Дар ояти 30 сураи муборакаи Нур, ки дар қисмат гузашта баён шуд вазифаи идораи нигоҳ ва ҳифзи домани мардони мӯъмин таъин шуда буд инак вазифаи занони мӯъмин баён мешавад.
Худои Мутаол дар ояти 31 сураи муборакаи Нур мефармояд:
وَقُل لِّلْمُؤْمِنَتِ يَغْضُضْنَ مِنْ أَبْصَرِهِنَّ وَيَحْفَظْنَ فُرُوجَهُنَّ وَ لَايُبْدِينَ زِينَتَهُنَّ إِلَّا مَا ظَهَرَ مِنْهَا وَلْيَضْرِبْنَ بِخُمُرِهِنَّ عَلَى جُيُوبِهِنَّ وَلَا يُبْدِينَ زِينَتَهُنَّ إِلَّا لِبُعُولَتِهِنَّ أَوْ ءَابَآئِهِنَّ أَوْ ءَابَآءِ بُعُولَتِهِنَّ أَوْ أَبْنَآئِهِنَّ أَوْ أَبْنَآءِ بُعُولَتِهِنَّ أَوْ إِخْوَنِهِنَّ أَوْ بَنِى إِخْوَنِهِنَّ أَوْ بَنِى أَخَوَتِهِنَّ أَوْ نِسَآئِهِنَّ أَوْ مَا مَلَكَتْ أَيْمَنُهُنَّ أَوِ التَّبِعِينَ غَيْرِ أُوْلِى الْإِرْبَةِ مِنَ الرِّجَالِ أَوِ الطِّفْلِ الَّذِينَ لَمْيَظْهَرُواْ عَلَى عَوْرَتِ النِّسَآءِ وَلَا يَضْرِبْنَ بِأَرْجُلِهِنَّ لِيُعْلَمَ مَا يُخْفِينَ مِن زِينَتِهِنَّ وَتُوبُواْ إِلَى اللَّهِ جَمِيعاً أَيُّهَ الْمُؤْمِنُونَ لَعَلَّكُمْ تُفْلِحُونَ
Ва (эй фиристодаи мо) ба занони боимон бигӯ: Аз баъзе нигоҳҳои худ чашмпӯшӣ кунанд ва доманҳои худро ҳифз намоянд ва ҷуз ончи (ба таври табиӣ) зоҳир аст, зинатҳои худро ошкор накунанд ва бояд рӯймоли худро бар гардани худ бияфкананд (то илова бар сар, гардан ва синаи онон низ пӯшида бошад) ва зинати худро зоҳир накунанд ҷуз барои шавҳари худ ё падари худ ё падари шавҳари худ, ё писар худ ё писари шавҳари худ (ки аз ҳамсари дигар аст) ё бародари худ, ё писари бародари худ ё писари хоҳари худ ё занон (-и ҳамкеши худ) ё ончиро молик шудаанд (аз каниз ва барда) ё мардони хидматкороне, ки тамоюли ҷинсӣ надоранд ё кӯдаконе, ки бар масоили ҷинсии занон огоҳ нестанд. Ва низ пои худро ба гунае ба замин накӯбанд, ки ончи аз зевар махфӣ доранд ошкор шавад. Эй мӯъминон, ҳамагӣ ба сӯи Худо бозгардед ва ба даргоҳи Худо тавба кунед то растгор шавед.
Биёмӯзем
1. Дастури Худоро бигӯед ва аз абзори гуфтан баҳра баред то аҳкоми зидди амри Худо ҷойгузин нашавад.
2. Дар масоили муҳим ва ҳассос такрор кунед. Бигӯ дар ояти 30 ва 31 такрор шудааст.
3. Паёмбари Аъзам (с) паёми Худоро вазифа дорад бирасонад. Сухани Худост.
4. Он чӣ муҳим аст имон доштани занон ва амал ба гуфтаи Худои Мутаол аст на тоҷику узбак ё арабу аҷам.
5. Дар лузуми иффат ва покдоманӣ ва тарки нигоҳи ҳаром байни зан ва мард фирқ нест. Дар ояти 30 дастур бар мардони мӯъмин ва дар 31 ба занони мӯъмин аст.
6. Занони мӯъмин нисбат ба нигоҳ ва доман ва ҳаракат ва ҳузури худ дар ҷомеа вазифа доранд ва бояд ба он амал кунанд ва пойбанд бошанд ҳамонгуна ки бояд намоз бихонанд ва рӯза бигиранд.
7. Зани мӯъмин бояд биёмӯзад ва бидонад, ки вазифаи ӯро Худо ва Паёмбари Худо (с) чигуна баён кардааст на ин ки дилам чунин мехоҳад ва мо ин гуна расм дорем.
8. Вазифаро Худо ба воситаи Қуръон ва Паёмбараш баён кардааст бино бар ин касе узр надорад.
9. Амал ба ин вазифа дар ҳама ҷо аст на фақат дар намоз.
10. Нигоҳи олуда ва беназорат муқаддимаи олуда шудани доман мешавад.