Яке аз сабабҳои аслии ташрии намози ҷамоат дар дини Ислом иттиҳоди қулуб дар амри Худоӣ аст.

Муъминон дар як сафу ҷамоат, амре аз авомири Худоро иҷро мекунанд ва ҳамроҳии онҳо, дили ҳар кадомро дар роҳи мустақим мустаҳкам мегардонад, ин иҷтимоъ, ки аз ду нафар то ҳазорон ва садҳо ҳазор нафар метавонад афзун гардад, роҳ коре аст барои омузиши ҳамроҳ ва ҳам навъ будани инсонҳо. Авҷи ин ҳамроҳ буданро дар ҷамоате, ки дар ҳаҷҷи иброҳимӣ бар по мешавад метавон мушоҳида намуд.

Дини Ислом, ки як дини иҷтимоӣ ва башарӣ ва барои ҳамаи инсонҳо дар ҳар замону макон аст, бо ингӯна амалҳои ҷамъӣ сохтори башариро ба сӯӣ ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамёрӣ ҳидоят мекунад, ин дар ҳоле аст, ки қудрати иттиҳод ва инсиҷоми уммати Исломро бар шаётин нишон медиҳад.

Намозҳои панҷгона, намози ҷумъа, намозҳои ид ва дигар намозҳое, ки ҷамъияти зиёдеро бо як ҳадаф пушти як имом ҷамъ мекунад ва бо як такбир ба саф ва ҳамду санои Холиқ машғул мегардонад ва бо такбире ҳамаро бо назми хос ба рукуъ ва суҷуд мебарад ва бо ташаҳҳуду салом ва салавот бар Паёмбар ва хонадонаш, бо як салом ба зиндагии рӯзмарра бар мегардонад. Агар фақат барои Худованд бошад фармони илоҳӣ ва бар тибқи суннати раҳмон, ки фармуд: Ба дурусти намоз(шуморо) аз фаҳшо ва мункарот(гуноҳ) дур мекунад" бояд ҷомеаро бисозад ва бадиҳоро бисузад. Аммо агар ин чунин нашуд, пас айб дар намозамон аст.

Албатта мумкин касоне бошанд, ки намозашон саҳеҳ набошад, аммо ба лутфи Худованд ва ҳикмат ҳамон ҷамоат, ҳатто онҳоро ҳам дар сафи қабулшудагон хоҳем ёфт. Чунон, ки қатраи об зуд фосид мешавад, аммо агар обҳо ҷамъ шаванд фосид шуданашон осон нест, балки бисёре аз фасод ва нопокиҳоро бо худ хоҳад шуст.

Пас намози ҷамоат ҳам метавонад ҷомеаро ба сабаби он ки ҷамъе аз он намозхонҳо пок ҳастанд, ба поки бикашонад ва раҳмати илоҳиро барои ҳамаи мардум нозил гардонад.

Намоз аз аркони Ислом аст

Дар ривоятҳо намоз дар канори ҳаҷҷ, рӯзаву закот аз аркони Ислом муаррифи шуда аст, албатта ҳаҷҷу закот дар моҳият ва ҳақиқати онҳо ҷамоат вуҷуд дорад ва бидуни ҷамоат на ҳаҷҷ ва на закот муҳақақ намегардад.

Аммо намозу рӯза мумкин аст, ба танҳои анҷом гиранд. Вале боз метавон ба ҷанбаи иҷтимоии онҳо ва таъсири муҳимми намози ҷамоат ва рӯза бар иҷтимоъ ва ҷамоат зиёд сухан гуфт. Бо як дид метавон гуфт ҳеч, ибодате дар Ислом надорем, ки ҷанбаи иҷтимои ва фоидаҳои ҷамъӣ надошта бошад.

Худованд дар сураи Бақара, ояти 43 мефармояд:

... وَ ارْكَعُوا مَعَ الرَّاكِعين

Намозро бо ҷамоати намоз гузорон барпо намоед. Ҳатто Худованд ба занон, ки ҳазрати Марям яке аз покони онҳо аст мефармояд: бо ҷамоат намоз бихонанд: Оли имрон, ояти 43.

Аз ҷумла фавоид ва осори намози ҷамоатро бар асоси оёти сураи Шуъаро метавон наздики ва қурби илоҳӣ номид ва чун намози ҷамоат навъи комиле аз зикри Худованд аст, мавриди таваҷҷуҳи Худо мебошад ва чунон, ки дар Қуръон мефармояд: Манро зикр ва ёд кунед, ман ҳам шуморо ёд мекунам. Пас он ҷамоатеро, ки Худоро дар ҷамъ ёд мекунанд ҳатман Худованд ҳам онҳоро ёд мекунд ва он ки Худо ӯро ёд кунад ба хайру саодати дунё ва охират ноил мегардад.

اللهم إيّاك نعبد و إيّاك نستعين اهدنا صراط المستقيم

Поянда ва сарфароз бошед.

Сайидбурҳони Акбар

 

@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст