Оё касе дар дунё ба мӯъминон озори рӯҳӣ ва ҷисмӣ намерасонад? Мебинем, ки хеле аз афрод ҳатто бо иддаои мусулмонӣ дар пайи озору азияти мӯъминон ҳастанд.
Худои Мутаол дар оёти 29-36 сураи муборакаи Мутаффифин мефармояд:
إِنَّ الَّذِينَ أَجْرَمُواْ كَانُواْ مِنَ الَّذِينَ آمَنُواْ يَضْحَكُونَ وَ إِذَا مَرُّواْ بِهِمْ يَتَغَامَزُونَ وَإِذَا انقَلَبُواْ إِلَى أَهْلِهِمُ انقَلَبُواْ فَكِهِينَ وَإِذَا رَأَوْهُمْ قَالُواْ إِنَّ هَؤُلَا ءِ لَضَآلُّونَ وَمَآ أُرْسِلُواْ عَلَيْهِمْ حَافِظِينَ فَالْيَوْمَ الَّذِينَ آمَنُواْ مِنَ الْكُفَّارِ يَضْحَكُونَ عَلَى الْأَرَآئِكِ يَنظُرُونَ هَلْ ثُوِّبَ الْكُفَّارُ مَا كَانُواْ يَفْعَلُونَ
Дар ҳақиқат муҷримон ҳамеша ба аҳли имон механдиданд. Ва ҳар гоҳ аз канорашон мегузаштанд, (бо тамасхур) бо чашму абрӯ ба якдигар ишора мекарданд. Ва ҳар гоҳ ба сӯи аҳли худашон (ва ҳамфикрони мунҳарифашон) бармегаштанд, (шодмон аз тамасхур) танзгуна ва базлагӯён бозмегаштанд. Ва ҳар гоҳ аҳли имонро медиданд, мегуфтанд: Шакке нест, ки онон ҳамон гумроҳонанд. Дар ҳоле ки онон, вазифаи нигаҳбонӣ бар мӯъминонро надоштанд. Пас имрӯз аҳли имон бар ин кофирон механданд. Дар ҳоле ки бар тахтҳои биҳиштӣ назорагаранд. Ки оё кофирон кайфари амалкарди худро дидаанд?
Биёмӯзем
21. Иллати ин ҳама озори мӯъминон имон ба Худо ва диндории онҳост, ҳарчанд муҷримон дар зоҳир онҳоро ба унвонҳои дигар муттаҳам мекунанд.
22. Ба амалкард ва гуфтори афрод диққат кунед, то муҷримро аз мӯъмин бишиносед.
23. Оқибат ва ҳақиқати муҷримони мӯъминозор куфр аст.
24. Ҳамаи ин ҷурму ҷиноят домангири худашон мешавад.
25. Рӯзе ҳаст, ки мӯъминон комёб ва муҷримон ноком мешаванд ва сафҳа бармегардад.
26. Мӯъминон рӯзи равшан ва комёбӣ пеши рӯ доранд ва ҳаргиз ноумед намешаванд, вале муҷримон дар дунё оромиш ва дар охират осоиш надоранд.
27. Сахтиҳои дунё ҳар чӣ қадар бошад гузаро аст, вале гирифторӣ ва сахтии қиёмат абадӣ аст.
28. Ҳамеша ду ҷараён дар ҳоли бархурд аст: муҷрим ва мӯъмин
29. Касе, ки ҳамеша ба мӯъминон механдад, вақте аз канорашон мегузарад чашмпаронӣ мекунад, вақте ба аҳлу ҳизбаш бармегардад мӯъминонро ҳаҷв мекунад ва вақте онҳоро мебинад бо ҷиддият онҳоро гумроҳ мегӯяд муҷрим ва кофир аст ва аз ӯ бояд дурӣ ва изҳори безорӣ кард.
30. Рӯзе ҳаст, ки муҷримони рӯи тахт ба азоби сахт гирифтор мешаванд ва мӯъминон, ки шоиста неъмат буданд бар тахт менишинанд.
31. Дар амал ва гуфтори худ дар дунёи зудгузар бияндешем ва бидонем, ки ҳар чӣ бикорем ҳамонро дарав хоҳем кард.
32. Худо пушту паноҳи мӯъминон аст ва подоши онҳоро комил хоҳад дод ва муҷримонро ба сазои амалашон мерасонад.