Худои Мутаол дар ояти 72 сураи Оли Имрон аз нақшаи шайтонии баъзе аз яҳудиён мефармояд:
وَقَالَتْ طَّآئِفَةٌ مِّنْ أَهْلِ الْكِتَبِ ءَاِمِنُواْ بِالَّذِى أُنْزلَ عَلَى الَّذِينَ ءَاَمَنُواْ وَجْهَ الْنَّهَارِ وَاكْفُرُواْ ءَاخِرَهُ لَعَلَّهُمْ يَرْجِعُونَ‏
Ва гуруҳе аз аҳли китоб гуфтанд: Ба ончи бар мӯъминон нозил шудааст, дар оғози рӯз имон оред ва дар поёни рӯз кофир шавед, шояд (бо ин ҳилаҳо онҳо аз Ислом) бозгарданд.
Бидонем
Дувоздаҳ нафар аз донишмандони яҳуд қасд карданд барои суст кардан ва дар шакку тардид афкандани мусулмонон нисбат ба динашон, субҳгоҳон назди ҳазрати Муҳаммад (с) омада ва изҳори имон кунанд, вале дар охири рӯз аз Ислом баргарданд ва бигӯянд: Мо Муҳаммад ва оини ӯро дидем, вале бо ончи дар Таврот ва Инҷил омадааст, мувофиқ нест. Онҳо бо ин нақша‏и фиребкорона ме‏хостанд ба ҳам‏кешони худ ин тавр вонамуд кунанд, ки агар Ислом дини хубе буд, аҳли илм ва китоб аз он даст намебар‏доштанд, бо ин кор ҳам дар мусулмонон тардид ба вуҷуд оранд ва ҳам дигар яҳудиёнро аз мусулмон шудан боздоранд. Худои Мутаол низ бо нузули ин оя, нақшаи ононро фош сохт.
Биёмӯзем
1. Ба гуфтаҳо диққат кунед. Бо гуфтор шахсият ва афкори инсон шинохта мешавад.
2. Гуруҳе аз аҳли китоб барнома доранд то мусулмонон ва дигаронро нисбат ба дин суст ва берағбат кунанд ва аз дин баргардонанд.
3. Чӣ басо гурӯҳе бо номи Ислом дар саффи мусулмонон нуфуз кунад ва аз пушт ханҷар бизананд, аз ин рӯ бояд ҳушёр буд.
4. Мусулмон набояд соддаандеш ва зудбовар буда ва ба ҳар изҳори имоне эътимод кунад.
5. Худованд дар мароҳили ҳассос аз асрор ва тавтеа‏ҳои душманон парда мебар‏дорад.
6. Бояд дар марҳилае аз имон қарор бигирем, ки бозгашти бархе муддаиёни мусулмононӣ аз дин, моро наларзонаду налағзонад.
7. Яке аз сиёсат‏ҳои душман эҷоди иртибот ва сипас қатъи он ба мақсади эҷоди зилзилаи фикрӣ ва эътиқодӣ дар ҷомеа аст.
8. Душман барои расидан ба мақсадҳои шуми худ барнома ва умед дорад, вале Худованд пуштибони мӯъминон ва расвокунандаи душманони ҳақ аст.
9. Дар доварӣ ва мавзеъгириҳо адолатро риоят кунед. Баъзе аз аҳли китоб ин корҳо ва фикрҳои палидро доштанд.
10. Олимону огоҳон ба китобу дини Худо агар мунҳариф шаванд бисёр хатарнок мешаванд.
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст