Худои Мутаол дар ояти 105 сураи Моида мефармояд:
يَأَيُّهَا الَّذِينَ ءَامَنُواْ عَلَيْكُمْ أَنفُسَكُمْ لَا يَضُرُّكُم مَّن ضَلَّ إِذَا اهْتَدَيْتُمْ إِلَى اللَّهِ مَرْجِعُكُمْ جَمِيعاً فَيُنَبِّئُكُم بِمَا كُنتُمْ تَعْمَلُونَ‏
Эй касоне, ки имон овардаед, ба фикри (ҳифз ва наҷоти) худ бошед! Вақте шумо ҳидоят ёфтед, он ки гумроҳ шуд зараре ба шумо наме‏расонад. (Бидонед, ки) бозгашти ҳама‏и шумо ба сӯи Худост ва ӯ шуморо ба он чӣ амал мекардед, огоҳ мекунад.
Бидонем
Баъзе ин оятро дастовез карда ме‏гӯянд: Вазифаи ҳар кас фақат ҳифзи худаш аст ва мо масъули гуноҳи дигарон ва амру наҳйи онон нестем!
Дар посух мегӯем: Бо вуҷуди оёт ва ривоятҳои зиёд, ки амр ба маъруф ва наҳй аз мункарро воҷиб медонад, бояд гуфт, ки мақсуди ин оят раҳо кардани ин ду вазифа нест, балки мурод он аст, ки агар амр ва наҳй кардед, вале асар накард шумо дигар вазифае ҷуз ҳифзи худ надоред. Илова бар он ки ҳифзи ҷомеа аз гуноҳ бо амр ба маъруф ва наҳй аз мункар яке аз роҳҳои «ҳифзи хештан» аст, чун агар муҳит ва ҷомеа олуда шавад моро ҳам олуда мекунад.
Биёмӯзем
1. Худованд барои мӯъминон барнома дорад ва вазифаи онҳоро баён кардааст.
2. Мӯъминон бояд вазифаи худро бишиносанд ва ба он амал кунанд.
3. Имон масъулият меорад. Агар шаҳрвандии як кишвар вазифа ва мусъулият барои инсон ба бор меорад оё бандагии Худо ва имон овардан ба ӯ масъулият надорад?
4. Агар аз паси дигарон наме‏бароем бояд ба фикри худ бошем.
5. Агар аҳли имон ва ҳидоят ҳастем аз танҳоӣ натарсем.
6. Олудагии муҳит ва каҷравии дигарон далели гуноҳ ва гумроҳ шудани мо нест. Ин узр қабул нест. Ҳунар ин аст, ки худро ҳифз кунем.
7. Дар қиёмат ҳар кас масъул ва гирифтори кору амали хеш аст.
8. Дар пайи кашфу фош кардани айбҳои дигарон набошем. Имрӯз баъзеҳо фикр кардаанд, ки дар бораи дигарон ҳар дурӯғу тӯҳмате бизананд касе пеш онҳоро намегирад ва ё зӯраш ба онҳо намерасад. Чӣ хаёли ботил ва ояндаи дардноке доранд.
9. Аввал худсозӣ сипас ҷомеасозӣ.
10. Аҳли имон бар рафтор ва кирдори норавои гумроҳон ва ақоиди ботили онон ҷавобгар нахоҳанд шуд.
11. Ба хотири наҷоти дигарон худатон ғарқ нашавед.
12. Чунон бояд тарбият шавем, ки фасоди муҳит ва ҷомеа дар мо таъсири бад нагузорад.
13. Аз берун камтар осеб мебинем. Бештарин шикаст ва осеби мо аз дарун ва худи мо аст. Фишори дигаронро баҳона накунем, балки худро пок кунем.
14. Рӯҳия‏и худро ба хотири инҳирофи дигарон аз даст надиҳем.
15. Роҳи наҷот аз зарари гумроҳон имон ва ҳидояти Худост.
16. Охирбин бошед на охурбин.
17. Пайравӣ аз ниёгон ва тақлиди кӯркӯрона аз дигарон, дар қиёмат наҷот‏бахши инсон нест, балки ҳар кас бояд посухгӯи роҳ ва амали хеш бошад.
18. Рафтор ва кирдори инсон дар дунё сарнавишти ӯро дар қиёмат таъин ме‏кунад. Дунё зироатгоҳи охират аст. Ҳар чӣ бикорем ҳамон дарав мекунем.
19. Барнома ва қонуни зиндагии мӯъминро Худо танзим кардааст ва ниёзе ба беназмии дигарон надорад.
20. Роҳ аз чоҳ баён шудааст.
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст