Моҳи меҳмонии Худо фаро мерасад, эй мӯъминони азиз!
Биёед бо вазифаи худ ва ин моҳи меҳмонӣ ва нуронӣ ошно шавем!
Ба номи Худо
Алҳамду лиллоҳи раббилоламин ва дуруду саломи Худованд бар анбиё ва махсусан хотами онҳо ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) ва бар хонадони поку мутаҳҳараш ва ёрони ростину муҷоҳиду мухлисаш ва ҳамаи касоне, ки аз онон ба некӯӣ пайравӣ мекунанд.
Бародар ва хоҳари мӯъмин ва муҳтарам, салом!
Яке аз ин панҷ сутуни бобаракати дини мубини Ислом рӯзаи моҳи Рамазон аст, ки мусулмонон тавфиқ доранд ҳар сол як моҳ рӯза бигиранд. Имсол ҳам ин шоа Аллоҳ дар охирҳои моҳи май ин фурсати бандагӣ ва моҳи меҳмонии Худо насиби мусулмонон хоҳад шуд. Умедворем тавфиқи бандагӣ дар ин моҳи пурбаракат дошта бошем. Худои Мутаол рӯзаро дар Қуръони Маҷид бар мӯъминон фарз намудааст. Дар ояти 183 сураи муборакаи Бақара мефармояд:
يَأَيُّهَا الَّذِينَ ءَامَنُواْ كُتِبَ عَلَيْكُمُ الصِّيَامُ كَمَا كُتِبَ عَلىَ الَّذِينَ مِن قَبْلِكُمْ لَعَلَّكُمْ تَتَّقُون
Эй касоне, ки имон овардаед! Рӯза бар шумо воҷиб шуд, ҳамонгуна ки бар касоне, ки пеш аз шумо буданд воҷиб шуд, умед аст, ки парҳезгор шавед.
Дар қисмати аввал ва дувум дар бораи يَأَيُّهَا الَّذِينَ ءَامَنُواْ ва كُتِبَ عَلَيْكُمُ الصِّيَامُ тавзеҳоте баён шуд. Дар ин қисмат ба баёни كَمَا كُتِبَ عَلىَ الَّذِينَ مِن قَبْلِكُمْ мепардозем.
Худои Мутаол баъд аз ин ки мӯъминонро зебо садо зад ва далели хитобро ҳам имон эълом кард маълум шуд, ки мехоҳад вазифаи мӯъминонро ба онҳо бигӯяд. Мӯъминон ҳам огоҳона ва ошиқона омодаи шунидан ва фаҳмидан ва амал кардан ба вазифаи худ шуданд, ки рӯза гирифтан аст. Рӯза худдорӣ аз хӯрдан, нӯшидан ва наздикӣ бо ҳамсар аз субҳи содиқ –азони бомдод- то ғуруби офтоб –азони шом- барои наздик шудан ба Худо аст. Ин кор сахтие ҳам дорад, чун 11 моҳ ҳеҷ қайду манъе барои ин корҳо набуд. Мӯъминон мехоҳанд бидонанд, ки ин ҳукм фақат барои онҳост. Пеш аз онҳо набуда? Агар буда чигуна буда? Дар давоми ояти шариф ба ин савол посух дода мешавад.
كَمَا كُتِبَ عَلىَ الَّذِينَ مِن قَبْلِكُمْ Ҳамонгуна ки бар касоне, ки пеш аз шумо буданд рӯза воҷиб шуда буд.
Пас меомӯзем, ки
1. Собиқаи ҳукмро баён кунед. Бо ин кор ба дигарон худбоварӣ диҳед ва онҳор ташвиқ кунед, то эҳсоси табъиз ва нотавонӣ накунанд.
2. Нақши навиштанро ҷиддӣ бигиред. Санади ин амал дар китобҳояшон вуҷуд дорад.
3. Қонунгузор яке аст ва барои пеш аз шумо ҳам будааст.
4. Худованд барои мӯъминон барнома дорад.
5. Инсон барои рушд ва расидан ба камол бояд сахтиҳоеро ҳам таҳаммул кунад.
6. Анҷоми ин вазифа ҳамагонӣ аст, вале мумкин аст дар миқдор ва чигунагӣ бо ҳам фарқ дошта бошад.
Пас шумо танҳо нестед, балки пеш аз шумо ҳам дигарон гирифтанд ва мо чизе бештар аз тоқат ва тавони шумо нахостам, балки метавонед ва тавоноии шумо бештар мешавад.
Рӯза бар пайравони дигар адён низ воҷиб будааст ва бархе гуфтаанд ин таклиф аз аҳди Одам(а) то кунун вуҷуд дошта. (Кашшоф, ҷ.1, саҳ.225)
Дар ривоят мехонем, ки рӯзаи моҳи Рамазон барои паёмбарон(а) воҷиб буд. Худованд ин ифтихорро ба мӯъминон дод.
Аз Паёмбари Аъзам(с) нақл шудааст, ки фармуд: Бародарам Довуд як рӯз дар миён рӯза мегирифт ва нисфи умраш рӯза буд.
Ҳазрати Мусо мефармояд: Ҳангоме ки ба Тур баромадам то тахтаҳои сангӣ яъне навиштаҳои Аҳд (Таврот)-ро, ки Худо бо шумо баст бигирам чиҳил рӯзу шаб дар куҳ мондам ва нону об нахӯрдам. (Таврот, сифри тасния, фасли 9, шумораи 9, саҳ. 288)
Рӯза ба таври куллӣ дар тамоми вақтҳо дар миёни ҳар тоифа, миллат ва мазҳаб дар замони ворид шудани андӯҳ ва заҳмати ногаҳонӣ вуҷуд доштааст. (Қомуси китоби муқаддас, саҳ. 427)
Яҳудиён бештар, замоне ки фурсат ёфта мехостанд нотавонӣ ва тавозӯъи худро ба Худо изҳор кунанд рӯза мегирифтанд то ба гуноҳони худ эътироф намуда бо рӯза ва тавба ризои Худоро ба даст биёранд. (Қомуси китоби муқаддас, саҳ. 428)
Ҳаёти Ҳавориюн ва мӯъминини гузашта, умре пур аз афкори лаззот ва заҳамоти бешумор ва рӯзадори буд. (Қомуси китоби муқаддас, саҳ. 327)
Ибодат будани рӯза фитрӣ аст ва онҳое ҳам, ки пайрави адёни осмонӣ набудаанд, мисли Миср, Юнон ва Рими қадим низ нақл шудааст, ки эътиқод доштаанд ва бутпарастони Ҳинд низ ба тибқи ақоиди худ рӯза мегиранд. (Алмизон, ҷ.2, саҳ.7)
Худоё, фаҳмидем, ки мо танҳо нестем, ки бояд рӯза бигирем ва метавонем рӯза бигирем. Ҳол мехоҳем бидонем, ки фоидаи рӯза гирифтан чист?
Дар идома посухи ин савол хоҳад омад.