Худои Мутаол дар ояти 59 сураи Аҳзоб мефармояд:
يَآ أَيُّهَا النَّبِىُّ قُل لاَزْوَاجِكَ وَبَنَاتِكَ وَنِسَآءِ الْمُؤْمِنِينَ يُدْنِينَ عَلَيْهِنَّ مِن جَلاَبِيبِهِنَّ ذَلِكَ أَدْنَى أَن يُعْرَفْنَ فَلَا يُؤْذَيْنَ وَكَانَ اللَّهُ غَفُوراً رَّحِيماً
Эй Паёмбар, ба ҳамсаронат ва духтаронат ва занони мӯъминон бигӯ: Рӯймол‏ҳои дарозе бар худ бияфкананд! Ин (амал) муносиб‏тар аст, то (ба покдоманӣ) шинохта шаванд ва озор набинанд. Ва Худованд омурзандаи меҳрубон аст.
Бидонем
«Ҷалобиб» ҷамъи «ҷилбоб» ба маънои рӯймоле аст, ки сару гардан ва синаро бипӯшонад ва ё либоси дарозе, ки тамоми бадан ва сару гарданро мепӯшонад.(440)
Дар оятҳои гузашта сухан аз азият ва озори мӯъминон ба дасти мунофиқон буд. Ин оят ме‏фармояд: Барои он ки занони мӯъмин дар хатари озори афроди нопок наяфтанд ба гунае худро бипӯшонанд, ки заминаи бе‏ҳурматии онон ба вуҷуд наояд.
Бар асоси ин оят занони он замон рӯймол мепӯшиданд, вале баъзе дар пӯшондани худ аз номаҳрам диққат наме‏кардаанд. Худованд ба Паёмбар амр мекунад, ки ба онҳо фармони Худоро бирасонад, ки дар пӯшидани рӯймол диққат кунанд ва ба ин вазифаи имонӣ амал кунанд.
Ин оят, ки фармони ҳиҷобу пӯшиш ба занони мӯъмин ме‏диҳад ба занони мӯъмин мефаҳмонад, ки роҳи дар амон мондан аз озори булҳавасон ва тӯҳмат‏ҳо, ҳамлаҳо ва таҳдидҳои афроди олуда диққат дар пӯшиши худи онҳост.
Биёмӯзем
1. Ҳазрати Муҳаммад(с) паёмбари Худо ва огоҳ ба ҳақиқатҳо аз ҷониби Аллоҳ аст. Пас арабу аҷам ва қарни имрӯзу қарни дирӯз надорад.
2. Паёмбарӣ ва огоҳӣ аз ҳақоиқ масъулият меорад. Муллоҳо, донишмандон ва ашхоси огоҳ дар баробари инҳирофҳои ҷомеа ва тарвиҷи фарҳанги динӣ вазифаи муҳим доранд ва набояд бетафовут ва тамошобин бошанд.
3. Паёмбар(с) вазифа дорад, ки фармони Худоро ба халқи Худо бирасонад. Дастури Худо қавму нажоду забону минтақа ва замони хос надорад.
4. Бояд паёми Худо гуфта шавад ва фарҳанги илоҳӣ ва динӣ ҳоким бошад то фурсатталабон ва мухолифони ҳаққу ҳидоят фазои ҷомеаро заҳролуд накунанд.
5. Дар амр ба маъруф аввал аз худи‏ҳо оғоз кунем сипас дигарон.
6. Дар амал ба аҳкоми илоҳӣ баёни ҳамсарону духтарони Паёмбари Худо(с) бо дигар занони мӯъмин нест ва вазифаи занону духтарони ҳазрат бештар ва муҳимтар аст.
7. Пӯшидани либосе, ки нишонаи шахсияти зан барои таъмини покӣ ва обрӯ бошад, лозим аст.
8. Риояти пӯшиши дуруст нишонаи имон, шахсият ва покдомании занон аст.
9. Занони мӯъмин набояд ба дасти бемордилон ва озордиҳандагон баҳона диҳанд.
10. Рафтуомади занон дар берун аз манзил, бо ҳифзи пӯшишу покдоманӣ ва риояти ҷойгоҳ ва шахситяи зан манъ нест.
11. Далели амр ба маъруф ва наҳй аз мункарро баён кунед. Ҳифзи шахсияти занон, амнияти рӯҳӣ ва ҷисмии онон ва эҷоди фазои амн дар ҷомеа муҳим аст.
12. Навъи либоси мардум дар ҷомеа ме‏тавонад баёнгар ва нишонаи шахсият, диндорӣ ва ҳадафи онҳо бошад.
13. Сарчашмаи бисёре аз озор‏ҳои ҳавасбозону олудаҳо нисбат ба занону духтарон, навъи либоси худи онҳост.
14. Занон бояд бо ҳиҷобу пӯшиши комил бо ҳузури худ дар саҳнаи ҷомеа, фазои умумии покдоманиро ҳифз кунанд ва фурсати яккатозиро аз ҳавасбозон бигиранд.
15. Бадҳиҷобӣ ва хатоҳои гузашта қобили афв аст.
16. Мағфирати Худованд ҳамроҳ бо раҳмати ӯст.
17. Пӯшиши комил амри Худо ва вазифаи занони мӯъмин аст. Пас имон меъёр аст на ин ки ин дастур хосси занони араб ва минтақаи хос бошад.
18. Мӯъмин касе аст, ки ба пӯшиши зану духтари худ диққат мекунад ва дигаронро ҳам ба фарҳангӣ пушишу покӣ даъват мекунад.
19. Ҳеҷ кас бо ҳеҷ унвоне ҳақ надорад, ки занони мӯъминро аз ҳаққи худ ва амал ба вазифаи имонӣ манъ кунад.
20. Касоне, ки бо амри Худо мухолифат ва мубориза мекунанд гунаҳкоранд ва бояд аз ин нофармонӣ баргарданд.
21. Имон ва диндории худ ва дигаронро бо меъёрҳои Қуръони Карим бисанҷем на бо иддаҳои зиёду амалҳои зидди дин. 
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст