Худои Мутаол дар ояти 43 сураи Ҳуд мефармояд:
قَالَ سَآوِى إِلَى جَبَلٍ يَعْصِمُنِى مِنَ الْمَآءِ قَالَ لَا عَاصِمَ الْيَوْمَ مِنْ أَمْرِ اللَّهِ إِلَّا مَن رَّحِمَ وَحَالَ بَيْنَهُمَا الْمَوْجُ فَكَانَ مِنَ الْمُغْرَقِينَ
(Писари Нӯҳ) гуфт: Ба зудӣ ба кӯҳ паноҳ мебарам то маро аз об (ва ғарқ шудан) ҳифз кунад. (Нӯҳ) гуфт: Имрӯз ҷуз касоне, ки ба онҳо раҳм Худо раҳм кардааст, ҳеҷ ҳофиз (ва паноҳгоҳе) дар муқобили қаҳри Худо нест. (Дар ин ҳангом) мавҷе миёни он ду ҷудоӣ андохт ва ӯ (писар Нӯҳ) ғарқ шуд.
Бидонем
Имом Содиқ (рз) фармуд: Дар моҷарои ҳазрати Нӯҳ(а) ба ҷуз хонаи Худо (Каъба), об тамоми дунёро фаро гирифт.(Тафсири Нуруссақайн)
Биёмӯзем
1. Ба гуфтаҳо диққат кунед то шахсияти онҳоро бишиносед ва меъёрҳоро бифаҳмед ва худ онро риоят кунед. Ҳазрати Нӯҳ (а) фарзандашро аз рӯи хайрхоҳӣ ва дилсӯзӣ даъват ба наҷот кард, вале ӯ аз Худо ва насиҳатҳои падар сар печид.
2. Дар хатарҳо ва мушкилот мӯъмин ба Худо ва мушрик ба ғайри ӯ мисли кӯҳ паноҳ мебарад. Такя ба шарқу ғарб, молу мақом ва ҳар чизе ғайри Худо ширк аст.
3. Агар қаҳри Худованд фаро расад, кӯҳҳои мустаҳкам ва устувор наметавонанд дар муқобили оби нарм ва равон, сабаби наҷот бошанд.
4. Об, ки мояи ҳаёти ҳамаи ҷондорон аст, ба амри Худо мояи ҳалок ва азоб мешавад.
5. Ҳаводиси табиӣ тасодуф нест, балки фармони ҳакимонаи Худованд аст.
6. Аз қаҳри Худо танҳо бояд ба Худо паноҳ бурд.
7. Натиҷаи ҳамнишинӣ бо кофирон ҳалок ва ғарқ шудан аст.
8. Дар кайфари илоҳӣ равобити хонаводагӣ ва хешовандӣ таъсире надорад. Писари нохалафи Паёмбари Худо дар муқобили чашми падар ғарқ мешавад ва падар бояд таслими амри Худо бошад.
9. Гарчи Худованд раҳим аст, аммо ҳаким низ ҳаст. Гоҳе аз раҳмат синаи модарро қабл аз таваллуди фарзанд пур аз шир мекунад ва гоҳе аз ҳикмат, фарзандро дар баробари чашми падар ҳалок мекунад.