Худои Мутаол дар ояти 114 сураи Тоҳо мефармояд:
فَتَعَالَى‏ اللَّهُ الْمَلِكُ الْحَقُّ وَلَا تَعْجَلْ بِالْقُرْآنِ مِن قَبْلِ أَن يُقْضَى‏ إِلَيْكَ وَحْيُهُ وَ قُل رَّبِ‏ زِدْنِى عِلْماً
Пас (бидон, ки) Худои фармонравои барҳақ баландмартаба аст ва ту бар хондани Қуръон пеш аз он ки ваҳйи он бар ту поён ёбад шитоб накун ва бигӯ: Парвардигорам, маро аз назари илм (-у огоҳӣ) зиёд кун!
Биёмӯзем
1.    Ба гуфтор ва хостаҳои дигарон дигарон диққат кунед.
2.    Чӣ хостанро аз Худо ёд бигирем.
3.    Ҳимматбаланд бошед.
4.    Илм фақат дар дасти Худост.
5.    Тавсеаи инсонӣ муҳим аст на илмӣ.
6.    Аввал шинохти мураббӣ баъд дархости зиёд кардани илм.
7.    Илм аз назари миқдор ва анвоъ маҳдудият надорад.
8.    Ҳамаи инсонҳо дар ҳамаи мақом ба илм ва зиёд шудани он ниёз доранд.
9.    Бояд барои зиёд шудани илм дуо кунем.
10.    Бояд дуоро бар забон биёрем.
11.    Дуо дар илмомӯзӣ муассир аст.
12.    Ба илми худ қонеъ набошед.
13.    Фориғуттаҳсил надорем.
14.    Илмро аз олими ҳақиқӣ бихоҳем.
15.    Илми ҳақиқӣ Қуръони Карим аст.
16.    Афзунхоҳӣ дар илм камол ва арзиш аст.
17.    Аввал худамон баъд дигарон.
18.    Илми анбиё(а) бевосита аз Худо ва қобили эътимод аст.
19.    Бояд бо тавфиқи Худо ҳаракат ва шоистагиро касб кунем он гоҳ зиёд кардани онро ҳам бихоҳем.
20.    Ин таъбир дар Қуръон намуна надорад.
21.    Шахсият ва зарфияти моро зиёд кун на фақат илм.
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст