишварҳои зиёде ҳофизон ва қориёни Қуръон ширкат ва ба риқобати қуръонӣ мепардозанд.

Бар асоси гузоришҳои солона, тақрибан ҳамасола аз кишварамон дар ин мусобиқот як ё ду нафар ширкат доштаанд ва баъзан соҳиби мақомҳои боло гаштаанд.

Аз ҷумла касоне, ки дар солҳои гузашта бо ширкат дар ингуна мусобиқот сазовори барафроштани номи кишварамон дар сатҳи ҷаҳонӣ бо номи ҳофизони бартари қуръонӣ гаштаанд, донишҷӯёни докторӣ ҷанобон Сайид Самаруддин Самад, Сафармурод Ҳусейн ва ҳамчунин донишҷӯи улуми ҳадисӣ ҷаноби Мирзомуддин Мирзоназар мебошанд.

Инбор ҳам бо лутфи илоҳӣ ва дуъои хайри падарону модарони азиз, бовар дорем, ки пирӯзӣ дар ин саҳнаҳо насиби он бародарон гашта бори дигар номи ҷовиди миллати Тоҷикистонро бар фарози ҷаҳони Ислом бидурахшонанд.

Гуфтанист, ки ин мусобиқот ҳамасола дар рӯзҳои иди Мабъас -беъсати Расули Аллоҳ(с)- мутобиқ бо 27-уми Раҷаб баргузор мегардад.

27-уми раҷаби соли 1433 баробар бо 17-уми июни соли 2012 хоҳад буд.

НУРИ ТОҶИКОН

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст