Худои Мутаол дар оятҳои 29-30 сураи Таборак мефармояд:
قُلْ هُوَ الرَّحْمَنُ آمَنَّا بِهِ وَعَلَيْهِ تَوَكَّلْنَا فَسَتَعْلَمُونَ مَنْ هُوَ فِى ضَلاَلٍ مُّبِينٍ قُلْ أَرَءَيْتُمْ إِنْ أَصْبَحَ مَآؤُكُمْ غَوْراً فَمَن يَأْتِيكُم بِمَآءٍ مَّعِينٍ‏
Бигӯ: Ӯ Худои Раҳмон аст, мо ба ӯ имон овардаем ва бар ӯ таваккул намудаем. Пас хоҳед донист, кист он ки дар гумроҳии ошкор аст. Бигӯ: Ба ман хабар диҳед, ки агар об (-и чашма‏ҳо ва чоҳҳои) шумо дар замин фурӯ равад, кист он ки оби равону гуворо барои шумо биёрад.
Бидонем
Замин аз бахш‏ҳои нуфузпазир ва нуфузнопазир ташкил шудааст. Агар тамоми қисмат‏ҳои он нуфузнопазир буд, обе захира наме‏шуд ва агар тамоми замин нуфузпазир буд, замин чун ботлоқ мешуд.
«Ғавр» ба маънои фурӯ рафтан дар чуқурӣ аст ва «маъин» ба маънои осон ва равон аст.
Ояти 30 ҳамчун тафсири ояти 29 аст. Дар ояти 29 мефармояд: "Бигӯ: Ӯ Худои Раҳмон аст" ва дар ояти 30 намунаи раҳматро оби равон, зикр ме‏кунад. Дар ояти аввал мефармояд: Бар ӯ таваккул кардем ва дар ояти баъд ме‏фармояд: Далели таваккул бар ӯ ин аст, ки агар оби мавриди ниёз ба замин фурӯ равад, ҳеҷ кас наметавонад онро биёрад.
Имом Боқир (а) дар таъвили ояти 30 фармуд: Агар имоми шумо ғоиб бошад чӣ касе барои шумо имоми зоҳир мефиристад, ки ахбори осмон‏ҳо ва замин ва ҳалолу ҳаромро барои шумо бигӯяд? (Тафсири Нуруссақалайн) Дар ин ҳадис имом ба об монанд шудааст. Об мояи ҳаёти ҷисми мо ва имоми ҳақ мояи ҳаёти рӯҳи мо аст. Пас бояд дар шинохт ва пайравӣ аз ӯ диққат кард ва аз Қуръону суннати Расули Худо(с) итоат намоем.
Биёмӯзем
1. Паёмбари Худо(с) вазифа дорад мавзеи худро дар баробари ноаҳлон эълом кунад.
2. Дар баробари кофирон ду омили имон ва таваккул василаи наҷоти шумост.
3. Таваккул ба Худо самараи имон ва ҳамроҳи он аст.
4. Имон ба сарчашмаи раҳмат арзиш дорад на ба бут‏ҳои беҷон.
5 . Бо таваккул бар Худованд кофирон орзуи худро ба гӯр хоҳанд бурд.
6 Поёни кор меъёр ва муҳимтар аз оғози он аст.
7 Ибтидо зербинои эътиқодии худро маҳкам кунед ва баъд ба таҳдиди душман бипардозед.
8 Қотеъ ва устувор сухан гуфтани раҳбари ҷомеаи исломӣ сабаб дилгармии худи‏ҳо ва нигаронии бегонагон ме‏шавад.
9 Эҳтимоли сар задани хатар барои дӯрӣ аз бе‏тафовутӣ ва ғафлат кофӣ аст.
10 Дасти Худованд дар тағйири қавонини ҳастӣ боз аст.
@2020 - tojikon.org. Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд. Истифодаи матлабҳо бо зикри манбаъ иҷозат аст!
Дар Сама тарроҳӣ шудааст