Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
Пайғамбар (с) дар Қуръон
Қуръон Пайғамбари Акрам(с)-ро улгӯи некӯ муаррифи кардааст, бар ин асос лозим буд ба таври комил муаррифияш кунад, як улгӯ тамоми вижагиҳо ва сифатҳои некӯӣ инсониро бояд дошта бошад, то битавонад улгӯ қарор гирад. Қуръон Пайғамбари ислом(с)-ро улгӯӣ башарият дар ҳамаи соҳаҳои зиндагӣ медонад. Пас бар ин асос башарият бояд бишносанд, ки улгӯи онҳо чи хусусиёт ва вижагиҳое доштааст, ки аз тарафи Худо чунин муаррифи шудааст.
Дар инҷо яке за хусусиёт ва он вижагиҳоеро, ки Қуръон барои Пайғамбар (с) гуфтаастро меоварем. Вуҷуди мубораки Пайғамбар (с) ва Қуръон дар ҳақиқат як чизи воҳиде ҳастанд, яъне Пайғамбар (с) худи Қуръон ва Қуръон худи Пайғамбар (с) аст, ва ин ду аз ҳам ҷудо намешаванд. Қуръон ба ин матлаб таъкид кардааст, ва вуҷуди Пайғамбар (с) -ро ҳамроҳи Қуръон донистааст, ки аз ҳам ҷудо намешаванд:
الَّذِينَ يَتَّبِعُونَ الرَّسُولَ النَّبِيَّ الْأُمِّيَّ الَّذِي يَجِدُونَهُ مَكْتُوباً عِنْدَهُمْ فِي التَّوْراةِ وَ الْإِنْجِيلِ يَأْمُرُهُمْ بِالْمَعْرُوفِ وَ يَنْهاهُمْ عَنِ الْمُنْكَرِ وَ يُحِلُّ لَهُمُ الطَّيِّباتِ وَ يُحَرِّمُ عَلَيْهِمُ الْخَبائِثَ وَ يَضَعُ عَنْهُمْ إِصْرَهُمْ وَ الْأَغْلالَ الَّتِي كانَتْ عَلَيْهِمْ فَالَّذِينَ آمَنُوا بِهِ وَ عَزَّرُوهُ وَ نَصَرُوهُ وَ اتَّبَعُوا النُّورَ الَّذِي أُنْزِلَ مَعَهُ أُولئِكَ هُمُ الْمُفْلِحُونَ)
"[Ҳамон] Касоне, ки аз ин фиристода, паёмбари дарс нахонда пайравӣ мекунанд, ки ӯро назди худ дар Таврот ва Инҷил, навишташуда меёбанд, дар ҳоле ки ононро ба маъруф амр мекунад ва ононро аз мункар наҳй мекунад; ва покизаҳоро барояшон ҳалол мекунад ва палидиҳоро бар онҳо ҳаром месозад ва бори сангини онҳо ва занҷирҳоеро, ки бар онон буд, аз онҳо бармедорад; пас, касоне, ки ба ӯ имон оварданд ва ӯро гиромӣ доштанд ва ӯро ёрӣ намуданд ва аз нуре ки бо ӯ нозил шуд, пайравӣ карданд, онон худ растагоранд.(аъроф, 157).
Ин оят нукоти бисёр ҷолибе дорад, ки лозим аст, бештар диққат шавад, то ҷойгоҳи Расули Худо (с)-ро дар Қуръон бишиносем, ин ки мегӯяд: Нуре, ки ҳамроҳи ӯ нозил шуд, ин худ як нукта ва паёме бисёр дақиқ ва муҳимме дорад. Таваҷҷӯҳ дошта бошем намегӯяд нуре, ки бар ӯ нозил шуд, балки мегӯяд: Нуре, ки ҳамроҳи ӯ нозил шуд, сухан аз нузул ва фуруд омадан аст, яъне Расули Худо (с) бо нуре, ки аз осмон ва аз назди Худои мутаол бар башарият нозил шуд, ин оят ҳар дуи Қуръон ва вуҷуди мутаҳҳари Пайғабар (с)- ро нозил шуд аз ҷониби Худованд медонад.
Худованд дар ин оят аз итоат ва пайравӣ сухан мегӯяд, дар зери ин оят муфассирон баҳсҳои зиёде кардаанд ва матолиби муҳиммеро гуфтаанд, дар инҷо яке аз онҳоро меоварем:
Ин ки Худованд фармуда аст, аз Пайғамбаре итоат ва пайрвӣ кунед, ки ба ҳамроҳи ӯ нур нозил шудааст. Аз инҷо маълум мешавад, ки ҳар ду назди Худованд ҳузур доштаанд ва Худованд якеро нозил кард (Қуръон) ва дигариро ирсол ва фиристод (Пайғамбар); яъне агар инсони комил бихоҳад ба сурат ва шакли китоби навишта шуда ҷилва кунад мешавад Қуръон ва агар Қуръон бихоҳад ба шаклу сурати инсони комил дарояд, мешавад вуҷуди Пайғабмр (с), ...
" وَ اتَّبَعُوا النُّورَ الَّذِي أُنْزِلَ مَعَهُ "
"Ва аз нуре, ки бо ӯ нозил шуд, пайравӣ карданд"
Аз ин оят маълум мешавад, ки Қуръон ба ҳамроҳи Пайғамбар (с) ҳар ду нозил шудааанд, ба сухани беҳтар яке нозил шуд ва дигари ирсол ва фиристода шуда аст.
Одрес: Ҷаводии Омулӣ, тафсири мавзӯӣ, ҷ 9 саҳ 492. (бо тағйироту хулоса кардан).