Худои Мутаол дар бораи пӯшиш ва сифатҳои либос мефармояд:
يا بَني آدَمَ قَدْ أَنْزَلْنا عَلَيْکُمْ لِباساً يُواري سَوْآتِکُمْ وَ ريشاً وَ لِباسُ التَّقْوي ذلِکَ خَيْرٌ ذلِکَ مِنْ آياتِ اللَّهِ لَعَلَّهُمْ يَذَّکَّرُونَ
Эй фарзандони Одам, ҳамоно бар шумо либосе фурӯ фиристодем то ҳам зишти (бараҳнаги)-и шуморо бипӯшонад ва ҳам зевар бошад ва либоси тақво ҳамоно беҳтар аст. Он аз нишонаҳои Худост. Умед аст, ки онон панд гиранд.Аъроф/26
Бо каме диққат ва тааммул дар оят метавон нуктаҳо ва паёмҳоеро истифода намуд, аз ҷумла:
1. Таваҷҷӯҳ ба неъматҳои Илоҳӣ омили ишқ ба Худо ва дурӣ аз ғафлат аст.
2. Либос замоне неъмати Илоҳӣ аст, ки баданро бипӯшоанд.
3. Гарчи дар таҳияи либос илова бар авомили табиӣ инсонҳо низ талош миекунанд, вале ҳамаи инҳо ба дасти Худост.
4. Пӯшиш ва пӯшондан кори Худост, вале бараҳнагӣ ва бараҳна кардан кори шайтон аст.
5. Либос неъмати Илоҳӣ аст ва бараҳнагӣ ва баровардани либос кайфари гуноҳ.
6. Пӯшиш ва оростагӣ бо пӯшок ва либосҳои зебо, матлуб ва маҳбуби Худованд аст. Оростан, зинат ва баҳра бурдан аз либосҳои зебо то онҷо, ки ба исроф кашида нашавад, монее надорад.
7. Маънавият дар канори моддият, тақво дар канори зинат лозим аст, вагарна либос метавонад василаи исроф, такаббур, фасод, худнамоӣ, модпарастӣ, шаҳватронӣ, фахрфурӯшӣ ва амсоли он шавад.
8. Он гуна ки дар либоси моддӣ, пӯшиши айбҳо, нигаҳдорӣ аз сармо ва гармо ва зебоӣ аст, тақво ҳам омили пӯшиши айбҳо, нигаҳдоранда аз гуноҳ ва мояи зебоии маънавӣ ва бартарӣ ва каромати инсон мебошад.
9. Аз хок пахта, аз алаф, ки хӯроки ҳайвон аст пашм ва аз оби даҳони кирм, абрешим мешавад, ҳама аз нишонаҳои қудрат ва азамати Худо аст, ки метавонад сабаби тазаккур ва бедории инсон бошад.
10. Худо ҳам барои ҷисм ва ҳам барои рӯҳи мо барнома дорад.
11. Худо барои мо бо фиристодани либос ва зинат ва баёни беҳтарин пӯшиш, ки тақво бошад ҳуҷҷатро барои ҳамаи мо тамом кардааст ва узре барои касе намондааст.
12. Ҳар касе худро фарзанди Одам медонад ва мехоҳад одамвор зиндагӣ кунад бояд ба ин дастур амал кунад.
Аз Худои Мутаол мехоҳем, ки моро дар ончи ризои худаш ҳаст муваффақ дорад ва бо анҷоми вазифаи инсонӣ ва исломӣ бо пӯшиши комил ва зинати ҳалол ва оростани худ ба беҳтарин пӯшиш, ки тақво аст бар зиндагӣ ва умри мо баракат биборад ва аз шарри шайтони қасамхӯрда, малъун ва рондашуда аз даргоҳи раҳмати бениҳояти Худои меҳрубон дар амони худаш нигаҳ дорад.