Эй Пайғамбар (с) Худоро дар дилҳо бузург кун!

Худованд дар Қуръон ба Пайғамбар (с) дастур медиҳад, ки ном ва азамати Худоро дар дилҳои башарият бузӯрг кунад. Агар Худо дар дилҳо бузург шавад ва ҷой бигирад, инсонҳо худ ба суроғаш мераванд ва бандагӣяшро ба ҷо меоваранд. Ба ин хотир Худованд ба Пайғамбар (с) амр ва дастур медиҳад, ки Худоро дар назд ва дар афкори марум бузург кунад, то мардум аз бутҳои ҳақиру паст, ки бо дасти худ сохтаанд даст бардоранд ва бандагии Худоро кунанд.

Худованд дар Сураи Муддасир вақте Пайғамбар (с) ро дастур ба қиём ва омодабош барои тарбияти инсон ва ҳидояти ӯ медиҳад, роҳнамоӣ мекунад, ки чигуна башариятро аз бутпарастӣ ва ҳавопарастӣ наҷот диҳад ва ба сарманзили ҳидоят бирасонад. Дар ибтидо мегӯяд Худоро бузург кун.

"وَ رَبَّكَ فَكَبِّرْ"

"Ва Парвардигоратро, пас, бузург бидор."

Худованд ба Пайғамбар (с) мегӯяд: барои ин ки ту эй фиристодаи ман битавони ин ҳаракати бузургро дар ҷомеа ба вуҷуд биоварӣ ва ҷомеаро як ҷомеаи муваҳҳид ва Худопараст кунӣ, бояд шароитеро дошта бошӣ, ки бидуни он шароит ба ҳадафат намерасӣ.

Аввал ин ки бояд ҳамеша ва ба ҳолати омодабош омода бошӣ, бо хоб ва бидуни талош ҷомеа муваҳҳид намешавад, шайтон ба унвони душмани қасамхурда ва инсонҳои ки дар итоати шайтонанд намегузоранд ба ҳадафат бирасӣ, пас бояд дар муқобили онҳо биистӣ. Лизо мефармояд:

"يا أَيُّهَا الْمُدَّثِّرُ، قُمْ"

"Эй ҷомаи хоб [ба худ] печида! Бархез;"

Баъд аз он ки дар муқобили онҳо истодӣ ва сина сипар кардӣ, метавони ба мардум огоҳи ва ҳушдор бидиҳӣ:

" فَأَنْذِرْ".

"ва ҳушдор деҳ"

Худоё! Чи бигӯям, то мардум огоҳ шаванд ва аз парастиши бутҳои сохтаӣ дасти худ раҳоӣ ёбанд? Худованд мефармояд, ки ҳол ки истодӣ дар муқобилашон, бояд бигуӣ, ки Худо бузург аст.

"وَ رَبَّكَ فَكَبِّرْ"

"Ва Парвардигоратро, пас, бузург бидор."

Хитоб дар инҷо тамоми башар аст, ки Худои Мутаол ба василаи Пайғамбар (с) ба онҳо мерасонад. Вақте ки Пайғамбар (с) гуфт Худо бузург аст, магар мушкили ҷомеа ҳалу фасл мешавад ва онҳо Худо параст мешаванд бо гуфтани ин ҷумла?

Аз лиҳози равонӣ, то чизе дар чашму фикри инсон бузург набошад парастишаш ва ситоишаш намекунад ва ин ҷумла ҳам дар ибтидо мехоҳад бигӯяд ғайри Худо ҳама чиз ҳақир аст, пас дар ёд дошта бошед.

То Худо дар чашм ва даруни инсонҳо бузург нашавад ва дар тамоми зиндагии худ Худоро набинанд парастиш ва бандагии Ӯро нахоҳанд кард. То замоне ки ман ба ин биниш нарасам, ки танҳо Худо метавонад манро наҷот диҳад ва растагории ман замонест, ки ба Ӯ бирасам; бо Ӯ ҳам дам ва ҳамсу нахоҳам шуд.

Ман, то замоне ки инро нафаҳмида бошам ки Худо чиқадар бузург аст ва ман чи бо Ӯ иртибот дошта бошам нахоҳам фаҳмид, ки худам чи мақом ва ҷойгоҳе дорам, инсон баъд аз он ки азамат ва бузургӣ Худо дар дилаш ҷой гирифт ба ӯ нишон дода мешавад, ки худаш чи арзише дорад. Лизо тамоми мактабҳои, ки аз инсон сухан мегӯянд замоне дар ин гуфтори худ содиқ ва ростгӯ ҳастанд, ки аввал битавонанд Худоро дар дилҳо бузург кунанд. То инсон Худоро бузург надонад, дар ҳар мактабе бошад таҳқир шуда ба шумор меравад ва иззату эҳтиромаш поймол мешавад.

Мактабҳо ва андешаҳои ғайри илоҳӣ дар ниҳоят мақоми инсонро аз ӯ нафй мекунанд ва аз ӯ мегиранд! Дар инҷо савол ба зеҳни хонанда мерасад, ки чигуна ва чаро мақом ва ҷойгоҳи инсонро нафй мекунанд? Дар посух бояд гуфт: Кофист ба андешаҳое, ки ҷаҳони имрӯза ҳокиманд таваҷҷӯҳ ва андеша дошта бошем, мегӯянд озодии инсон, ҳуқуқи башар, ҳимоят аз ҳуқуқ, баъд аз ҳамҷинсгароҳо ҳимоят мекунанд ба унвони ҳақи инсон, дар навиштае хонда будам, ки имрӯза аз издивоҷ бо маҳорим ҳам ҳимоят мекунанд ва ё изивоҷ бо ашё, яъне инсон бо мошин ва ашёи дигар издивоҷ кунад ҳимоят мекунанд, сагу ҳайвоноти дигар тамом шуд. Ҳол бояд хонандаи муҳтарам худ бидонад ва ба хулоса барояд ки воқеън бо вуҷуди чунин мактабҳо, мақоме барои инсон боқи мемонад ё на?.

Ин ки Худованд ба Пайғабмар (с) мегӯяд: бояд аввал Худо дар чашм ва қалби инсон бузург шавад, то бифаҳмад, ки худ чиқадар бузург аст, як андеша ва усули бисёр муҳим аст. Инсон ба андозаи маъбудҳо ва маҳбубҳояш бузург мешавад, вақте бут шуд Худо, бутпараст бояд аз бут пойнтар ва ҳақиртар бошад, то ӯро таъзим ва ситойш кунад; вақте ашё ҳамонанди мошин ва,... шуд Худо, издивоҷ бо онҳо ифтихор аст, на ҳақорат ва пастӣ, муҳимтар ҳам ин ки ҳимоят аз ин навъ издивоҷ ҳимоят аз инсоният мешавад, ба расмият шинохтани бутпарасти ва ҳатто олатпарастӣ, ҳимоят аз ҳуқуқ ва озодии башар ба шумор меравад ва ифтихор аст.

Ҷолибтар аз ҳама ин ки ҳаминҳо бо дини Ислом пинҳони ва ошкоро мухолифат мекунанд, аз густариш ва ҷаҳонишавии он ҷилавгирӣ мекунанд!

Инсон то замоне, ки Худоро дар мафкураи худ бузург накарда бошад ва ситоиш накунад, ҳамеша бутпараст аст ва аз он ҷудо намешавад ва фарқи бо бутпарастони асрҳои гузашта намекунад ҳарчанд буташ либосашро иваз карда бошад ва аз гил ва чуб сохта нашуда бошад.

Шояд баъзеҳо тааҷҷуб кунанд ва фикр кунанд, ки имрӯза дигар бутпарасти вуҷуд надорад ва бут беарзиштар ва пасттар аз он аст ки инсон парастишаш кунад?

Вале бояд посух дод, ки имрӯз ҳам бутпарастон зиёданд ва бештар ҳам шудааст, касе ки Худо дар дилаш бузург набошад ҳамеша бутпараст аст, ҳарчанд бутеро ки худ месозад напарастад, вале бутпараст аст, чунин инсонеро буташро тағйир медиҳанд, ӯ аз буте ҷудо мешавад дар буте дигаре мечаспад.

Инсон вақте Худо дар дилаш бузург шуд, либоси итоати ғайри Ӯ аз вуҷудаш мерезад, дар ин ҳангом метавони либоси пок дошта бошӣ ва бояд ҳам дошта бошад, дар давом ва оятҳои баъди мефармояд:

"وَ ثِيابَكَ فَطَهِّر، وَ الرُّجْزَ فَاهْجُر ْ"

"Ва либосҳоятро, пас, поксоз; Ва аз палидӣ, пас, дур шав."

Ин либос ва пушиш либоси тақво ва парҳезкорӣ аст, ки бар тан кардаӣ; хосият ва вижагияш ин аст, ки бадиҳои туро мепӯшонад ва аз дигарон пинҳон мекунад, вале нақсҳо ва айбҳоятро барои худат бозгу мекунад. Шайтон ва ҳамроҳонаш бадиҳоятро ошкор мекунанд, вале Худо ва бандагонӣ солеҳаш онҳоро пинҳон мекунад. То замоне ки итоат ва бандагӣ Худоро анҷом диҳӣ, ин либос барои ту зебанда ва ҳамроҳат аст, ва ин беҳтарин либос аст.

Қуръон дар достони Ҳазрати Одам (а) ва ҳамсараш Ҳаво ба ин либос ишора кардааст ва мегӯяд, то замоне ки онҳо дар итоати Худо буданд ва шайтон ба онҳо наздик нашуда буд айбҳояшон пушида буд, вале замоне ки шайтон бар онҳо наздик шуд бадиҳояшон барои ҳамдигар ошкор шуд.

«يا بَنِي آدَمَ قَدْ أَنْزَلْنا عَلَيْكُمْ لِباساً يُوارِي سَوْآتِكُمْ وَ رِيشاً وَ لِباسُ التَّقْوى‏ ذلِكَ خَيْرٌ ... (26) يا بَنِي آدَمَ لا يَفْتِنَنَّكُمُ الشَّيْطانُ كَما أَخْرَجَ أَبَوَيْكُمْ مِنَ الْجَنَّةِ يَنْزِعُ عَنْهُما لِباسَهُما لِيُرِيَهُما سَوْآتِهِما إِنَّهُ يَراكُمْ هُوَ وَ قَبِيلُهُ مِنْ حَيْثُ لا تَرَوْنَهُمْ إِنَّا جَعَلْنَا الشَّياطِينَ أَوْلِياءَ لِلَّذِينَ لا يُؤْمِنُون»

"Эй фарзандони Одам! Ба яқин либосе бар шумо фурӯ фиристодем, ки шармгоҳҳои шуморо мепӯшонад ва сабаби зинат аст; ва либоси парҳезгорӣ, ин беҳтар аст... Эй фарзандони Одам! Шайтон шуморо фиреб надиҳад, ҳамон гуна, ки падару модаратонро аз биҳишт берун овард, дар ҳоле ки либосашонро аз [тани] онҳо берун сохт, то шармгоҳҳояшонро ба онҳо ошкор намояд. Ҳамоно ӯ (=шайтон) ва гурӯҳаш, аз он ҷое, ки онҳоро намебинед, шуморо мебинанд. Дар ҳақиқат, Мо шайтонҳоро сарпарасти касоне қарор додем, ки имон намеоваранд."

"وَ ثِيابَكَ فَطَهِّر"

"Ва либосҳоятро, пас, поксоз."

Яъне либоси тақво ва парҳезкориро бо худ дошта бош, ва ин хайру саодат меоварад.

«...وَ لِباسُ التَّقْوى‏ ذلِكَ خَيْرٌ...»

"ва либоси парҳезгорӣ, ин беҳтар аст."

Чаро ин либос муҳим аст, чун ёди Худоро дар дилҳо зинда мекунад ва ба инсон ёдоварӣ мекунад, ки ба худ бозгардад.

   «...ذلِكَ مِنْ آياتِ اللَّهِ لَعَلَّهُمْ يَذَّكَّرُون»

Ин аз нишонаҳои Худост, бошад, ки онон панд гиранд. (сураи, Аъроф, ояти 26).

Пас бояд гуфт: инсон то замоне ки Худо барояш бузург набошад Ӯро парастиш намекунад; вақте бузургии Худо дар қалбаш ҷой гирифт бандагияшро мекунад, ҳар андоза Худо дар қалб ва рӯҳи инсон бузург бошад ба ҳамон андоза инсон ҳам бузург мешавад. Ҳар мактабе, ки бигӯяд мақоми инсонро ба инсон медиҳад ва ба расмият мешиносад, вале Худоро дар қалб ва рӯҳаш бузург накунад наметавонад инсониятро ба инсон баргардонад ва ҳифз кунад. Чунин мактабҳое ҳамеша инсонро дар ҳолати бутпарастӣ нигоҳ медоранд, вале буташонро ҳар чанд муддат тағйир медиҳанд, то танавуъе эҷод карда бошанд.

Инсон то замоне ки Худо дар вуҷудаш бузург нашуда бошад дар ҳақиқат таҳқир шуда аст.

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст