Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
Пирӯзии ногаҳонии ҳақ бар ботил
Ҳокимияти иҷтимоъӣ ва ҳукумат бар мардум дар тӯли таърих бештар дар дасти ҷараён ва гурӯҳҳои ботил будааст, на дар дасти афроди солеҳ ва пайравони мактаби тавҳид, вале баъзе вақтҳо, ногаҳонӣ пайравони дини ҳақ ва мардуми мазлум бар аксарияти ботил ва ҳокимони золим пирӯз мешуданд. Суннати илоҳӣ аст, ки гоҳе тағйироти ногаҳонӣ ба нафъи ҷараёни ҳақ ва ғалабаи мӯъминон бар аксарияти ҷараёни ботил ва золим рақам мехӯрад. Суннати илоҳӣ ва иродаи илоҳӣ бар он аст, ки ҳақ ва ҳақиқат бар ботил пирӯз шавад.
«بَلْ نَقْذِفُ بِالْحَقِّ عَلَى الْباطِلِ فَيَدْمَغُهُ فَإِذا هُوَ زاهِقٌ...»
"Балки ҳақро бар ботил меафканем ва онро дарҳам мешиканад ва ногаҳон он [ботил] нобуд шавад;" (Сураи Анбиё, ояти 18).
Тафсир ва нуктаҳо:
✔ Луғати "قذف; қазф" ба маънои партоб аз роҳи дур ва бо суръат ва қудрат аст, луғати "دمغ -дамғ" низ ба зарбаҳое гуфта мешавад, ки ба сар зада мешавад ва то мағзи сар асар мекунад, зарбаҳои маҳкам ва шадид.
✔ Бар асоси ин ояти Қуръон бархе таҳавуллот ва дигаргуниҳои иҷтимоъӣ ба нафъи ҷараёни ҳақ ва мӯъминон ва бар зидди ҷараёни ботил аст; тағйироти ногаҳоние, ки дар муддати кӯтоҳ шакл мегирад. Гоҳе тарроҳӣ ва барномарезии Худованд тавре аст, ки дар муддати кӯтоҳе, дил ва қалби мардум ба ҷабҳаи ҳақ мутамойл мешавад ва гурӯҳи ками мӯъмин ва муваҳҳид бар аксарияти ботил пирӯз мешавад ва ботилро аз ҷомеа берун мекунад.
Суннати Худои Мутаол инчунин аст, ки ботил, зулм, золимон ва туғёнгаронро муҳлат диҳад, то рӯзе ки ба ҳақ рӯ ба рӯ шаванд ва бо он муқобила кунанд, то ба хиёлу гумони худ ҳақро аз байн бурда ва худашон ҷой онро бигиранд, вале Худо бо дасти ҳақи худ, ботилро аз байн бурда ва нобудаш кунад. Ин ҳамон маъное аст, ки аз ин оят истифода мешавад.
«بَلْ نَقْذِفُ بِالْحَقِّ عَلَى الْباطِلِ فَيَدْمَغُهُ فَإِذا هُوَ زاهِقٌ»
"Балки ҳақро бар ботил меафканем ва онро дарҳам мешиканад ва ногаҳон он [ботил] нобуд шавад;"
Ва ин ки фармуд: "فَإِذا هُوَ زاهِقٌ" ва ногаҳон он [ботил] нобуд шавад; далолат бар ин маъност, ки ин даргирии ҳақу ботил ногаҳонӣ воқеъ мешавад. Вақте ки дигар касе умед ба ин надорад, ки ҳақ ғолиб шавад ва ботил нобуд, дар ин ҳангом Худованд ботилро бо ҳақ аз байн мебарад.
Ҷараёни ботил ва ҳокимони золим дар ҷомеа гоҳе он қадар зулм мекунанд ва мардумро таҳқиру озор медиҳанд, ки ҳеҷ умеде ба нобудии онҳо дар зеҳн намерасад, золимон ҳам бошад ба фикри ин ҳастанд, ки дигар касе наметавонад онҳоро шикаст диҳад. Гоҳе аз подшоҳӣ ва раиси ҷумҳурӣ, эълони пешвоӣ ва худоӣ ҳам мекунанд, аммо Худованд ногаҳон қалбҳо ва афкорро бар зидди онҳо равона мекунад, то бо дасти заъифони ҷомеа ва касоне, ки маҳрум нигоҳ дошта шудаанд аз байн бираванд.
Ин суннати илоҳӣ дар таърих буда ва Қуръон аз онҳо ёд кардааст, монанди Фиръавн ба унвони ҷараёни золими ситамгар ва Мӯсо (а) ба унвони ҷараёни ҳақ, заъиф ва маҳрум. Дар рӯзгори мо ҳам ин сунати илоҳӣ ҷорӣ буда мо шоҳиди он ҳастем, ки вақте афроди бадсиришт ба қудрат мерасанд ва фикр мекунанд, ки аз ҳама чизу кас бениёз шудаанд, дар муқобили Худои бениёз меистанд ва қонунҳое дуруст мекунанд, ки бар зидди қонунҳои Худои Қодир аст. Ғофил аз ин ҳастанд, ки дар баробари Фиръавнҳо Мусоҳое меояд ва онҳоро сарнагун месозанд.