Худои Мутаол дар ояти 114 сураи Бақара мефармояд:
وَمَنْ أَظْلَمُ مِمَّنْ مَّنَعَ مَسَجِدَ اللَّهِ أَنْ يُذْكَرَ فِيهَا اسْمُهُ وَسَعَى‏ فى خَرَابِهَا اُؤلَئِكَ مَا كَانَ لَهُمُ أَنْ يَدْخُلُوهَآ إلّاَ خَآئِفِينَ لَهُمْ فِى الدُّنْيَا خِزْيٌ وَلَهُمْ فِى الأَخِرَةِ عَذَابٌ عَظِيمٌ‏
Чӣ касе ситамкортар аз он аст, ки нагузошт номи Худо дар масоҷиди илоҳӣ бурда шавад ва саъй дар харобии онҳо дошт? Онон ҷуз бо тарс ва нигаронӣ, ҳаққи даромадан ба масоҷидро надоранд. Баҳра‏и онон дар дунё, расвоиву хорӣ ва дар охират азоби бузург аст.
Биёмӯзем
1. Золимтарин афродро бишиносед! Қуръони Карим меъёрҳои шинохти афродро баён кардааст. Пас барои шинохти афрод на ба иддаоҳои шиорӣ ва намоишӣ, балки ба амал ва мақсадҳои онҳо диққат кунед.
2. Зулми фарҳангӣ бузургтарин зулм‏ҳост. Фарҳанги исломӣ ва илоҳӣ дар маконҳои муқаддас ва масоҷиди Худо бо ёдоварии Худо ва амал ба дастури ӯ шакл мегирад ва касоне, ки бо ҳар баҳона мехоҳанд пеши онро бигиранд золимтарин афрод ҳастанд.
3. Хароб кардани масҷид танҳо бо белу куланг нест, балки ҳар барномае, ки равнақи масҷид ва алоқаи мардумро ба ин маконҳои муқаддас кам кунад, талош дар хароб кардани он аст. Ин гуна афрод золимтарин афрод ҳастанд.
4. Масоҷиде мавриди қабул ҳастанд, ки дар онҳо ёди Худо ва дини ӯ ва амал ба дастурҳои ӯ ва парҳез аз нофармонии ӯ зинда шавад. Матолибе дар масоҷид гуфта шавад, ки Худо дӯст медорад ва аз он розӣ аст на ин ки ҷои хондани диктаҳои дунёпарасонтону пайравони шаҳвату шайтон хонда шавад ва ситоиши ҳавопарастон бошад.
5. Душманони ҳаққу ҳидоят аз дару девори масҷид наме‏тарсанд. Тарс и онҳо аз зинда шудан номи Худо ва бедориву огоҳии мусулмонон аст.
6. Масоҷид маркази тавҳиду ёди Худо ва мубориза бо шайтон ва шайтонсифатон аст, аз ин рӯ душман саъй мекунад онҳоро хароби кунад.
7. Масҷид бояд пурравнақ ва пурмӯҳтаво ва сангари фармондеҳӣ бошад. Ҳамчунон, ки ҷосус аз рахна ба марокизи низомӣ дар ваҳшат ва изтироб аст, бояд мухолифон ва душманон низ аз нуфуз ва вуруд ба масоҷид, дар тарсу нигаронӣ бошанд. Ҳар лаҳза азоби Худо ва хашми мӯъминон дар камини золимон ва харобкунандагони масҷид аст.
8. Касоне, ки бо муқаддасоти динӣ мубориза мекунанд, илова бар қаҳри Худо дар қиёмат, гирифтори зиллат ва хорӣ дар дунё низ ме‏шаванд.
9. Худованд барномаи саодатофаринро танзим кардааст. Ҳол агар мо дар хондан, фаҳмидан ва амал кардан ба он кутоҳӣ кардем аз Худо мағфират ва бахшиши биталабем ва саъй дар ҷуброн он намоем.
10. Меъёрҳоро бишиносем ва бар асоси он афродро бишиносем.
11. Аз чунин афрод, ки золимтарин афрод ҳастанд бояд дурӣ кард на ин ки дар хидмати онҳо бошем ё ҳаваси онҳоро бихӯрем.
12. Агар имрӯз золимон мӯъминон ва мусулмонон ва аҳли масҷид ва ёди Худоро бо зури худ метарсонанд бояд бидонанд, ки Худои холиқи осмонҳову замин ва қодири мутлақ ба онҳо ваъдаи азоби бузург додааст.
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст