Худои Мутаол дар ояти 45 сураи Ҳуд мефармояд:
وَنَادَى نُوحٌ رَّبَّهُ فَقَالَ رَبِّ إِنَّ ابْنِى مِنْ أَهْلِى وَإِنَّ وَعْدَكَ الْحَقُّ وَ أَنتَ أَحْكَمُ الْحَكِمِينَ
Пас Нӯҳ Парвардигорашро нидо доду гуфт: Парвардигоро, ҳамоно писарам аз хонадони ман аст ва албатта ваъдаи ту (дар бораи наҷоти хонадонам,) ҳақ аст ва ту беҳтарин доваронӣ.
Бидонем
Аз онҷо, ки Худованд бар наҷоти хонадони Нӯҳ ваъда дода буд, (мутобиқ ояти 40) ва Нӯҳ гумон мекард танҳо ҳамсари ӯ маҳкум ба ҳалок аст, аз ин рӯ табиӣ буд, ки дар мавриди писараш, ҳам даъват ба савор шудан кунад ва ҳам аз Худованд наҷоти ӯро дархост намояд.
Биёмӯзем
1. Нидо ва дуо кунем. Аз Худо, ки мараббӣ аст бихоҳем.
2. Худованд бо азамате, ки дорад ба инсонҳо лутф карда, ки роҳи иртиботӣ барқарор кардааст.
3. Раҳбари ҳақиқӣ нисбат ма сарнавишти аҳли худ эҳсоси масъулият ва пайгирӣ дорад.
4. Сухан бигӯед то ҳақиқатҳо ошкор ва шахсиятҳову меъёрҳо маълум шаванд.
5. Ба ваъдаи Худо бовар дошта бошем.
6. Дар дуо ва сухан гуфтан бо Худо адабро риоят кунем. Ҳазрати Нӯҳ нагуфт: Худоё, тибқи ваъдае, ки додӣ, ки аҳли маро наҷот медиҳӣ, бояд фарзандамро наҷот медодӣ, чаро наҷот надодӣ, балки гуфт: Ту беҳтарин доваронӣ.
7. Ҳоким ва довари аслӣ Худост. Ҳамаи ҳастӣ зери назар ва ҳукми ӯ идора мешавад.
8. Худо бояд ба фарёди инсон бирасад ва ӯро аз ҳайронӣ наҷот диҳад.
9. Саргузашти бандагони баргузидаи Худо бояд ибрат гирифт ва дарс омухт.