Дар оёти Қуръони Карим ме‏хонем, ки мухолифон ва мункирони ҳақ ҳеҷ далел ва бурҳони илмӣ барои инкори қиёмат надоранд, балки танҳо дубора зинда шуданро мумкин намедонанд. Инак чанд намунаи он:
1. Касоне, ки мункири қиёмат ҳастанд ҳеҷ гуна далели илмӣ надоранд, балки танҳо бо хаёлқ гумон суханҳое мегӯянд. Сураи Ҷосия, ояти ‏24.
2. Кофирон гумон ме‏кунанд, ки баъд аз марг дигарбора зинда наме‏шаванд. Сураи Тағобун, ояти ‏7.
3. Оё ҳар гоҳ мо мурдем ва пӯсидем ва зарраҳои бадани мо дар замин пароканда ва гум шуд, дубора офарида ме‏шавем?! Сураи Саҷда, ояти ‏10.
4. Оё ҳар гоҳ мо баъд аз марг пусида ва хок шудем боз дубора зинда ме‏шавем?! Сураи Мӯъминун, ояти 35 ва 82
Аз ин оятҳо мефаҳмем, ки танҳо баҳонаи инкори мункирони қиёмат мумкин набудани дубора зинда шудан аст, вале Қуръони Карим ҷавоб‏ҳои равшану маҳкаме ба онҳо медиҳад. Ба унвони намуна Худои Мутаол мефармояд:
وَاللَّهُ الَّذِي أَرْسَلَ الرِّيَاحَ فَتُثِيرُ سَحَابًا فَسُقْنَاهُ إِلَى بَلَدٍ مَّيِّتٍ فَأَحْيَيْنَا بِهِ الْأَرْضَ بَعْدَ مَوْتِهَا كَذَلِكَ النُّشُورُ
Худост, ки бодҳоро мефиристад то абрҳоро барангезанд ва мо онҳоро ба сарзаминҳои мурда меронем ва замини мурдаро ба он зинда мекунем зинда гаштан дар рӯз қиёмат низ чунин аст. (Сураи Фотир, ояти 9)
Расули Худо (с) фармуд: Ҳар гоҳ фасли баҳорро дидед зиёд ба ёди қиёмат ва зинда шудани баъд аз марги худатон бошед. Зиндагии ҷовид, шаҳид Мутаҳҳарӣ, саҳ. 45.
Оёти Қуръон ҳам борҳо ин масъаларо баён ме‏кунад, ки зинда шудани мурдагон мисли зинда шудани замин ва дарахтон аст.
Ин баҳори нав зи баъди баргрез
Ҳаст бурҳон бар вуҷуди растахез
Дар баҳорон сирҳо пайдо шавад
Ҳарчӣ хӯрдаст ин замин расво шавад (Мавлавӣ)
Оре, далели инкори қиёмат ҳамон аст, ки инсон имон ба қудрати Худованд надорад, аз ин рӯ Қуръони Карим барои мухолифон намуна‏ҳое аз қудрати Худоро нақл ме‏кунад ва ме‏фармояд: Ҳамон қудрате, ки туро сохт ме‏тавонад туро пароканда карда дубора аз нав бисозад ва ногуфта пайдост, ки пароканда кардан ва ба ҳам пайвастан аз асли офаридан осон‏тар аст (гарчӣ барои Худо ҳеҷ коре мушкил нест).
 

НАЗАРИ ХУДРО ВОРИД КУНЕД

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст