
Ба гӯзориши ИКНА - Ҳамзамон бо иди хӯҷастаи беъсати Паёмбари Аъзам (с), гурӯҳе аз масъӯлони низом, кормандони давлат, намояндагон ва сафирони кишварҳои исломӣ бо раҳбари муаззами инқилоби исломии Эрон, ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ рӯзи сешанбе дидор намуданд. Дар ин мулоқот раҳбари муаззами инқилоб фармӯданд: "Ҷараёни беъсат як ҷараёни доимӣ ва пайваста аст ва дар ҳамаи давраҳо метавон аз баракоти беъсат истифода бӯрд."
Ҳазрати Оятуллоҳ Хаманаӣ, раҳбари инқилоби исломӣ дар ин мулоқот зимни изҳори табрик ба ҳозирини мӯҳтарам, ба тамоми миллат Эрон, ба тамоми уммати бузӯрги исломӣ ва ҳамаи озодихоҳон ва озодагон дар саросари ҷаҳон фармӯданд: "Беъсати Паёмбари Акрам (с) барои озодагон дар ҷаҳон воқеан иди бузӯрг аст."
Раҳбари инқилоби исломии Эрон афзӯданд: "Имсол иди мабъас бо феврали пирӯзии инқилоби исломӣ ҳамзамон шудааст. Умедворем, ки ҷараёни феврал, ҷараёни инқилоби исломӣ, ҳаракати мо, ки мо дар он қарор дорем ва нияти бунёдгӯзори ин ҳаракат(Имом Хумайнӣ (рҳ)) пайравӣ аз Паёмбари Акрам (с) ва беъсат буд, ин ҳаракат иншоаллоҳ дар ҳамин роҳ идома ёбад ва роҳ хӯдашро пеш бибарад."
Ҳазрати Оятуллоҳ Хаманаӣ, дар ин дидор беъсатро ҷараёни доимӣ ва пайваста дониста ва мӯҳимтарин дарси он барои ҷомеъаи башарӣ, ба усус мусулмононро, бакоргирии ақл ва имон барои эҷоди таҳаввули фикрӣ ва идрокӣ донистанд, таъкид карданд: Дар даврони ҳозира, ҷараёни муқовимат, ки аз пирӯзии инқилоби исломӣ оғоз шуд, ҷилвае аз беъсат аст, ки бо бакоргирии ақл ва имон тавонист миллатҳои мусулмон ва ҳатто ғайри мусулмонро бедор кунад.
Ба зонӯ даромадани режими саҳюнистӣ дар муқобили Ғаза ва Лубнон натиҷаи ҳамон муқовимат аст.
Раҳбари муаззами инқилоби исломии Эрон, бо таъкид бар он ки беъсат яке аз пӯрбаракаттарин ва бузӯргтарин воқеъаҳои олам ва таърихи башарият аст ва ин ки як ҳодисаи маъмӯлӣ нест, балки аз бартарин воқеъаҳои таърихист, иброз намуданд: "Воқеъаҳои бузӯрг коркардҳои зиёде дар соҳаҳои гуногӯни фардӣ ва иҷтимоӣ доранд. Лекин яке аз мӯҳимтарин ва шояд бигӯем мӯҳимтарин вазифаҳои воқеаҳои бузӯрг, ин ба вуҷӯд овардани таҳаввӯл ва дигаргӯнии фикрӣ ва идрокӣ дар шунаванда мебошад."
Пас омил ва сабаби ин таҳаввӯл ва дигаргӯнӣ чист? Яъне вақте ки ҳамаи паёмбарон, аз ҷӯмла Паёмбари бузӯргвори ислом (с) мехоҳанд, ки ин дигаргӯниро ба вуҷӯд оваранд, василаашон чист?
Омили ин таҳаввӯл ва дигаргӯнӣ ду чиз аст: "ақл" ва "имон".
Ақл қӯвваест, ки Худованди мутаъол ба тамоми башарият ато кардааст, ки баъзе одамон онро фаъол мекунанд ва аз он истифода мекунанд, вале бисёре ҳам онро фаъол намекунанд. Имон ҳам мисли ақл аст. Дар фитрати ҳамаи инсонҳо, имон ба ҳақиқат ва имон ба Худо вуҷӯд дорад, аммо инсонҳо фаромӯш мекунанд.
Пайгамбарон меоянд, ақлро бедор мекунанд, инсонро ба ёди имонаш бияндозанд. Диққат кунед, ки калимаи "зикр" ва "ёдоварӣ" дар Қуръон чиқадар такрор шудааст. Ин имон дар ман ва шумо ҳаст; бояд онро ба мо хотиррасон ва ёдоварӣ кунанд, бояд моро аз он огоҳ кунанд. Вақте ки ақлу имон зинда шуд, зиндагӣ рӯшд мекунад; Онгоҳ инсони соҳиби ақлу имон метавонад роҳи зиндагиро, роҳи ростро пайдо кунад ва дар он харакат кунад.
Онгоҳ як воқеъа ва як дигаргӯни бузӯрг дар зиндагии мардӯм метавонад асар бигзорад ва мондагор шавад, ки битавонад таҳаввӯл ва дигаргӯнии фикрӣ ва идрокӣ дар мӯхотаб ва шунавандаи хӯд ба вуҷӯд биоварад؛ Вақте, ки фикр дурӯст шуд, амал низ дуруст мешавад, ин як асл аст.
Низоми зиндагӣ бар асоси он андеша ва фикре аст, ки дар идора кунандагони он зиндагӣ вуҷӯд дорад. Агар таҳаввӯл ва дигаргӯнии фикрӣ ва идрокӣ ва фаҳми олами вуҷӯд дар инсонҳо ва дар ҷомеъа ба вуҷӯд омад, онвақт низомҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, низомҳои ахлоқӣ ва низомҳои иҷтимоъӣ бар асоси он ба вуҷӯд хоҳад омад ва ташкил хоҳад шуд. Беъсати Паёмбари акрам (с) аз ин ҷиҳат барҷаста аст.
Ҳоло ҷиҳатҳои барҷастагии беъсат аз ҳамаи воқеаҳои дигар фарқ мекунанд, ки ҳамаи он маҳали баҳси мо нест. Аммо дар ҳамин хусусият ҳам беъсати Паёмбари Акрам (с) фавқӯлода аст. Таҳаввӯл ва дигаргӯние, ки ба вуҷӯд овард, чӣ касонеро, чӣ афкореро, чӣ рафтореро, чӣ ҷомеъаеро бо он рӯ ба рӯ шуд ва табдилашон кард ба чӣ инсонҳое, ба чӣ ҷомеъае, ба чӣ мардӯме, чӣ дар замони хӯд ва чӣ дар гӯзашти замон.
Ҳазрати Оятуллоҳ Хаманаӣ, имон ва рукни аслии он, яъне тавҳидро, аз усӯли ҷаҳонбинии исломӣ ва пояи ташкили ҷомеъаи исломӣ хонданд ва хотирнишон карданд: Ҷараёни беъсат як ҳодисаи дафъи ва хосси як даврон нест, балки як ҷараёни доимӣ ва пайваста аст ва дар ҳамаи давраҳо метавон аз баракоти беъсат истифода бӯрд.
Вай яке аз паёмҳои мӯҳими беъсат барои тамоми давлатҳо ва миллатҳои мусалмонро бовар ба ҳақиқати “ аз они Худо донистани иззат ” хонданд ва гӯфтанд: Бо бархӯрдори аз иззати илоҳӣ, ҳеҷ дӯшман ва ё омили бегонаи қодир ба асаргӯзории манфӣ дар ҳеҷ як аз соҳатҳои рӯҳӣ ва ҷисмӣ нахоҳад буд.
Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ баён карданд, ки ҷараёни муқовимат, ҳаракати муқовимат ҷилвае аз беъсат аст ва гӯфтанд: "Муқовимат, ки аз Эрони исломӣ оғоз ёфт, умматҳои мусулмонро бедор кард. Баъзе умматҳои мусулмонро ба саҳна овард, умматҳои мусулмонро умумӣ бедор кард ва виҷдони бисёре аз ғайри мусулмонҳоро низ бедор кард. Низоми султа (системаи Созмони Милали Муттаҳид (ва Амрико шинохта шуд, ва шиносонда шуд. Бисёре аз миллатҳо низоми султа (системаи СММ-( ро намешинохтанд.
Раҳбари муаззами инқилоби исломии Эрон, нигоҳи ақлонӣ ба ҳаводиси имрӯзи дӯнёро барои ҳама, бахусӯс масъулони Эрони бузӯрг ва исломӣ зарурӣ баршумӯрданд ва дар табйини токтик ва рӯйкарди истеъмор барои ғорати ҷомеи башарӣ гӯфтанд: Таърихи истеъмор )капитализм( нишондиҳандаи се марҳалаи “ғорати манобеи табиӣ”, “ғорати фарҳангӣ ва тахриби фарҳангҳои асил” ва “ғорату тасарруфи ҳӯввияти милливу динии миллатҳо” аст ва имрӯз низ дастгоҳҳои қудратманд ва шайтонии олам дар ҳоли таҳмили ҳар се марҳалаи истеъмор бар зидди миллатҳо ҳастанд.
Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, давлати Амрикоро сарвар ва дар сафи пеши қудратҳои истикборӣ ва истеъморгар ва як давлате, ки зери нуфӯзи сармоядорон ва қудратмандони молии ҷаҳон хонданд ва афзӯданд: "Кортелҳои бузӯрги молӣ ҳарӯз барои тағйири ҳӯввият ва манофеи миллатҳо ва тавсеаи нуфӯзи истеъмории хӯд нақша доранд. Ба таъбири Қуръон, ҳар чӣ шуморо гирифтори ранҷ кунанд, Онҳо дӯст медоранд.
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ гӯфтанд: Инки намояндагони Конгресси Амрико барои қотилу омили тикка-тикка кардани ҳазорон кӯдак каф мезананд ва ӯро ташвиқ мекунанд ва ё ба капитани нови амрикоӣ, ки ҳавопаймои мусофирбарии Эрон бо 300 сарнишинро сарнагун кард, медали ташвиқӣ медиҳанд, намунаҳое аз ботини хабису дӯшманиҳову кинаҳои онҳост, ки пушти лабхандҳои дипломатӣ пинҳон аст ва бояд дар муқобили ин ҳақоиқ чашмони хӯдро боз кард. Ба таъбири Қуръон, мо набояд бо онҳо пинҳонӣ дӯстӣ барқарор намоем.
Вай ба зарурати ҳӯшёрӣ дар руёрӯиҳои ҷаҳонӣ таъкид карда, ва афзӯданд: Мо бояд эҳтиёт кунем ва ҳӯшёр бошем, ки бо чӣ касе рӯ ба рӯ ҳастем ва бо чӣ касе муомила мекунем ва бо чӣ касе сӯҳбат мекунем.
Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ дар идома афзӯданд: "Шумо ба Ғазза нигоҳ кунед. Ғазза минтақаи маҳдӯд ва хӯрд аст. Режими саҳюнистӣ (Исроил (то дандон мусалаҳ ва дорои пӯштибонии комили Амрикост, ки Ғазза режими саҳюнистиро ба зону даровард, ин шӯхи аст? Ин он ҷилва ва чакидае аз беъсат аст. Ин ҳамон бакоргирии имон ва ақл аст. Ин ҳамон тиловат кардани оятҳои Қуръон аст. Ин пайванд ба Хӯдо аст. Ин он эътиқод ба «اِنَّ العِزَّةَ لِلَّهِ جَمیعاً» инал ъиззата лиллоҳи ҷамиъан (пирӯзӣ ҳамааш аз сӯи Хӯдост( аст."
Раҳбари муаззами инқилоби исломии Эрон, иброз намуданд: "Ҳизбуллоҳи сарафроз хесорати ба ҳадди аз даст додани шахсияти монанди Сайид Ҳасан Насруллоҳро мебинад, ин шӯхи нест. Мо магар чанд инсони бузӯрг дар ҷаҳон, дар ҳадду қуввати Сайид Ҳасан Насруллоҳ, ин шаҳиди бузӯргвор, дорем? Як чунин шахсияте аз байни Ҳизбуллоҳ рафт. Дӯшману дӯст фикр мекарданд, ки Ҳизбуллоҳ тамом шуд, аммо Ҳизбуллоҳ нишон дод, ки на танҳо тамом нашуд, балки ҳолу ангезааш барои муқовимат ҳам бештар шуд ва тавонист дар муқобили режими саҳюнистӣ истодагарӣ намояд. Ин ҳамон беъсат аст. Ин моли мусулмонон аст. "
Дар ғайримусулмонон ҳам виҷдонҳо такон хӯрд. Оморе, ки ба ман доданд, ҳудӯди 30 ҳазор тазоҳӯроти зидди саҳюнистӣ (Исроил( буд, 30 ҳазор тазоҳӯроти зидди саҳюнистӣ (Исроил ( дар 619 шаҳри ҷаҳон дар ин давра барпо шуд! Мардӯм бедор шуданд, виҷдонҳо бедор шуд, ин муқовимат аст; Ин муқовимат як ҷилвае аз беъсат аст.
Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ гӯфтанд: Дар хӯди Амрико гурӯҳҳое ҷамъ шуданд, ки Амрикоӣ буданд, гӯфтанд: «Марг бар Амрико»; дар хӯди Амрико! Ин ҳамон таҳаввӯл ва дигаргӯнии идрокӣ аст; Ин ҳамон чизе аст, ки паёмбарони бузӯрг барои он саъй мекарданд ва бузӯргтарин, мӯҳимтарин ва аҷибтарин навъи онро Паёмбари гиромии Ислом (с) дар замони хӯд ва то охири дӯнё ба вуҷӯд оварад. Имрӯз ҳам муқовимат онро нишон медиҳад.
Бинобарин ҳавосамон ба ин ҳақиқатҳо бошад ва ин ояти Қуръонро фаромӯш накунем. « وَ لا تَهِنوا وَ لا تَحزَنوا وَ اَنتُمُ الاَعلَونَ اِن کُنتُم مُؤمِنین »
Эй мусулмонон, сустӣ накунед ва барои аз даст додани моли дӯнё ғамгин нашавед, зеро шумо пирӯзед, агар дар имони хӯд устувор бошед.