Яке аз амалҳои муҳимме, ки як мусулмон вазифадор аст онро шабонарӯз ва шароити хос анҷом диҳад ва меъёри қабулии амалҳои ӯ ва саодати дунё ва охираташ аст намоз мебошад. Инак намоз дар баёни имом Ҷаъфари Содиқро тақдими шумо менамоем.
Намоз меъёри қабулии амал
- Нахустин чизе, ки аз банда ҳисобрасӣ мешавад намоз аст, пас агар намоз пазируфта шуд амалҳои дигар низ пазируфта мешавад ва агар намозаш рад шавад бақияи амали ӯ ҳам қабул нахоҳад шуд. (Васоил, ҷ.3)
Баракати намоз
- Фариштаи марг шайтонро аз касе, ки муроқиби он аст дур мекунад ва шаҳодат бар ваҳдонияти Худо ва рисолати Паёмбарро дар ҳангоми ҳавлноки марг ба ӯ талқин мекунад. (Васоил, ҷ.3)
Арзиши намоз
- Як намози воҷиб аз бист ҳаҷ беҳтар аст ва як ҳаҷ аз садақа додани хонае пур аз тилло, ки онро садақа диҳанд то чизе дар он намонад беҳтар аст. (Биҳор, ҷ.82)
Чигуна ва кай намоз бихонем?
- Вақте намози воҷиб мехонӣ онро дар вақти худаш чунон бихон, ки гӯё дигар ҳаргиз ба намоз хондан муваффақ намешавӣ. (Маҳаҷҷатулбайзо, ҷ.1)
Баракати намоз дар вақт
- Ҳангоме ки бандае сари вақт ба намоз биистад ва муроқиби он бошад, он намоз монанди порае нури сафед боло меравад ва мегӯяд: Ту маро ҳифз кардӣ. Худо туро ҳифз кунад. Вале вақте намозро дар вақташ нахонад ва муроқиби он набошад, он намоз ба монанди доғи сиёҳ ва торике бармегардад ва мегӯяд: Маро хор кардӣ! Худо туро хор кунад! (Маҳаҷҷатулбайзо, ҷ.1)
Беаҳамиятӣ ба намоз
- Шафоати мо ба касе, ки намозашро сабук шуморад намерасад. (Биҳор, ҷ.82)
Намоз ва шароити пазириши он
- Худои Мутаол фармуда: Намози касеро мепазирам, ки:
1) дар муқобили азамати ман фурӯтанӣ кунад.
2) аз хостаҳои нафсонии худ ба хотири ман дурӣ кунад.
3) рӯзашро бо ёди ман ба поён бибарад.
4) бар бандагонам бузургӣ нафурӯшад.
5) ба гурусна таом диҳад.
6) бараҳнаро бипӯшонад.
7) ба мусибатдида меҳрубонӣ кунад.
8) ғариберо паноҳ диҳад.
Мизони қабулии намоз
- Касе, ки мехоҳад бидонад намозаш пазируфта шудааст ё не, бояд бинад оё намозаш ӯро аз зиштиҳо ва нопокиҳо дур кардааст? Пас ба ҳар андозае, ки дур карда бошад, ба ҳамон андоза намозаш қабул шудааст. (Биҳор, ҷ.82)
Намоз бо азон ва қомат
- Касе, ки бо азон ва қомат намоз хонад ду саф аз фариштагон пушти ӯ ба намоз меистанд ва касе, ки бо қомат ва бе азон намоз хонад як саф аз фариштагон пушти сараш намоз мехонанд.
Ровӣ савол кард: Миқдори ҳар саф чӣ қадар аст?
Имом фармуд: Ҳадди ақалли он аз машриқ то мағриб ва ҳадди аксари он аз замин то осмон аст. (Васоил, ҷ.4)
Намоз ва дуо
- Худованд намозҳои панҷгонаро дар беҳтарин соатҳо бар шумо воҷиб кард. Бинобар ин пас аз намозҳо, (ки дар беҳтарин вақтҳо анҷом мегирад), дуо кунед. (Хисол, ҷ.1)