Дар он шаб, ҳамааш ба калимоти модараш, ки дар гӯшае аз утоқ рӯ ба тарафи қибла карда буд, гӯш медод. Рукӯъу суҷӯд ва қиёму қуъӯди модарро дар он шаб, ки шаби Ҷумъа буд, таҳти назар дошт. Бо ин ки ҳанӯз кӯдак буд, муроқиб буд бибинад модараш, ки ин ҳама дар бораи мардону занони мусулмон дӯои хайр мекунад ва як-якро ном мебарад ва аз Худои бузӯрг барои ҳар як аз онҳо саодату раҳмат ва хайру баракат мехоҳад, барои шахси хӯд аз Худованд чӣ чизе масъалат мекунад?

Имом Ҳасан(рз) он шабро то сӯбҳ нахобида ва муроқиби кори модараш Сиддиқаи Марзия ҳазрати Фотимаи Заҳро(рз) буд ва ҳамааш мунтазир буд, ки бибинад, модараш дар бораи хӯд чӣ гӯна дӯо мекунад ва аз Худованд барои хӯд чӣ хайру саодате мехоҳад?

Шаб сӯбҳ шуд ва ба ибодату дӯо дар бораи дигарон гӯзашт ва Имом Ҳасан(рз) ҳатто як калима нашунид, ки модараш барои хӯд дӯо кунад. Сӯбҳ ба модараш ҳазрати Фотимаи Заҳро(рз) гӯфт:

Модарҷон! Чаро ман ҳар чӣ гӯш кардам, ту дар бораи дигарон дӯои хайр кардӣ ва дар бораи хӯдат як калима ҳам дӯо накардӣ?

Модари меҳрубон ҳазрати Фотимаи Заҳро(рз) ҷавоб дод:

يا بُنَىَّ ! اَلجارُ ثُمَّ الدّارُ
Писараки азизам! Аввал ҳамсояро дар назар гирифт, баъд хонаи хӯд.1

Дар бораи арзиш ва аҳамияти ҳамсоя Паёмбари Акрам (с) мефармояд:

 مَن كانَ يُؤمِنُ باللهِ واليوْمِ الآخرِ فلْيُكْرِمْ جارَهُ
Ҳар кӣ ба Худо ва рӯзи қиёмат имон дошта бошад, бояд ҳамсояашро азизу гиромӣ бидорад.2

Яқ каме инсоф дошта бошӣ ва як каме андеша бинамоӣ, ҳамчунин инсондӯстӣ ва эҳтиром ба ҳамсояро дар ҳеҷ дину мактабу мазҳабе наметавонӣ пайдо бикунӣ.

Бибинед мо дар куҷо қарор дорем ва сарвару роҳнамоёни мо дар куҷо!





[1] -Биҳор-ул- анвор, ҷ.43, саҳ.81

[2] - Саҳеҳи Муслим, ҳ.47





@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст