Худои Мутаол дар ояти 128 сураи Тавба мефармояд:
لَقَدْ جَآءَكُمْ رَسُولٌ مِّنْ أَنْفُسِكُمْ عَزِيزٌ عَلَيْهِ مَا عَنِتُّمْ حَرِيصٌ عَلَيْكُمْ بِالْمُؤْمِنِينَ رَءُوفٌ رَّحِيمٌ
Дар ҳақиқат паёмбаре аз худатон ба сӯи шумо омадааст, ки ончи шуморо биранҷонад бар ӯ сахт(-у душвор) аст. (Ӯ) бар ҳидояти шумо ҳарис ва дилсӯз ва ба мӯъминон рауф ва меҳрубон аст. (Тавба/128)
Бидонем
Худованд ҷуз бар Паёмбар Акрам, бар ҳеҷ як аз паёмбарон ду ном –рауф ва раҳим- аз ном‏ҳои хешро ба кор набурдааст.
Диққат ба сифатҳои раҳбарони осмонӣ, ки дар ин оят баён шудааст ва муқоиса‏и онҳо бо сифоти дигар раҳбарони башарӣ, лутфи Худоро ба башар ва лузуми итоати бечуну чаро аз ин гуна раҳбаронро нишон медиҳад.
Биёмӯзем
1. Худои Мутаол барои саодати башар расул фиристодааст.
2. Расули Худо ба суроғи мардум меравад. Раҳбар бояд ба суроғи мардум барои хидмат равад на ин ки аз онҳо дур бошад ва интизор дошта бошад, ки дигарон ба пеши ӯ раванд.
3. Расули ‏Худо бархоста аз миёни худи мардум аст. Мардумӣ будани раҳбар хеле таъсиргузор аст.
4. Расули Худо (с) ғам‏хори уммат аст.
5. Раҳбарон бояд дар сахти‏ҳо ва гирифтори‏ҳо бо мардум ҳамдил ва ҳамроҳ бошанд.
6. Расули Худо (с) дар ҳидоят ва иршоди мардум сар аз по намешиносад.
7. Хайрхоҳӣ, дилсӯзӣ, меҳрубонӣ, тамаъ надоштан ва тавозӯъ доштан сабаби таъсири нуфузи калом дар дигарон аст.
8. Ҳирс мусбат ва манфӣ мешавад. Паёмбари Худо розӣ нест, ки ҳатто як нафар аз ҳидоят ва саодат дур ва маҳрум монад.
9. Раҳбари исломӣ агарчӣ вазифа дорад барои ҳидоят ва саодати ҳамаи инсонҳо талош кунад, вале танҳо бар мӯъминон рауф ва раҳим аст, ва бар душманон шадид ва ғализ аст.
10. Имон меъёри баҳрамандӣ аз неъматҳои махсуси Худо ва Расули Худост.
11. Бо вуҷуди ин гуна раҳбар ҳуҷҷат тамом шудааст ва касе наметавонад узр биёрад, ки ман нафаҳмидам ё натавонистам роҳро ёбам.
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст