Худои Мутаол дар ояти 11 сураи муборакаи Ҷумъа мефармояд:
وَإِذَا رَأَوْاْ تِجَارَةً أَوْ لَهْواً انفَضُّواْ إِلَيْهَا وَتَرَكُوكَ قَآئِماً قُلْ مَا عِندَ اللَّهِ خَيْرٌ مِّنَ اللَّهْوِ وَ مِنَ التِّجَارَةِ وَ اللَّهُ خَيْرُ الرَّازِقِينَ
Ва чун хариду фурӯш ё саргармӣ бинанд, (аз гирди ту) пароканда ва ба сӯи он равон мешаванд ва туро истода (дар ҳоли хондани хутба) раҳо кунанд. (Ба онон) бигӯ: Ончи (аз фазлу баракат) назди Худост, аз саргармӣ ва хариду фурӯш беҳтар аст ва Худованд беҳтарин рӯзидиҳанда аст.
Бидонем
Дар тафосир мехонем: Паёмбари Аъзам (с) машғули хондани хутбаҳои намози ҷумъа буд, ки корвони тиҷорӣ бо табл ва дуҳул ва садои баланд ба Мадина даромад. Намозгузорон ба ҷуз 8 ё 11 ё 12 ё 40 нафар ҳама ба сӯроғи корвон рафтанд ва Расули Худоро, ки дар ҳоли истода хутба мехонд, танҳо гузоштанд. Ин оят нозил шуд ва ононро сарзаниш кард. (Бухорӣ, китоби ҷумъа, ҳадиси 936)
Оят ба ҷои танқид аз тарки хутба ва намоз, аз танҳо гузоштани Паёмбари Аъзам (с), танқид мекунад. Оре, шикастани ҳурмати раҳбари осмонӣ аз шикастани хутба ва намоз муҳимтар аст.
Оғози сураи Ҷумъа бо беъсати Паёмбари Аъзам (с) буд ва поёни он, бо танқид аз танҳо гузоштани он ҳазрат аст, ки ҳушдор ҷиддӣ барои муъминон мебошад.
Биёмӯзем
1. Қуръон аз ҳирс ва бетақвоӣ дар касбу кор танқид мекунад.
2. Омили инҳироф аз ёди Худо, ё моддиёт аст ва ё нафсониёт.
3. Хатиби ҷумъа бояд истода хутба бихонад.
4. Ҳар коре, ки атрофи раҳбари Илоҳиро холӣ кунад, сазовори сарзаниш ҳастанд.
5. Гароишҳои мардум ҳамеша дуруст ва ҳақ нест.
6. Ду хутба ҷузъи намози ҷумъа аст ва бо диққат гӯш додан ба онҳо лозим аст.
7. Дар таблиғ масоили моддиро нафй накунед балки бартарии маънавиётро матраҳ кунед.
8. Меъёри арзишҳо оқибати неку аст на комёбиҳои зудгузар.
9. Барои касби ризқ ибодатро раҳо накунед то ба сӯроғи тиҷорат биравед, балки аввал ибодат кунед ва сипас ба сӯроғи тиҷорат биравед, ки ризқ ба даст Худост.
10. Тиҷорат танҳо роҳи ба даст овардани ризқ нест. Агар Худо бихоҳад аз ғайри он ҳам ба шумо ризқ медиҳад.
11. Тиҷорат ва моли дунё ин қадар ҷаззобият дорад, ки саҳобаро аз масҷид ва намоз дар ҳоли хутба хондани Паёмбар ба худ ҷалб кард. Пас хеле эҳтиёт кунем. Ҳунар ин аст, ки таъмини як луқма нон моро аз ибодати Худо дур ва ғофил накунад.
12. Раҳбар бояд ин гуна вазъиятро пешбинӣ кунад ва дар ин маворид вазифаи худ ва дигаронро бидонад ва ба коршиканон ҳушдор диҳад.
13. Вазъияти Паёмбар ва саҳобаро аз оёти Қуръон бишиносед ва воқеъбинона изҳори назар кунед.
14. Паёмбар вазифа дорад, ки паёми Худоро ба мӯъминон ва инсонҳо бирасонад ва ҳуҷҷатро бар онон тамом кунад.
15. Агар Худо кӯмак ва роҳнамоӣ накунад мо дар бар шинохти суду зиёнӣ ҳақиқӣ ва ҷовидонӣ нотавонем. Беҳтарҳоро аз Худо ёд бигирем ва амал кунем.
16. Худованд рӯзии намозгузорони ҷумъаро тазмин кардааст.
17. Бандаи Худо бошем, чун ӯ беҳтарин рӯзидиҳанда аст ва ба ваъдаҳо ва барномаи ӯ бовари яқинӣ пайдо кунем.
18. Мӯъмин худро дар ин маворид имтиҳон кунад ва бинад, ки имон ва ибодати Худо чӣ қадар барои ӯ арзиш дорад.