Золимонро беҳтар бишиносед
Касоне ки дар ҷомеа дар сафи золимонанд ё худ яке аз касоне ҳастанд, ки бар дигарон зулм мекунанд, вақте ҳақ бар онҳо ҷорӣ шавад ва қарор шавад, ки посухгӯи рафторҳои золимонаашон шаванд, талаб мешавад, ки бо онҳо одилона рафтор шавад ва аз рӯи зулму ситам ҳаққашон аз байн наравад.
«فلَمَّا أَنْ أَرَادَ أَن يَبْطِشَ بِالَّذِي هُوَ عَدُوٌّ لَّهُمَا قَالَ يَا مُوسَي أَتُرِيدُ أَن تَقْتُلَنِي كَمَا قَتَلْتَ نَفْساً بِالْأَمْسِ إِن تُرِيدُ إِلَّا أَن تَكُونَ جَبَّاراً فِي الْأَرْضِ وَمَا تُرِيدُ أَن تَكُونَ مِنَ الْمُصْلِحِينَ»
"Пас, замоне, ки [Мӯсо] хост ба касе, ки ӯ душмани ҳар дуи онҳо буд, ҳамла кунад, гуфт: «Эй Мӯсо! Оё мехоҳӣ маро бикушӣ ҳамон гуна ки дирӯз шахсеро куштӣ? Намехоҳӣ магар ин ки дар замин ситамгар бошӣ; ва намехоҳӣ, ки аз ислоҳгарон бошӣ»."(Сураи Қасас, ояти 19)
Ин достони Ҳазрати Мӯсо (а) ва шахсе аз тарафдорони Фиръавн аст, замоне ки Мӯсо (а) дар шаҳр гашт мезад, садои касеро шунид, ки аз мардум додхоҳӣ ва талаби кӯмак мекард. Ҳазарти Мӯсо (а) рафт, то кӯмакаш кунад, дар ин ҳангом буд, ки он золим ба Мӯсо (а), ки худаш фарди ситамгар буд, туҳмати ситамгарӣ мезанад ва мегӯяд: Эй Мӯсо мехоҳи маро ба қатл бирасонӣ, ҳамон тавре ки дирӯз касеро ба қатл расондӣ ва мехоҳи аз фосидон бошӣ?
Ин гурӯҳ зулм ва ситами худро нистбати ба дигарон намебинанд, ҳарчи зулму ситам кунанд исмашро мегузоранд таъмини амният ва ҳақхоҳӣ, вале вақте қарор бошад, касе аз мазлум ҳимоят кунад ва бихоҳад ҳақи мазлумро аз золим бигирад, бо тамоми вуҷуд фарёд мезанданд, ки бубинед дорад бар ман зулм мешавад.
Ин шеваӣ золимон дар ҳар замону маконе аст, онҳо бар дигарон зулм мекунанд, вале ҳар вақт қарор шуд мазлум аз худ дифоъ карда ҳаққи худашро талаб кунад ва ё дигаре ба кӯмаки мазлум биояд, нидо сар медиҳанд, ки дар ҷомеа зулм шудааст, ин афрод ҳақхоҳиву дифои дигаронро зулм меноманд.