Худои Мутаол дар ояти 48 сураи Ҳуд мефармояд:
تِلْكَ مِنْ أَنْبَآءِ الْغَيْبِ نُوحِيهَآ إِلَيْكَ مَا كُنتَ تَعْلَمُهَآ أَنتَ وَلَا قَوْمُكَ مِن قَبْلِ هَذَا فَاصْبِرْ إِنَّ الْعَقِبَةَ لِلْمُتَّقِينَ
(Эй Паёмбар,) инҳо аз ахбори ғайбӣ аст, ки мо онҳоро ба ту ваҳй мекунем (ва) пеш аз ин на ту ва на қавми ту аз онҳо хабаре надоштед. Пас (ту низ монанди Нӯҳ) сабр кун, ки ҳамоно оқибат (пирӯзӣ), барои парҳезкорон аст.
Биёмӯзем
1. Қуръон беҳтарин сарчашма барои ошноӣ бо таърихи башар аст.
2. Бисёре аз бахш‏ҳои таърих барои инсон пинҳон монда, ки яке аз онҳо таърихи ҳазрати Нӯҳ аст.
3. Паёмбари Акрам(с) ва мардум ҷуз аз тариқи ваҳй роҳе барои ошноӣ бо таърихи Нӯҳ (а) надоштанд.
4. Солим‏тарин ва муфидтарин ахбори таърихиро бояд аз тариқи ваҳй дарёфт кард, зеро аз сарчашма‏и илми бе‏ниҳоят аст, ки ҳеҷ гуна ҳодиса, фишор ва ғафлат дар ноқили он вуҷуд надорад.
5. Мизони илми ғайб анбиё(а) ба ҳамон миқдоре аст, ки Худованд дар ихтиёри онон қарор додааст.
6. Таърих ва саргузашти анбиёи гузашта, беҳтарин тасаллӣ барои раҳбарони баъд аст.
7. Сабр ва тақво ҳар ду лозим ва шарти пирӯзӣ аст.
8. Саранҷом ҳақ пирӯз ва ботил нобуд мешавад.
9. Меъёрҳоро бишиносед ва худро бо биёроед.
10. Охирбин бошед на охурбин
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст