Шарҳи кӯтоҳи дуои рӯзи нуздаҳуми моҳи мубораки Рамазон
بسم الله الرحمن الرحیم
اللهمّ وفّرْ فیهِ حَظّی من بَرَكاتِهِ
Худоё, дар ин рӯз баҳраи маро аз баракатҳояш зиёд гардон
و سَهّلْ سَبیلی الى خَیْراتِهِ
ва роҳи маро ба сӯи хайрҳояш осон намо
و لا تَحْرِمْنی قَبولَ حَسَناتِهِ
ва маро аз пазируфтани некиҳояш маҳрум накун
یا هادیاً الى الحَقّ المُبین
эй роҳнамо ба сӯи ҳаққи ошкор!
Худоё, рӯзии ман кун то аз баракоти моҳи мубораки Рамазон баҳраи фаровон бибарам. Баракоти моҳи Рамазон ҳамон Қуръон ва намоз хондан, зикр гуфтану дуо кардан ва гиря кардан бар сахтии марг ва он чӣ пас аз марг дар пеши рӯ дорем.
Пазируфта шудани тавба
Яке аз баракоте, ки дар ин рӯз метавон аз он баҳраманд шуд, тавба ба даргоҳи Худо аст он ҳам тавбаи насӯҳ, ки дигар бозгашт ба гуноҳ вуҷуд надошта бошад, чунки Худо тавбакунандагон ва поконро дӯст дорад. (Сураи Бақара, ояти 222/ саҳ.35) ва тавбаи ононро дар сурати пофишорӣ ва такрор накардан бар гуноҳ меомурзад. (Сураи Оли Имрон, ояти 135/саҳ.67)
Ятимнавозӣ
Ҳазрати Алӣ (к) яке аз сармашқҳои бузург дар ятимнавозӣ ва расидагӣ ба умури онон буд. Ҳазрат (к) фармуд: ”Аз бартарин некиҳо некӣ ба ятимон аст”. Субҳи рӯзи 19 моҳи Рамазони соли 40 ҳиҷрӣ дар масҷиди Куфа, дар ҳоле ки ҳазрати Алӣ (к) имоми ҷамоати намоз буд ва аз саҷдаи ракъати аввал бархост Ибни Мулҷам бадбахт бо шамшери заҳролуд бар фарқи ҳазрати зад, ки дар асари он дар рӯзи 21 Рамазон ба шаҳодат расид. Ятимон вақте фаҳмиданд барои ҳазрати Алӣ (к) шир лозим аст саҳми шири худро барояш оварданд чун ҳазрат падари меҳрубони онҳо буд.
Хайр кардан
Худои Мутаол ба бандагони хеш мефармояд:”Пас дар корҳои хайр (аз якдигар) пешӣ гиред.” (Сураи Бақара, ояти 148/ саҳ.23) Инсон дар лаҳзае аз умри худ мумкин аст тасмими кори хайр бигирад ва дар лаҳзае дигар аз он баргардад ва ё ин ки умри ӯ мӯҳлат надиҳад то он кори хайрро кунад, аз ин рӯ Худо инсонҳоро ба пешӣ гирифтан ва ғанимат донистани кори хайр амр мекунад. Мо низ бояд бидонем, ки мумкин аст, ки моҳи Рамазони баъдӣ набошем ё саломатӣ ва қудрат ва сарват надошта бошем то кор хайр кунем, пас имрӯзро ғанимат донем ва муваффақ шаваем. Саъдӣ мефармояд:
Саъдиё, дӣ рафту фардо ҳамчунин маълум нест
Дар миёни ину он фурсат шумор имрӯзро
Имрӯз бикун чу метавонӣ коре
Фардо чӣ кунӣ чун натавонӣ кардан
Қироати Қуръони Карим
Қироати Қуръони Карим яке аз муҳимтарин аъмол дар ин рӯзҳои боарзиш ва махсусан шаби қадр мебошад, чунки Худои Мутаол дар Қуръони Карим мефармояд: Моҳи Рамазон моҳест, ки Қуръон дар он нозил гардид”.(Сураи Бақара, ояти 185/саҳ.28) Паёмбари Аъзам (с) фармуд: Барои ҳар чизе баҳоре аст ва баҳори Қуръон моҳи Рамазон аст. Ҳамчунин ҳазрат фармуд: Савоби тиловати як ояти Қуръон дар ин моҳ баробар бо савоби хатми кулли Қуръон дар ғайри онро дорад. Ва фармуд: Бояд Қуръон бихонӣ, зеро хондани Қуръон каффораи гуноҳон ва пӯшише аз оташи (дӯзах) ва эминӣ аз азоб аст.” Биёед аз ин баҳори Қуръон ҷони худро нишот диҳем ва хушбӯ кунем ва гулу райҳон бирӯёнем.
Борибохорон мубориза кунед !
«Ҳаз» ба маънии баҳра мебошад. Баъзеҳо дар муомилот ва қарз доданҳо баҳраи ҳаром мегиранд ва рибо мехӯранд. Ҳамонгуна ки Худо ба мӯъминон амр кардааст, ки намозро барпо доред ва рӯза бигиред (Сураи Бақара, ояти 183/саҳ.28) аз мӯъминон мехоҳад, ки аз рибохорӣ даст бардоранд (Сураи Бақара, ояти 278/саҳ.47) ва рибохорӣ бо Худо эъломи ҷанг кардааст. (Сураи Бақара, ояти 279/саҳ.47) Ва касонеро, ки баъзе аз аҳкоми динро, ки ба нафъашон аст амал мекунанд ва аҳкомеро, ки эҳсос мекунанд пеши онҳоро мегирад амал намекунанд ва намепазиранд ба муҷозоти сахти дунё ва охират таҳдид кардааст. (Сураи Бақара, ояти 85/саҳ.13)
Фаромӯш накунем баҳра ду навъ аст, яке баҳраи ҳаром мисли рибо ва яке ҳам баҳраи маънавӣ мисли моҳи Рамазон, ки маҳалли дуо ва баҳраҳои маънавӣ мебошад.
Худоё, роҳи хайротро барои ман осон кун. Дар сурате, ки метавонед ифторӣ диҳед ва ба рӯзадорон кӯмак кунед ҳатто бо нӯшондани як ҷуръа об додан, ки оташи ҷаҳаннамро дур мекунад. Аз Худо бихоҳем, ки роҳи хайротро барои мо осон кунад. Бояд аз ҳоли ҳамсояи худ бохабар бошед. Баъзеҳо саҳарӣ надоранд бихӯранд ва бо нони холӣ рӯза мегиранд. Мо вазифа дорем ҳатто агар бехабар бошем! Бояд фаҳмид ва аз ҳоли ҳамсояи фақир бохабар шуд.
Валии Худо шахсеро бозхост кард, ки чаро аз ҳоли ҳамсояи фақират бехабарӣ?
Он шахс гуфт: Намедонистам
Ҳазрат фармуд: Туро бозхост мекунам, чун намедонистӣ. Агар бохабар будӣ, ки ҳамсояаат надорад ва кӯмак намекардӣ, ки кофир будӣ!
Фақат дуо хондан инсонро биҳиштӣ намекунад. Бояд ба ниёзмандон кӯмак кард. Фақироне, ки обрӯ доранд ва фақри худро изҳор намекунанд. Обрӯи дигаронро ҳифз кунем то Худо обрӯи моро нигаҳ дорад ва мардонеро аз шармандагӣ пеши зану фарзанд халос кунем то Худо ҳам моро шарманда накунад.
Худоё, маро аз қабули ҳасанот маҳрум накун. Худоё, ба ман тавфиқ бидеҳ, ки корҳои хубамро нобуд накунам.
Аз Худо мехоҳем, ки моро ёрӣ кунад то битавонем кор некро амалӣ кунем, чунки агар Худо инсонро ёрӣ накунад ҳаргиз наметавонд ба кори хайр даст бизанад, зеро шайтон дар камини инсон нишастааст то ӯро аз корҳои хайр ва худописандона боздорад. Пас бояд шитоб кунад.
Паёмбари Аъзам (с) фармуд: Ҳар кас Субҳоналлоҳ бигӯяд Худо барояш дарахте дар биҳишт меофаринад. Яке аз саҳоба гуфт: Пас мо соҳиби боғҳо ҳастем. Паёмбари Аъзам (с) фармуд: Эҳтиёт кунед, ки бо гуноҳ онҳоро хокистар накунед.
Як ғайбатамалҳои чиҳил рӯзаи маро аз байн мебарад (Мустадрак, ҷ.7, саҳ. 322 ) ва ибодатҳои чиҳилрӯзаи ӯ дар номаи амали касе, ки ғайбат шуда навишта мешавад. (Иршод, ҷ.1, саҳ.278 ) Дар Ҷомеуссаодат омадааст, ки шахсе ғайбат шуд. Он шахс барои ғайбаткунанда ҳадя фиристод ва ташаккур кард.
Бояд ҳар рӯз бигӯем, ки Худоё, коре кун, ки ҳасанотам қабул шавад ва нобуд нагардад.
Эй Худое, ки ба сӯи ҳақ роҳнамоӣ мекунӣ. Чӣ қадар бояд аз Худо шукр кунем, ки моро ба дини ҳақ ҳидоят намуд.
Илтимоси дуо