Худои Мутаол дар оятҳои 25-26 сураи Таборак мефармояд:
وَيَقُولُونَ مَتَى هَذَا الْوَعْدُ إِن كُنتُمْ صَادِقِينَ قُلْ إِنَّمَا الْعِلْمُ عِندَ اللَّهِ وَإِنَّمَآ أَنَاْ نَذِيرٌ مُّبِينٌ
Ва (кофирон ҳамеша аз рӯй истеҳзо) мегӯянд: Агар рост мегӯед ин ваъдаи қиёмат чӣ замоне аст? (Ба онон) бигӯ: Илми (замони қиёмат) танҳо назди Худованд аст ва ман танҳо бимдиҳандаи ошкорам.
Бидонем
Дар Қуръон шаш маротиба ҷумлаи "Он ваъда кай ҳаст?" аз забони мухолифон омадааст ва Паёмбар (с) дар посухи онон мефармуд: Илм ба қиёмат фақат назди Худо аст.
Илми ғайб ду навъ аст: Навъе, ки Худованд ба баргузидагони худ иноят мекунад: Ончи гуфтем аз хабарҳои ғайбӣ аст, ки ба ту ваҳй кардем. Ҳуд/49
Ва навъе, ки фақат махсуси Худост ва ҳатто анбиёи илоҳӣ ба он огоҳӣ надоранд, назирӣ илм ба замонӣ барпоиӣ қиёмат, чунонки дар дуо мехонем: Ба ҳаққи он илме, ки барои худ нигоҳ доштаӣ.
Надонистани ҷузъиёт ва замони вуқӯъи қиёмат далел бар инкори куллиёт ва асли он нест. Агар садои занг дар хона баланд шуд ва шумо касеро, ки занг мезанад намебинед, далели он нест, ки бигӯед касе пушт дар нест.