Худои Мутаол дар ояти 46 сураи Ҳуд мефармояд:
قَالَ يَنُوحُ إِنَّهُ لَيْسَ مِنْ أَهْلِكَ إِنَّهُ عَمَلٌ غَيْرُ صَلِحٍ فَلَا تَسئلْنِ مَا لَيْسَ لَكَ بِهِ عِلْمٌ إِنَّى أَعِظُكَ أَن تَكُونَ مِنَ الْجَهِلِينَ
(Худованд дар посух) фармуд: Эй Нӯҳ, ӯ (дар воқеъ) аз аҳли ту нест, ӯ амали ношоиста (карда) аст. Пас чизеро, ки ба он илм надорӣ аз ман махоҳ. Ҳамоно ман туро мавъиза мекунам, ки (мабодо) аз ҷоҳилон бошӣ.
Бидонем
Мурод аз "пас аз ман савол накун" дар мавриди паёмбари маъсум, он нест, ки саволи воқеъшуда буд, зеро ҳазрати Нӯҳ(а) дар ояти баъд мефармояд: Ман аз ин ки саволи ноогоҳона аз ту бипурсам ба ту паноҳ мебарам, балки манзур он аст, ки мабодо савол кунӣ! Албатта матлабе, ки барои Нӯҳ пеш омад, ин буд, ки хаёл мекард фарзандаш аҳл аст ва Худованд ба ӯ фармуд: Ӯ аз аҳли ту нест.
Паёмбари Акрам (с) фармуд:
1) Ҳар кас ба мусулмоне хиёнат кунад, аз мо нест.
2) Он кас, ки мардум ӯро аз рӯи тарс эҳтиром бигузоранд, аз ман нест.
3) Ҳар кас, ки ҳар субҳ дар фикри хидмат ба мусулмонон набошад, мусулмон нест.
Савол: Дар ояти 10 сураи Таҳрим дар бораи ҳамсари ҳазрати Нӯҳ ва Лут мехонем: Ҳамсарони ин ду паёмбар хиёнат карданд. Дар ин ҷо Худованд мефармояд: Эй Нӯҳ, фарзанди ту аз аҳли ту нест. Оё аз ин ду оят, зинозода будани фарзанди Нӯҳ фаҳмида намешавад?
Посух: 1) мурод аз хиёнати зани Нӯҳ, ифшои асрор ва кӯмак ба кофирон аст, на чизи дигар ва 2) ин оят далели аҳл набудани писари Нӯҳро амали носолеҳи худи фарзанд медонанд, на чиз дигар.