Алмизон яке аз тафосири муосир мебошад, ки ба забони арабӣ навишта шудааст ва ба форсӣ ҳам тарҷума гаштааст.

Дар инҷо нигоҳе хоҳем дошт ба тафсири сураи Ҳамд дар ин китоби тифсирӣ.

 

Ҳамду сипос Худоро...

Ҳамдро чунин таъриф мекунанд: Ҳамд сипосест (ки дар муколимоти роиҷ миёни мардум ба он таъриф ҳам мегӯянд) дар баробари як амали некӯе, ки соҳибихтиёрона анҷом дода шудааст.” Масалан, агар касеро бубинем, ки кор ва ё амали некӯеро бо ихтиёри худ анҷом додааст, ӯро сипос мегӯем. Дар забони арабӣ калимаи дигаре ҳам дорем, ки ҳамин маъноро мерасонад ва он калимаи мадҳ аст.

Фарқи ҳамд бо мадҳ дар ин аст, ки мадҳ, ҳам дар баробари амали некӯе, ки соҳибихтиёрона анҷом дода шудааст гуфта мешавад ва ҳам дар баробари як чизи зебо ва некӯе, ки некӯӣ ва зебоияш ба ихтиёри худаш нест.

Бинобар ин, дар мавриди касе, ки бо ихтиёри худ кори некӯ ва зебое анҷом дода бошад, ҳам метавонем бигӯем: Туро ба хотири ин корат ҳамд мегӯем, ва ҳам метавонем гӯем: Туро ба хотири ин корат мадҳ мегӯем.

Вале ҳамд фақат дар баробари амали соҳибихтиёрона гуфта мешавад. Ба ҳамин хотир, агар дар баробари як гули зебое қарор гирем, намегӯем, ки ин гулро ҳамд мегӯям, вале метавонем бигӯем, ин гулро мадҳ мегӯям, зеро зебоӣ ва некӯияш ба ихтиёри худаш нест.

Нуктаи дигаре, ки бояд дар ин ҷо ба он ишора шавад ин аст, ки ҳамд дар ин оят бо ал оварда шудааст, яъне ал-ҳамду лиллоҳ. Дар грамматикаи забони арабӣ чунин аст, ки агар лафзе бо ал оварда шавад, маънои истиғроқ (фарогирӣ) ва ё ҷинсро мерасонад. Пас, агар дар ин ҷо ҳамд бо ал оварда шудааст, мурод аз ҳамд, ҳамаи ҳамдҳо ва ё ҷинси ҳамд аст, ки дар ниҳоят ҳар ду як маъноро ифода мекунанд.

Пас, маънои дақиқи оят ин шуд, ки Тамоми ҳамдҳо ва сипосҳо махсуси Худост, яъне фақат азони Худост, ва ё ин ки Ҷинси ҳамд азони Худост, яъне ҳар ҳамде, ки содир гардад, дар ҳақиқат ба Худо тааллуқ мегирад.

Тавзеҳ он ки Худои субҳон мефармояд: Ҳамон Худо парвардигори шумо офаринандаи ҳамаи чизҳост. (Сураи Ғофир, ояти 62). Яъне ҳар чизе ки либоси ҳастӣ бар тан дорад, офарида ва махлуқи Худост. Дар ҷои дигаре мефармояд: Он Худое, ки ҳар чизро ба некӯтарин шакл офарид. (Сураи Саҷда, ояти 7). Яъне Худо ҳар чизеро, ки офарид, некӯ ва зебо офарид.

Пас, натиҷа ин аст, ки тамоми махлуқот ва мавҷудоти олами ҳастӣ, аз он ҷиҳат, ки офаридаи Худоянд, зебо ва некӯ ҳастанд. Аз ҷиҳати дигар, барои ҳар оқиле рӯшан аст (ва далелҳои ақлӣ ва шаръӣ низ онро таъйид мекунанд), ки Худои субҳон ҳеҷ офаридаеро ба иҷбори иҷборкунандае наофарида, балки бо ихтиёр ва хости худ халқ кардааст.

Пас, натиҷа ин шуд, ки аввалан, ҳамаи мавҷудот, махлуқот ва падидаҳои олами ҳастӣ, офаридаи Худо ҳастанд ва ҷуз Худо офаринанда ва падидоварандае надорем.

Дуюм ин ки ҳамаи ин офаридаҳо аз он ҷиҳат, ки офаридаи Худо ҳастанд, зебо ва некӯ мебошанд.

Сеюм он ки Худо бо ихтиёр ва хости хеш онҳоро халқ карда ва мекунад ва зери иҷбори касе қарор надорад.

Аз назари сифатҳо ва исмҳо ҳам, Худо дорандаи некӯтарин исмҳост: Ба ҷуз Худои якто, ки ҳамаи исмҳо ва сифатҳои некӯ махсуси ӯст, худое нест. (Сураи Тоҳо, ояти 8). Худоро номҳои некӯст, ба онҳо Худоро бихонед ва ононе ки дар номҳои ӯ куфр ва инод меварзанд, ба худ вогузоред... (Сураи Аъроф,ояти 180).

Пас, Худои мутаол зебо ва некӯст дар номҳои худ ва ҳамчунин зебо ва некӯст дар корҳои хеш ва ҳар зебоӣ аз ӯст.

Хулоса ин гардид, ки Худои мутаол мавриди ҳамду сипос аст бар номҳои некӯяш (ва ҳамаи номҳо ва сифатҳояш некӯст) ва низ мавриди ҳамду сипос аст бар корҳои зебо ва некӯяш (ва ҳар падидае дар олами ҳастӣ кори Худост ва аз он ҷиҳат, ки кори Худост, зебо ва некӯст).

Пас барои Худо ҳамду сипос бояд. Ҳамчунин дар олами ҳастӣ ҳеҷ сипосе аз сипосгузоре дар баробари ҳар кори некӯ ва зебое тааллуқ намегирад ҷуз ин ки дар ҳақиқат ин сипос ва ҳамд ба Худо тааллуқ гирифтааст (ва маҷозан ба дигарон тааллуқ мегирад). Зеро зебоӣ ва некӯие, ки ҳамд ба он тааллуқ гирифтааст, аз Худост (на аз худи ӯ, зеро гуфтем, ки ҳар зебоие ба Худо бармегардад).

Пас ҳар ҳамду сипосе махсуси Худост ва ҳамаи сипосҳо барои ӯст.

Оё банда метавонад Худоро он чунон ки ҳаст, тавсиф кунад?

Аз раванди калом дар сураи Ҳамд ошкор аст, ки ин суханон, суханони банда аст аз забони Худо ва зоти поки илоҳӣ барои банда кайфияти ҳамду сипоси хеш ва одоберо, ки банда ҳангоми қарор гирифтан дар мақоми бандагӣ бояд ба он худро биёрояд, меомӯзад. Вагарна худи банда ба худии худ ва бидуни таълими парвардигор тавоноии ҳамди ӯро надорад.

Тавзеҳ ин ки ҳамд худ як навъ тавсиф ва сифат кардан аст ва Худои субҳон дар Қуръони карим хештанро аз васфи сифаткунандагон аз бандагонаш поку муназзаҳ донистааст. Мефармояд: Худо зоти покаш аз ин сифатҳо, ки ба ӯ нисбат медиҳанд, муназзаҳ аст. (Сураи Соффот, ояти 160). Дар ҳеҷ ҷое аз каломи илоҳӣ, мавриде, ки дар он ҳамд (бидуни қайду шарт) аз забони ғайри Худо ҳикоят шуда бошад, надорем ҷуз он чи аз забони шуморе аз паёмбарони мухлас (барои Худо холис шудагон) ҳикоят шудааст.

Худои мутаол хитоб ба ҳазарти Нӯҳ (а) мефармояд: Бигӯ сипос Худоро, ки моро аз зулми ситамгарон наҷот дод. (Сураи Мӯъминон, ояти 28). Ҳамчунин аз забони ҳазрати Иброҳим (а) фармудааст: Сипос Худоро, ки ба ман дар замони пирӣ ду фарзандам Исмоил ва Исҳоқро ато фармуд. (Сураи Иброҳим, ояти 28). Ба паёмбари гиромии ислом ҳазрати Муҳаммад (с) дар чанд ҷое аз Қуъон мефармояд: Бигӯ сипос Худоро (Сураи Намл, ояти 93). Аз забони ҳазрати Довуд ва Сулаймон (а) мефармояд: Гуфтанд сипос Худоро (Сураи Намл, ояти 15). Аз забони аҳли биҳишт (касоне, ки дорои қалбҳои беолоиш буда ва аз суханони беҳуда ва гуноҳ пок ҳастанд) ҳам мефармояд: Охирин суханашон ин аст, ки (гӯянд) сипос Худоро павардигори ҷаҳониён. (Сураи Юнус, ояти 10).

Аммо дар ғайри ин маворид, Худои субҳон, гар чи ҳамду сипосро аз забони бисёре аз махлуқоташ ҳикоят кардааст ба монанди он ҷо ки мефармояд: Фариштагон ба тасбеҳ ва ситоиши Худои худ машғуланд. (Сураи Шӯро, ояти 5) ва ё Раъд (ва барқ) ба тасбеҳ ва ситоиши ӯ машғул аст. (Сураи Раъд, ояти 13) ва ҳатто аз забони кулли мавҷудоти олами ҳастӣ мефармояд: Мавҷуде нест дар олам ҷуз он ки ба тасбеҳ ва ситоиши ӯ машғул аст. (Сураи Исро, ояти 44), вале Худои субҳон ситоишро дар ҳамаи ин маворид, бо тасбеҳ ҳамроҳ овардааст, балки тасбеҳро асл қарор дода ва ҳамдро ба он ҳамроҳ сохтааст. Тасбеҳ, яъне пок ва муназзаҳ донистани Худо.

Сабаби ин ки Худои таоло ҳамдро (яъне ин васфро) аз забони ғайри худаш ба тасбеҳ ҳамроҳ меоварад ин аст, ки ғайри Худои мутаол қодир нест ба ҷамол ва камоли феълҳои ӯ (ҳамон тавр, ки лоиқи зоти ӯ бошад) иҳота намояд ва фаро бигирад, ҳамон тавр ки қодир нест ба ҷамол ва камоли сифатҳо ва исмҳояш (ки дар воқеъ ҷамоли феълҳо аз онҳо сарчашма мегирад) иҳота намояд. Худо мефармояд: Халқро ҳаргиз ба ӯ иҳота ва огоҳӣ нест. (Сураи Тоҳо, ояти 110).

Чаро ки тамоми мавҷудот ва махлуқоти олами ҳастӣ ғайр аз Худои мутаол ҳамагӣ маҳдуд (яъне вуҷудашон вуҷуди ноқис) мебошад ва Худои субҳон зоти бепоён аст ва вуҷудаш комил аст, ва аз куҷо барои вуҷуди маҳдуд ин ки битавонад ба вуҷуди номаҳдуд иҳота ёбад? Мавҷуди маҳдуд, ҳаргоҳ чизеро васф намуд, маънояш ин аст, ки ба он иҳота ёфтааст ва он чиз ба андозаи дарки ин мавҷуд, ба ҳадду марзе маҳдуд гардидааст.

Аз ҳамин ҷост, ки сипос ва ситоише, ки барои зоти поки илоҳӣ мекунанд, танҳо дар сурате дуруст хоҳад буд, ки аввал зоти поки ӯро аз он чи ба миқдори дарки худашон васф кардаанд, пок ва муназзаҳ созанд, яъне тасбеҳаш гӯянд.

Аммо ин ки чаро ҳамду сано аз забони бархе аз мухласин аз бандагон бидуни қайди тасбеҳ ҳикоят шудааст, ба ин хотир аст, ки Худои субҳон ҳамду санои эшон ва васфи ононро ҳамду сано ва васфи худ қарор додааст, чун эшонро барои худаш мухлас (яъне холис) гардондааст. Яъне агар банда барои Худо холис шуд (ки ба он мухлис гӯянд) ва Худо ҳам ӯро барои худаш холис қарор дод (ки ба ӯ мухлас мегӯем), ҳар феълу ҳаракату суханаш дар воқеъ аз Худо хоҳад буд.

Хулоса ин шуд, ки муқтазои одоби бандагӣ ин аст, ки банда парвардигорашро ба ҳамон саное, ки Худо худро ба он хондааст бихонад ва аз он ҳад таҷовуз нанамояд, ҳамчунон ки дар ҳадис аз забони паёмбари гиромӣ (с) омадааст: (Худоё!) Натавонам саноят он чунон хонд, ки Ту худ бар хеш сано хондаӣ.

Пас, каломи илоҳӣ дар аввали сураи Ҳамд, яъне Алҳамду лиллоҳ, таълими одоби бандагист барои банда аз ҷониби Худои мутаол, ки агар Худо онро таълим намедод, банда ҳаргиз наметавонист Худоро худ (ва ба андозаи худ) сано гӯяд.

Кимиёи саодат

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст